Озмуни «Омўзгори сол-2021»: беҳтаринҳо муайян гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикитон ҳамасола озмуни «Омўзгори сол» ташкилу баргузор карда мешавад. Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар донишгоҳ, такмили маҳорату малакаи педагогии омўзгорон, истифодаи боз ҳам бештари усулҳои муосири таълим, дарёфти омўзгорони соҳибистеъдод, паҳн кардани таҷрибаи пешқадами онҳо, аз ҷиҳати моддиву маънавӣ ҳавасманд гардонида шудани нафароне, ки дар фаъолияти таълимӣ ба дастовардҳои назаррас соҳиб гаштаанд, ташкил ва роҳандозӣ гардидааст.
Имрӯз даври донишгоҳии озмуни «Омўзгори сол-2021» ҷамъбаст гардид.Бо мақсади баҳогузорӣ ва муайян кардани ғолибони даври ҷамъбастии озмун ҳайъати ҳакамон иборат аз муовини ректор оид ба корҳои таълим, муовини ректор оид ба корҳои тарбия, сардори раёсати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва рушди инноватсионӣ, мудири бахши идоракунӣ ва мониторинги сифати таҳсилот, мудири бахши таъминоти ҳуқуқӣ ва раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишгоҳ муайян гардиданд
Даври ҷамъбастии озмун дар толори маҷлисгоҳи донишгоҳ бо иштироки доираи васеи омўзгорону кормандон ва донишҷӯён баргузор шуд.
Аъзои ҳакамон аз рӯи намоиши нусхаҳои барномаи корӣ (силлабус), матни лексия, комплекси таълимӣ-методӣ, маводи тақсимотӣ ва аёниятҳои аз ҷониби довталабон-иштирокчиёни даври ҷамъбастӣ омодакардашуда, маҳорату малакаи касбии довталабон тавассути баргузор намудани санҷишҳои зерин: худмуаррифии довталабон; баёни озоди яке аз саволҳои мавзўи фанни дахлдор; баргузор намудани саволу ҷавоб оид ба масъалаҳои қонунгузории соҳаи маориф ва илм, сиёсиву иқтисодӣ, техникиву технологӣ ва таърихиву фарҳангӣ; баргузор намудани саволу ҷавоб оид ба муаммоҳои бо таълиму тарбияи донишҷўён вобастабуда баҳогузорӣ намуданд.
Аз рӯи натиҷаи баҳогузорӣ омӯзгори факултети инноватсия ва телекоммуникатсия Дилрабо Қосимова бо гирифтани 152,5 хол сазовори ҷойи аввал ва дар вазъи тантанавӣ бо ҷоизаи “Омўзгори сол-2021”, шаҳодатнома ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ сарфароз гардонида шуд. Омӯзгорон С.Қобилова, И.Бурҳонов, М.Зоҳидова ва М.Абдуллоев бо Сипоснома ва мукофотҳои пулии раёсати донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа