Ҳимояи марзу буми кишвар вазифаи ҷонии ҳар яки мост!

Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ барои ҳар як шаҳрванди мамлакат новобаста аз миллату нажод ва мавқеи иҷтимоиву сиёсӣ баҳри ҳифзи марзу буми Ватан бояд ҳаматарафа омода бошанд. Хушбахтона Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли наздик ба 30-соли истиқлолияти давлатии худ пояҳои давлатдорӣ мустаҳкам гардида, марзу буми онро сарҳадбонони шуҷои мо ба таври омодабошӣ ҳимоя мекунанд. Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурии азизамон ҳамрадифи истиқлолу озодӣ аст ва дар ин шароити ҳассоси геополитикӣ бо техникаву лавозимоти ҷангӣ пурра таъин гаштаанд. Ҳамаи намуди қӯшунҳои ҳарбии давлати мо имрӯз баҳри ҳимояи Ватан ва якпорчагии он на танҳо масъулияти шаҳрвандӣ, балки қарзи имониву виҷдонӣ ҳисобида, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд то ягон нохалаф сарҳади давлатиро ва муқаддасоти миллиро зери по накунад.

Аммо аз замони Шӯравӣ барои давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз муаммоҳои ҳалношуда ин масъалаҳои сарҳадӣ байни ин давлатҳо ба шумор меравад. Муноқишаҳои сарҳадӣ байни Қирғизистону Тоҷикистон, Ӯзбекистону Қирғизистон ва Қазоқистону Қирғизистон солиёни зиёд аст, ки роҳи ҳалли худро наёфтааст. Минтақаҳои мазкурро бо забони сиёсӣ-ҳарбӣ ҳамчун “нуқтаи гарм” ном медиҳанд, ки дар ин мавзеъ аксар вақт низоъву зиддиятҳои марзӣ ба вуқӯъ мепайвандат.

Масоили марзӣ Тоҷикистону Қирғизистон тӯли наздик ба 3 даҳсола то ҳол нуқтаи охирини худро наёфтааст. Аз рӯи сарчашмаҳои таърихӣ-ҷуғрофие, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ тасвир ёфтааст, агар объективона назар афканем аксари нуқтаҳои ба ном баҳсбарангези байни тоҷику қирғиз аслан заминҳои Тоҷикистон буда, бо сабабҳои номаълуми субъективӣ ба ҷониби ҳамсоя дода шуда буд. Ин раҳмдилии тоҷиконаро халқи қирғиз сӯистифода намуда, зина ба зина заминҳои таърихан ба миллату давлати мо тааллуқ доштаро аз худ карда то ҳатто даъвоҳои нав ба навро нашармидаву наҳаросида рӯи кор меоранд. Аз ҷумла Раиси Кумитаи давлати амнияти миллии Қирғизистон ва ҳамзамон роҳбарияти ҳайати Қирғизистон дар масъалаҳои наздисарҳадӣ ҷаноби Қамчибек Тошиев дар яке аз баромадҳои худ чунин даъвои аҳмақонаеро кард, ки гӯё “заминҳои Мурғобу Ҷиргатол” ба Қирғизистон тааллуқ дошта бошад. Сокин будани мардуми қирғиз дар ин ҳудудҳо маънои замини Қирғизистон будани онро намедиҳад. Агар мо ҳам ранги ҷаноби Тошиев даъво кунем, пас на танҳо заминҳои ҳаммарзӣ Исфара, балки билкулл Бодканту Ош ва ҳатто Бишкек ҳам аз мост. Зеро ки дар аксари минтақаҳои номбаркардашуда аксарияти миллиро тоҷикон ва тоҷикони қирғизгашта ташкил медиҳад.

Тайи ҳафтаи охир боз дар марзи Исфараву Ботканд садои тиру туфанг шунида мешавад. Ҷониби ҳамсоя бо амалҳои тахрибкоронаи худ мехоҳад дар байни мардуми ҳаммарз низоъ сар занад ва ин ба хунрезӣ оварда расонад. Мутаассифона ин дафъа ҳам чунин шуд. Тайи 3 рӯзи амалиёти ҳарбие, ки дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон доир гашт беш аз садҳо нафар маҷруҳ ва даҳҳо объектҳои хоҷагии халқ зарар диданд. Ба андешаи аксари коршиносон қафои ин амалҳои ҳарбӣ “дасти сеюм” ва “гурӯҳи манфиатхоҳ” пинҳон аст. Ин турфа инсонҳои пастфитрат, аслан онҳоро инсон гуфтан ҳам хатост мардуми ҳар ду тарафро ба ҷангу хунрезӣ далолат карда, худ аз боло тамошобин мешаванд ва аз қафи ин ҷангу муноқишаҳои наздисарҳадӣ мумкин аст миллонҳо доллар фоида ба даст оранд. Гурӯҳҳои қочоқбар (контробандист) маҳз аз вазъияти мусоид истифода бурда молу маҳсулотро аз ин тараф ба он тарафи марз ғайриқонунӣ мегузаронанд. Мумкин аст дар дохили он молу маҳсулот маводи мухаддиру лавозимоти ҳарбӣ ҳам бошад, зеро ки ҳангоми муноқишаҳои наздисарҳадӣ муайян гашт, ки асари сокинони Қирғизистон бо лавозимоти ҳарбӣ, аз қабили таппонча, автомати ҳарбӣ ва милтиқи шикорӣ мусаллаҳ ҳастанд.

Зимни суханронии худ бо мардуми ҷамоати Ворухзамин Президенти Тоҷикистон аз мардуми ҳаммарз даъват ба амал оварданд,  ки дар масъалаҳои наздисарҳадӣ шитобкорӣ накунанд ва эҳтироми ҳамсоягариро ҳамавақт дар ҷои аввал гузоранд. Дар идомаи суханронии худ Пешвои миллат зикр намуданд, ки мо ҳеҷ вақт замини аҷдодии худро ба касе додани нестем ва намедиҳем ҳам. Масъалаҳои марзиро танҳо дар роҳи мусолиҳатомез ва дипломатӣ метавон бар фоидаи ҳар ду тараф ҳал кард.

Агар умдатан ба муноқишаҳои сарҳадӣ бо диди фарохтар назар афканем, ҷониби Қирғизистон дар вақти айёми кишту кор бо баҳонаҳои сохтаву бофтаи худ ба мисоли чаппа кардани роҳи оби дарё ва ё гузаштани молу ҳайвони тоҷикон ба заминҳои баҳснок муноқишаро оғоз мекунанд. Дар ҳама ҳолат тӯли наздик 17-18 соли раванди музокироти наздисарҳадӣ ҷониби Тоҷикистон бисёр дипломатона ва эҳтиёткорона ба масъала нигоҳ мекунад ва ҷонибдорӣ он аст, ки дар марз муноқиша сар назанад. Иҷозати расмӣ доданд барои сохтмони роҳи мошингарди қирғизҳо ин гузашти калони ҷониби давлати мост, ки баҳри эҳтирому ҳамсоягарӣ анҷом дод. Аммо дар урфият як мақоле хубе ҳаст “Даст додам, аз оринҷ кашола кард” гуфтаги барин.

Дар ин вазъияти басо ҳассоси минтақавӣ аз ҳарду ҷониб даъват ба амал меорам, ки ба таҳлукаи гурӯҳҳои ҷангҷӯ дода нашаванд ва таҳаммулпазирии худро дар ҷои аввал гузоранд. Ба ибораи дигар ҳамсояи ин туҳфаи Худованд аст ва эҳтироми ҳамсоя дар шариати ислом авлавиятҳои худро дорад. Ҷониби Тоҷикистон дар ҳама ҳолат манфиатҳои давлату миллатро дар ҷои аввал мегузоранд ва марзу буми сарзамини аҷдодиро мардонавор ҳимоя мекунанд.

Қурбонов Ҳ.- ассистенти

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like