Зодрӯзи қаллоб ва чоплуси наҳзатӣ

Имрӯзҳо оид ба масъалаи боздошти ҷинояткор ва қаллоби гузаро Иззат Амон, гуруҳҳои хиёнаткор ва ватанфурӯш, ки имрӯзҳо худро “демократҳои асил ва ҳомиёнии асосии халқу миллат баён менамоянд” дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавзӯи мавриди баҳси худро кушодаанд.

Чаро масъалаҳои вазъи иқтисодӣ, кӯмак ба оилаҳои камбағал ва сохтану ба истифода додани корхонаҳои нави истеҳсолӣ камари ҳиммат набаста, кору борашон дахолат кардан ба масъалаҳои сиёсиву дохилии ҳукумати мамлакат сару кор гирифта аз ин обу лойи кардаашон моҳидорӣ менамоянд.

Яъне дар назди хоҷагони хориҷиашон худро нишон дода, аз ин корашон соҳиби маблағҳои калони ҳангуфт мегарданд. Худ аз доғу дастгоҳашон дар давлатҳои аврупоӣ маълум аст, ки онҳо дастгирии моддиву маънавӣ мебинанд. агар ҳамин тавр набошад чаро бечора муҳоҷирони меҳнатӣ давоми солҳои дароз дар давлатҳои хориҷӣ гашта, аз ягон сабукиву дастгириҳо баҳраманд нестанд, вале ин хоинони миллат озодона дар марказҳои давлатҳои аврупоӣ митингу протестҳо бар зидди давлати миллии хеш мегузаронанд. Пас, аз ин маълум мегардад, ки аз ҷониби баъзе ташкилоту давлатҳои хориҷӣ ба онҳо (хоинони миллат) дастгирӣ дида мешавад.

Дар масъалаҳои муҳоҷират, барқу гармидиҳӣ, маорифу сиёсат баромадҳои пур аз бӯҳтону сохтакорӣ менамуданд, ки боз ба масъалаҳояшон мисоли нав масъалаи боздошти Иззат Амон гардид.

Марказҳои тоҷикон дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия барои бароварда гардонидани муаммову норасоиҳои муҳоҷирон ва тарғибу ташвиқи фарҳангу тамаддуни миллат мавриди истифода қарор доранд. Аммо мақсади бадтинатии Иззат Амон ин гуна марказҳоро ба мақсадҳои нопоки худ истифода кардааст. аз он ҷумла, ба мақсади аз маҳбас озод кардани шаҳрванд Шарифов Ҳасан, ки бо гуноҳи машғул шудан ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар ФР қарор дорад аз бародари номбурда Шарифов Бобоҷон сокини ноҳияи Восеъ бори аввал 40-ҳазор рубли русӣ ва маротибаи дуюм 1000 доллари ИМА талаб мекунад, ки ин тасдиқи суханҳои болоӣ мебошад.

Пас ин ба кадом қонунҳои ҷамъиятиву динӣ ва давлатӣ рост меояд, ки рафторҳои ношоями чунин шахс (агар ин мафҳум ҷоиз бошад) барои сарватғундорӣ аз мушкилотҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аз маргу мурда истифода мекунад.

Оё мешавад, ки чунин шахси бадкирдор ва пешбарандаи сиёсати хилофкоронаи “ТЭТ ҲНИ” ва “Гурӯҳи 24”, ки қаллобиву фиребгарияш бо далелҳои қотеъона дар назди халқ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ошкор аст намояндаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони азиз дар кишвари Русия бошад. Санаи 20-уми апрел зодрӯи Изат Амон буд ва бо ибтикори косалесони наҳзатӣ – Шарофиддин Гадоев ва Муҳаммадиқболи Садриддин дар фазои маҷозӣ як барномаи онлайнӣ доир гардид, ки дар он аз ин қаллоб қаҳрамонтарошӣ мекунанд. Дар вақти пахши мустақим боз ҳамон 3-4 нафар пайравони наҳзатӣ оиди мавзӯъ монда, боз ҳамон гапҳои кӯҳнаро зада истодаанд.

Мо, ин фаъолияти қаллобонаи Иззат Амон ва тарафдорони ӯро маҳкум намуда, ҳеҷгоҳ намегузорем, ки осоиштагии Тоҷикистони имрӯзаро ноором ва халалдор намоянд.

Муродбекова М.дотсент, мудири

кафедраи фанҳои ҷамъияти ДДҲБСТ

You might also like