Душмани халқ ба мақсад намерасад!

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлолият ба комёбиҳои назаррас соҳиб гардида истодааст. Инро мо дар мисоли сохтмонҳои бузурге, ки дар самтҳои гуногун аз ҷумла НБО, хатҳои баландшиддати барқ, роҳҳои мошингард, ки ба талаботҳои замона ҷавобгӯ, биноҳои истиқоматӣ ва ғайра, ки онҳоро барои номбар намудан вақти зиёде сарф хоҳад шуд.

Барои шаҳрвандони Тоҷикистон ин дастовардҳо боиси ифтихор аст. Аммо, барои душманони Ватан ва миллати тоҷик боиси ташвишу нооромӣ гардидааст. Аз дидани пешравиҳои соҳаҳои гуногун рӯ метобанд ва ҳамеша дар ҷустуҷӯи камбудиҳову норасоиҳо ҳастанд ва мехоҳанд, ки бо ин мақсад тарафдори худро пайдо намоянду ба манфиати худ истифода намоянд.

Аз ҷумла М.Кабирӣ дар гирду атрофи худ шахсони манфиатҷӯро ҷамъ намуда гурӯҳеро ташкил намудааст. Мақсад аз ноором намудани мамлакат ва истифода намудан аз он вазъ аст.

Яке аз чунин шахсиятҳо Муҳаммадиқболи Садриддин аст. Чи хеле ки маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистонро фиреб дода, маблағи хеле калон 430 000 доллари ИМА-ро бо роҳи қаллобона аз худ намудааст ва онро ба манфиати худ истифода намудааст. Ин ҳақиқат дорад.

Пас аз чунин ҷиноят нисбати ӯ аломатҳои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда мавҷуд аст, нисбати номбурда, парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва дар кофтукови расмӣ эълон карда шудааст.

Масъалаи дар боло нишон дода шуда аз он дарак медиҳад, ки М.Кабирӣ дар назди худ ҷинояткорону қаллобонро ҷалб намудааст, ки худаш низ яке аз онҳост.

Ҳамеша ҷинояткор барои сафед намудани худ кӯшиш менамояд. М. Садриддин низ аз чунин шахсиятҳо мебошад.  Ӯ ҷинояти худро ба дӯш намегирад.  Лекин ин ҳақиқати радношаванда аст.

Хулоса, душманони Ватан  бо роҳбарии Кабирӣ дузду ғоратгару қаллобон ҷамъ омада, Кабириро лидер метарошанд. Кабирӣ хеле хуб медонад, ки ниятҳои нопоки ӯ амалӣ нашаванда ҳастанд.

Нурмаҳмадов Ю.Ш. – дотсент, ноиби декан оид

ба илми дар факултети сиёсатшиносӣ ва МБ-и ДДҲБСТ

You might also like