Нашъа вабои аср

Маводи нашъаовар ва суистеъмоли он ҳамчун падидаи номатлуб ҳамеша боиси ташвишу нигаронист.

Бо мақсади мубориза ва пешгирии нашъамандиву нашъаҷаллобӣ дар факултети молияи  донишгоҳ бо иштироки кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо устодону донишҷӯён вохӯрӣ доир гардид. Дар мулоқот садорати факултети молия низ ширкат варзиданд.

Иброз шуд, ки марги бармаҳал, орзуҳои амалинагашта, тақдири шикаста, тифли рӯҳану ҷисман маъюб, ҷиноятҳои мудҳиш, ки аксаран баҳри дарёфти маводи нашъаовар сурат мегиранд, аз оқибатҳои нашъамандист, ки ба шахсият ва ҷомеа бетаъсир буда наметавонад. Аз ин рӯ, бояд дар ин самт корҳои таблиғотию ташвиқотӣ боз ҳам пурзӯртар гардида, ҳар фарди солимфикр дар пешгирии нашъамандӣ худро масъул шуморад.

Дар қисмати дуюми мулоқот донишҷӯён ба меҳмонон саволҳо пешниҳод карда, посухҳои мушаххас гирифтанд.

 

 

You might also like