Баргузории даври донишгоҳии озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» байни донишҷӯён

Тибқи бандҳои 11-13 Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фуруғи маърифат», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021, №АП – 44 тасдиқ шудааст ва инчунин тибқи фармоиши ректори донишгоҳ аз 27.03.2021 таҳти рақами №45 бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари донишҷўёну кормандон ба фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ аз рўи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин барои дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон санаи 15 апрели соли 2021 даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз рӯи номинатсияи физика ва астрономия баргузор гардид. Дар озмуни мазкур 10 нафар довталабон иштирок намуда,  аз онҳо 7 нафар аз рӯи номинатсияи физика ва 3 нафар аз рӯи номинатсияи астрономия рақобат карданд.

Ҳамчунин санаи 16 апрели соли 2021 даври донишгоҳии озмуни мазкур аз рӯи номинатсияҳои технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ, математика  ташкил ва баргузор гардид, ки дар он аз рӯи номинатсияи  технологияи иттилоотӣ 8 нафар, аз рӯи номинатсияи  ихтироъкорӣ ва навоварӣ 6 нафар, аз рӯи номинатсияи математика  13 нафар донишҷӯён иштирок намуданд.

Мувофиқи натиҷаи санҷиш ва муайян намудани тафаккури эҷодии донишҷуён баҳогузории аъзои ҳакамон давраи аввали озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз рӯи номинатсияҳои дар боло зикршуда ғолибон муайян ва ба даври баъди роҳхат гирифтанд. Баргузории даври донишгоҳии озмуни «Илм – фурӯғи маърифат»  дар номинатсияҳои дигар идома дорад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like