Шумо хоинони миллат – ҳаргиз ба мақсад нахоҳед расид!
Тоҷикистон сол аз сол бо азму иродаи қавӣ ва ҷаҳду талошҳои роҳбарияти олии мамлакат хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба рушд ниҳода, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дастовард, навгонӣ, пешрафт ва рушду инкишофи ҳамешагӣ ба чашм мерасанд.
Чунин корҳои ободониву созандагиро мардуми шарафманди диёр натиҷаи даврони истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу суботи он дар меҳани азизамон маънидод менамояд. Бо ин ҳама пешрафту созандагиҳо, ки дар кишвари азизи мо авҷи тоза касб намудааст, бо итминон метавон гуфт, ки рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба замони истиқлолияти давлатӣ алоқамандии зич дорад. Зеро дар замони соҳибистиқлолии кишвар, ки соли равон мо 30-солагии онро таҷлил хоҳем кард, ватани азизамон чунин пеш рафтааст, ки дар тӯли таърихи худ халқи тоҷик ин гуна пешравӣ ва ободиро надида буд. Аслан 30 сол дар назди таърихи инсоният, баробари як миҷа задан буда, расидан ба чунин дастовардҳо дар ин муддати кӯтоҳ боиси ифтихор ва сарбаландии мардуми Тоҷикистон мебошад.
Мо ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз медорем, ки ҳаргиз ба шумо хоинони миллат бовар нахоҳем кард. Мо ҳамавақт дар паҳлӯи Ҳукумати Ҷумҳуриамон қарор гирифта, чун пайравони асили Пешвои муаззами миллатамон барои татбиқи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Сарвари давлатамон аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳем бурд.
Ҷавонони имрӯза ҳамеша пуштибон ва ҳимоятгари ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ ҳастанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯзҳо ба давлати дӯстию рафоқат, сулҳпарвару оштихоҳ табдил ёфтааст мо ҷавонон намегузорем, ки дубора он ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шавад.
Шумо хоинони миллат ҳаргиз ба мақсадҳои нопоки худ нахоҳед расид.
Изҳороти донишҷӯёни Донишгоҳи
давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон