Роҳи нави ба даст овардани маблағ

Дар ҳама давра замонҳо будан шахсоне, ки барои пулу мол шуда ватану миллати худро мефурухтанд. Ин гурўҳ одамон танҳо дар фикри амалӣ намудани манфиатҳои шахсии худ мебошанд. Барои ин қабил одамон, ҳисси миллӣ, ифтихори миллӣ, ватандорӣ, ваҳдату сулҳу субот чизҳои бегона мебошанд.  

Дар замони муосир бошад, кори чунин шахсон хеле осон гардидааст. Осонии кори онҳо дар он зоҳир мегардад, ки онҳо  шабакаҳои иҷтимоиро ба бозори тиҷоратии худ табдил додаанд. Дар ин бозор молу маҳсулоти онҳо бе ягон ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба фуруш бароварда мешаванд. Дар ин бозори иттиллотӣ шахсони тасодуфӣ ва ғайритахассусмандӣ ба тиҷорати иттилоотҳои беасос, бофтаю сафсатамашғул шуда, маблағҳои калон ба даст меоранд.  Хусусан дар замони муосир маҳсулотн, ки дар бозори иттилоотӣ харидори бештар дорад, ин иттилооти сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин лиҳоз савдогарони иттилооти сиёсӣ хеле зиёд мебошад. Дар ин ҷода бояд қайд намуд, ки бештари чунин савдогарон оиди худи сиёсат қариб тасавуроте надоранд.  Онҳо худсарона  ва ғайриқонунӣ  сомонаҳои бо ном сиёсӣ кушода, дар он ҳар гуна маълумотҳои бардўрўғу бофтаи худро паҳну пахш мекунад. Ҳол он ки онҳо дар  дохили кишвар қарор надоранд ва солҳои зиёд дар хориҷи кишвар буда, иттилоотро чунин пешкаш менамоянд, ки гуё худи онҳо дар ҷои ходиса ва ё шоҳиди ҳодисаи мазкур мебошанд. Бештари чунин ба ном «сиёсатмадорон» шахсоне мебошанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даст ба ҷиноят зада, ба хориҷи кишвар гурехта худро мусичаи бегуноҳ нишон дода, худашонро «ғамхори миллат» гирифта камбудиҳои давлату хукуматро мехоҳанд нишон диҳанд. Ҳол онки онҳо худашон ҷинояткор мебошад ва аз корҳои ҷиноии худ фаромуш кардаанд.

Бахусус  Кабирӣ ва дигар ҳаммаслакони ў, ки доимо дар андешаи ғасби ҳукумат ва ҷангу низоъ андохтани миллати тоҷик мебошанд. Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ягон маротиба дар шабакаҳои ғайриқонунӣ кушодаи худ оиди дастовардҳои давлату миллат, пешравии он, сулҳу субот, ваҳдату якдилӣ, ки ҳукумати имрўзаи Тоҷикистон баъд аз оне, ки роҳбарони пешинаи М. Кабирӣ ва пайравони онҳо солҳои 90-уми асри гузашта ба рўи давлату миллати тоҷик оварда буданд сухане намегўянд ва ё наменависанд. Хуб мешуд дар сомонаҳои ғайриқонунӣ кушодаи худ оиди ҷиноятҳои содир намудаи худ ва наздикон ва пайравонашон менавиштанд ва насли наврасро аз пайроҳаҳои хунине, ки худашон тай намуданд пешгирӣ менамуданд. Вале онҳо хуб дарк менамоянд, ки баъд аз навиштани чунин ҳақиқат дигар ҳеҷ кас сомонаҳои онҳоро намехонад ва онҳо маблағ кор карда наметавонад. Бинобар ин чунончи дар урфият нисбати чунин шахсон мегўянд «гӯр сузаду дег ҷушад» амал менамоянд.

Бояд қайд намуд, ки имрўз мардуми шарафманди кишвар сиёҳро аз сафед ҷудо кардаанд ва ҳеҷ зарурат ба маслиҳатгар надорад. Аз он ҷумла ба он шаҳсоне, ки аз ҷониби хоҷагони беруна маблағгузорӣ шуда, дар хориҷи кишвар нишаста мардумро роҳи “дуруст” нишон додани мешаванд, надорад.

Бахусус ҷавонони имрўзаи тоҷик пайрави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳанд, ки дасти нохалафе ба сари миллати тоҷик бардошта шавад.

Давлатов У. Н.ассистенти кафедраи

муносибатҳои  байналхалқии ДДҲБСТ

You might also like