Фаъолияти наҳзат ба сифр баробар аст

Файласуфони аврупоӣ Шарл Фуре ва Роберт Оуэн дар бораи давлате орзу  мекарданд, ки номашро “утопия” гузошта буданд. Имрўзҳо як издиҳоми «асли» тоҷик, вале ғайритоҷик  хунрезиҳои дар Тоҷикистон содир намуда, ҳазорон ҳаммилаташон  ҳалок гашта, занҳо бева, кўдакон ятим шуда, миллионҳо доллари амрикоӣ ба иқтисодиёт оварданд, ҷойҳои ободро валангор сохта, худро  «қаҳрамон» эълон карданд. Ин издиҳом гоҳ номи ТЭТ ҲНИ ва гоҳ Паймон ном дошта, мутаассифона, на андешаи миллӣ, на одобу маданияту ҳуввияти миллӣ доранд. Хеле аҷиб аст, ки бе сарзамин дар  мамлакати сифр «О» дар манзили сифр «О» «давлат» бунёд намуданд ва ҳатто бе интихобот бо тарзи шоҳигароӣ «Президент» М. Кабирӣ, «Сарвазир» Муҳаммадиқболи Садриддин таъин намудаанд. Хандаовараш он аст, ки ин издиҳоми сифрро ба давлати қонунӣ муқоиса намуда, шавқу завқ доранд ва на буҷа дошта, на артиш доштаасту вале, бо тўҳмату буҳтон муссалаҳ гаштааст.  Ин «артиш» бо роҳи пинҳонӣ дар  «мамлакат»-и “сифр”  амал мекунад, шабакаҳои иҷтимоиро бо маълумотҳои бофташудаю бардуруғ пур мекунад, «хабар»-ҳо ҳамчун иблис ҷилва мекунанд, ки дар оқибат  шаҳрвандони  «мамлакат»- и сифр  гумроҳ мешаванд.

Дар диёри маҳбубамон  COVID-19 дар сирати мухолифон зоҳир гаштааст, ки то ҳол  шабакаҳои иҷтимоиро тарк накардааст. Мардум  ҳам  аз  ин бемории сирояткунанда ва ҳам сирояти мухолифон ноором гаштааст. Бемории мазкур нисбатан кам шуда истодааст, вале  бемории мухолифон авҷ дорад.

“Шаҳрвандон-и” ин“издиҳоми ғайриқонунӣ “ДИИШ”, “Толибон” ва гурўҳҳои  ҷинояткори дигар хайрхоҳӣ намуда,  худро дар оинаи онҳо, дар қатори онҳо ошкор месозанд. Дар шабакаҳои интернетӣ ба Тоҷикистони соҳибистиқлол ранги сиёҳ рехта, аз он баҳра мебаранд.

Маълум аст, ки Тоҷикистон дар давраи ҷаҳонишавӣ мувофиқи стратегияи миллӣ марҳила ба марҳила аз ҳолати ҳозира баромада истодааст. Ҳақиқат оина аст, ки ҳар нафаре худро бинад. Мухолифон дар назди оина ошкор мегўянд “дар соли 2020 мухолифон камкор набуданд”. Мо халқи меҳнатқарин аз “меҳнаткашони заводи бўҳтону туҳмат” эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки “фаъолият”-и  бемаъниву иғвоангезаи худро қатъ намоянд.

Султонова А.Ҷ.сармуаллими

кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ

You might also like