Қаллобӣ оқибат надорад!

Имрӯзҳо боз ҳастанд афроде, ки ношукрӣ намуда даст ба ҷинояти қалллобӣ мезананд. Яке аз чунин ашхос Холов И.А. мебошад, ки барои чунин чинояти қаллобӣ, тибқи моддаи 247 к.4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҷавоб дихад.

Худи  Изат Амои кист, ки ӯ шаҳрвандони Тоҷикистонро аз маҳбаси ФР озод мекарда  бошад, аммо ба ӯ баъзе аз шаҳрвандон, аз қабили Шаропов Б. бовар намуданд.  Қаллоб дар ҳама ҷо қаллобӣ мекунад. Мақсади асосии ӯ бо роҳи фиребу найранг, гумроҳ намудани шаҳрвандон, ки дар муҳоҷират азият кашида истодаанд, ҳарчӣ зиёдтар кор кардани маблағҳои муфт мебошад. Чунин ашхос монанди Иззат Амон на инсоф дорад ва на имон, чуноне, ки бармеояд барои шаҳрвандон муҳоҷир (ё ҳабсшуда) ягон кор анҷом надодааст ва намедиҳад, танҳо манфиати шахсиашро медонад.

Агар Изат Амон чун дагарон шахрвандони Тоҷикистоне, ки шаҳрвандии  Руссиро  гирифтаанд рафтору кирдори  боиззатона мекард, шояд ронда намешуд,  риоя накардани қонун, қоидаҳои будубош   бесаводии Изат Амонро нишон медиҳад. Ба фикри шахсии ӯ гӯё мушкилбарори шаҳрвандон  ва шахсоне, ки барои кӯмак ва ё машварат ба “Маркази тоҷикон” меоянд,   мебошад,  аммо то ба кай қаллобӣ мекунад.

Аз муҳоҷирон бо роҳи фиребу дурӯғ маблағ ситонидан, кирдори ғайриинсонист,   чунки ӯ муҳоҷир аст,  баҷои кӯмак расонидан, ҳатто аз марги  онҳо  пул  гирифтан шоистаи таҳсин не, балки танҳо лаънат аст. Чунин  ашхоси  аҳриманмиҷоз  зоҳиран  суханони  мафтункунанда мегӯянд, то мардумро ба доми хеш афканда, маблағи пулӣ мерӯёнанд, дар асл ягон кореро анҷом намедиҳанд.

Бо фиребу найранг ба боварии даҳҳо нафар шаҳрвандони муҳоҷири Тоҷикистон даромада маблағҳои калони пулӣ гирифтааст, ки ин амали нопок сазовори ҷазо аст.

Муҳиддинов М. – дотсенти кафедраи

маркетинг – агробизнеси ДДҲБСТ

You might also like