Қаллоби мардум
Ҳеҷ кас гумон надошт, ки ташкилоти хоинонаи ТЭТ ҲНИ худаш ба давлат хиёнат карда, боз аз қафои худ мардуми шарифи Тоҷикистонро мекашад. Иззат Амон ҷинояткорест, ки ба доми Муҳиддин Кабирӣ ва ташкилоти хоинонаи он афтида, пайрави ақидаҳои ифротгароёнаи онҳо гашт.
Иззат Амон бо интиқоди ҳукумати кунунӣ маъруф аст. Ӯ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки баҳри ободии диёр ҷаҳду талош дорад, доимо танқид менамояд. Дар аввал Ҳукумати Тоҷикистон боздошти ҳимоятгарро тасдиқ накарданд, аммо баъдтар хабар доданд, ки вай дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе бо гумони қаллобӣ қарор дорад (моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон). Гуфта мешавад, ки ӯ шаҳрвандони ниёзманди кӯмаки ҳуқуқиро фиреб дода, маблағҳои онҳоро азхуд кардааст.
Иззат Амон на танҳо қаллоб, балки ифротгаро буда, пӯшида нест, ки ӯ аъзои Паймони миллии Тоҷиикстон аст. Тасаввур кардан номумкин аст, ки тавр инсони Ватандӯст тарафдори ин гуна ақидаҳо мегардад. Масалан, бо иқтибос ба сомонаи хоинонаи онҳо “Аз ватандӯстон ва фарзандони содиқи ин сарзамин, ки дар мақомҳои гуногуни ин низом кору фаъолият мекунанд аз вазъияти ба вуҷуд омада ва фазои дилгиркунандаи ин низом хаста шудаанд, роҳи ислоҳотро ҷустуҷӯи доранд даъват менамоем, ки ба хотири бештар ошкор кардани ҷиноятҳои ин низом бо мо ҳамкори кунанд”. Ин албатта даъвати хоинона буда, мардуми сулҳҷӯи тоҷикро ба ғасби ҳокимияти легалии имрӯза даъват менамояд.
Бадхоҳон ҳеҷ вақт ба мақсаду маромашон намерасанд. Иззат Амон худро ғамхори миллат нишон медиҳад, аммо дар куҷост он ғамхориҳояш фақат мардумро ба роҳи нодуруст мебарад, ки худаш алакай он роҳро интихоб намудааст аммо ҳеҷ вақт мардуми моро фиреб кардан наметавонад, зеро мардуми мо мардуми бомаърифату босавод ҳастанд. Мардуми вататандори мо дар ин си сол нишебу фарози истиқлол зиракии сиёсиро аз даст надода, аз паёмадҳои фитнаангезатон бохабар ҳастанд. Мо сиёсати хирадмандонаи Пешвои маҳбубамонро ҳеҷ вақт аз даст намедиҳем ва ҳамеша бо давлату Пешвои миллатамон ҳастем.
Обидов Д.С. – н.и.ҳ., дотсент, мудири
кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ