Ячейкаи ҳарбии наҳзат дар Афғонистон фош шуд

Муҳиддин Кабирӣ раиси ТЭТ ҲНИ таъкид кард, ки ҳизби ифротии наҳзат гӯё ҳечгуна бахши низомӣ аз ҷумла дар Афғонистон надорад. Бобоҷон Қаюмов, сухангӯи ТЭТ ҲНИ ин изҳороти Аҳмадзиё Сироҷро “ғайримасъулона ва дур аз воқеият” хонд. Ӯ бо нашрия баёния дар сафҳаи “Фейсбук” навишт, “ТЭТ ҲНИ ҳеч гуна неруи низомие на дар Афғонистон ва на дар ягон кишвари ҷаҳон надорад ва муборизаи худро барои барқарории ҳукумати демократӣ, озод ва қонунмеҳвар дар кишвар бо роҳҳои мусолиматомез ва бидуни хушунат идома хоҳад дод”.

Дар солҳои 1992-1997 ТЭТ ҲНИ (баъдан Иттиҳоди Неруҳои Оппозисюни Тоҷик), ки бахши он буд, дар Афғонистон пойгоҳ дошт, аммо пас аз қарордоди сулҳ бо ҳукумат онро барҳам дод. Ҳамчунин дар оғози солҳои 2000-ум талошҳои Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон ба ноором кардани вазъ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ бо истифода аз қаламрави Афғонистон ба қайд гирифта шудааст, вале солҳои охир нишонаҳои чунин амалкард дар минтақа ба назар нарасидаанд, ҳарчанд мақомоти амниятии Русия ва Тоҷикистон борҳо аз чунин эҳтимол ҳушдор додаанд.

ТЭТ ҲНИ то соли 2015 як ҳизби порлумонӣ низ буд ва аз сӯи доираҳои коршиносӣ ба сифати рақиби асосии ҳукумат дониста мешуд. Соли 2015 ҳукумат ин ҳизбро ба иттиҳоми даст доштан дар ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода, созмони террористӣ эълон кард. Аммо масъулини ТЭТ ҲНИ ҳамвора ин гуфтаи мақомотро рад кардаанд.

Афғонистон рӯзҳои душанбе ва сешанбеи ҳафтаи ҷорӣ барои аввалин бор мизбони як нишаст бо номи “Конфронси минтақаии мубориза алайҳи терроризм” буд. Раҳбари Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон дар ин нишасти хабарӣ гуфт, ҳадаф аз ин ҳамоиш бо ҳузури Покистон, Амрико, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон, роҳандозии ҳамоҳангӣ ва ҳамкории истихборотӣ ва амниятист. Дар ин ҳамоиш аз Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов, раиси КДАМ ҳузур дошт.

Тибқи иттилои Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон, дар ин нишаст бештар дар бораи густариши ҳамкориҳои барои табодули маълумоти истихборотӣ ва қаноат додани кишварҳои Осиёи Миёна дар кори мубориза бо ҳаросафканӣ баҳс шудааст. Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон гуфтааст, ки баҳси асосӣ бо масъулони ниҳодҳои истихборотии кишварҳои ширкаткунанда ин буд, ки таърифи ягона ва муштараки “терроризм” дар минтақа ба вуҷуд биояд.

Ҳукумати Афғонистон мегӯяд, ки гурӯҳи Толибон бо Ал-Қоида, ДОИШ ва дигар гурӯҳҳои тундрави Осиёи Миёна робитаҳои худро ҳифз кардааст. Ба гуфтаи мақомоти амниятии Афғонистон, Ал-Қоида ва ДОИШ асосан дар минтақаҳои ҳамсарҳад бо Покистон ва гурӯҳои дигар вобаста ба Осиёи Миёна дар шимоли он кишвар ҷойгир мебошанд.

Бар асоси созишнома миёни Амрико ва Толибон, ки рӯзи 29-уми феврали соли гузашта дар Давҳа имзо шуд, Толибон бояд робитаи худро бо Ал-Қоида ва дигар гурӯҳҳои тундрав қатъ кунад. Ҳарчанд гурӯҳи Толибон мегӯяд, ки ба ин созишнома амал кардааст, аммо ҳукумати Афғонистон ба ин бовар надорад ва мегӯяд, ки дар пушти хушунатҳои рӯ ба афзоиши як соли ахир ин гурӯҳ меистад.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи назораташ душвор дорад. Дар Афғонист беш аз чиҳил сол боз ҷанг идома дорад ва талошҳо барои созиши сулҳ ҳанӯз ба ҷое нарасидаанд. Мақомоти тоҷик ҳамвора аз ҷамъомади ҷангиёни хориҷӣ дар марзҳояш бо Афғонистон, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд, нигаронӣ мекунанд.

Мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии он мебошад. Бояд гуфт, ки имрӯз барои муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва экстремизм санадҳои байналмилалӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд. Стратегияи глобалии СММ оид ба мубориза бар зидди терроризм ва Конвенсияҳои зиддитеррористии он аз ҷумлаи ин санадҳо мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз афзоиши низоъҳои мусаллаҳонаву амалиёти террористӣ ва дигар масоили глобалӣ изҳори нигаронӣ карданд. Сарвари тоҷикон ҷомеаи ҷаҳониро ба вокуниши дастаҷамъона ва фарогир даъват намуда, мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва ифротгароиро вазифаи дараҷаи аввал номиданд.

Танҳо бо рохи баланд бардоштани сатҳи саводнокии ҷомъеа ва бо фарҳангкунонии он мо метавонем ин мушкилотро пешгирӣ намоем. Чуноне, ки Асосгузори сулху вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишавр Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мақолаҳояшон мегўянд: «То он даме, ки худшиносии таьрихии миллат ифтихор аз мансубияти миллӣ дар шуури ҳар як фард, аз коргару деҳқкони оддӣ сар карда то раиси ҷумҳур пайдо нагардад, ва то даме, ки манфиатҳои миллӣ ба ҳар як шаҳрванд арзиши олӣ нагардад, то он даме, ки обрую эбтибори ҳар як шаҳрванд аз хизмат ба Ватан, миллат муайан нагардад, мо бар зидди чунин проблемаҳои глобалӣ мубориза карда наметавонем ».

Сулҳи мо нодиртарин ва қиматтарин неъмат буда, моро мебояд ин ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар бандем. Дар муқовимат ба афкори экстремистиву террористӣ муташаккилона мубориза барем. Мо сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум месозем. Муҳимтар аз ҳама, барои ҳифзи якпорчагии Ватани азизи худ ҳамеша омодаем.

Қобилов Б. – н.и.ҳ., муовини декан оид ба корҳои

тарбияи факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ

You might also like