Дастовардҳои кишвар аз камбудиҳо дида зиёдтаранд!

Тоҷикистон дар шароити муосир ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар бисёр дигаргуниҳои куллӣ ба назар мерасанд.

Новобаста аз мушкилоте, ки имрўз ҷаҳон ба он рў ба рў гардидааст. Тоҷикистон бо таври муназзам зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пеш рафта истодааст.

Дар сиёсати хориҷӣ низ бисёр комёбиҳои бузургу беназир  дар  шароити муосир дар кишвари маҳбуби мо мавҷуд ҳастанд.

Шоҳиди гуфтаҳои боло он аст, ки имсол дар Тоҷикистон ҳамоишҳои бузурги илмӣ ва сиёсӣ маҳз дар кишвари мо амалӣ хоҳанд гардид. Чунончӣ:

-баргузории саммити СҲШ;

-баргузории саммити СААД таҳти раёсатии Тоҷикистон

-баргузории нуҳумин конфронси вазирони кишварҳои «Қалби Осиё – Раванди Истанбул» далели раднопазири  мақоми баланд доштани кишвари маҳбуби моро дар арсаи байналхалқӣ нишон медиҳад.

Аз ҷониби тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ки сохти демокративу ҳуқуқбунёдии кишварро таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгириву арҷ мегузоранд бо далелҳои раднопазир андешаҳои хому пуч ва бемаънии Садиров Исломро зери по намуда пора –пора месозанд.

Иззат Амон кист. Чаро ўро реклама мекунанд. Ў муҳоҷирини меҳнатии тоҷикро ба маънии ёрдам мекунам гўён аз онҳо пул меситонад. Дар ин бора  ҳамсари яке аз боздоштшудагонро фирефта, бо баҳонаи хизмати адвокатӣ аз ў пул ба даст меорад. Ӯ аз намояндаҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз афроди наздик ба Муҳиддин Кабирӣ аст, ки дар Тоҷикистон ҳизби экстремистӣ ва мамнўъ мебошад.

Ба ягон кас ёрдами Иззат Амон дар муҳоҷират маълум   нест, балки мегўянд, ки барои манфиатҳои худ аз муҳоҷирон маблағ мерўёнад, суханонаш пур аз фиребу макранд. Дурўғ гуфтану фиреб додани мардум аз ҷумлаи хислатҳои бади инсон аст. Он ба инсон фасод меорад, обрўву мартабаашро коста мегардонад, минбаъд мардум ба суханаш гўш намедиҳад, эътиборашро, агар онро соҳиб бошад, гум мекунад. Пас чаро дидаву дониста дурўғ мегўянд? Ба хотири чӣ? маҳз барои ҳамин гуна рафтору кирдораш ўро ба ҷавобгарӣ мекашанд. Исломидин Садиров дар бораи пешрафти кишвари маҳбуби мо чизеро намедонад ва маҳз бо дастгириву фиреби хоҷагонаш оиди давлату роҳбари давлат сухан мегўяд. Ў ветерани меҳнат нест агар бошад бояд дарк кунад, ки Тоҷикистон дар тайи қариб 30-соли соҳибистиқлоли чӣ дастовардҳои бузургеро соҳиб гардидааст, ки ба он ҷомеи ҷаҳонӣ баҳои баланд додаанд ва имрўз Тоҷикистонро давлати ислоҳотгар арзёбӣ мекунанд. Садиров бошад шахсони хиёнаткору палидро дастгирӣ менамояд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон имрўз қудрату нерўи бузург доранд ва метавонанд ашхосу гурўҳҳоеро, ки ба манфиат ва дастовардҳои кишвар таҳдид мекунанд зарбаи қатъӣ бизананд ва онҳоро пора созанд.

Мо мегўем, ки лаънат ба шахсоне, ки ба дастоварду арзишҳои бузурги давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон халал ворид мекунанд.

Алимов Б.н.и.т., дотсенти кафедраи

муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ

You might also like