Қаллобӣ то ба кай?
Аз рўи маълумотҳои расона ман низ хабардор гардидам, ки банда Изат Амон солҳои қабли дар миқёси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳҳои ғайриқонунӣ даст задан ба содиркунии ҷиноят шарик гардида ҳамчун хоини ватан бо роҳи рустӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк намуда ба Федератсияи Руссия сафар намудааст.
Гўё ў дар он ҷо ҳамчун сафири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намуда ба тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия кору фаъолият мекунад, худро муаррифӣ кардааст. Ва аз ин лаҳзаҳои муносиб истифода намуда барои манфиати худ аз шаҳрвандоне, ки дар рафти фаъолияти кории худ ба қонуншиканиҳо роҳ додаанд, гўё бо роҳи ҳимоя намудан бар ивази маблағ аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои пулии калон талаб намуда онҳоро ба фирефтаи худ шомил гардонидааст.
Вобаста ба ин он шахсоне, ки ба корҳои ҷиноятӣ даст задаанд бояд тибқи Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки корҳои ношоистаи Изат Амон бояд дар ҳақиқат тибқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида ва аз рўи амалҳои ношоистааш ҷазо дода шавад.
Дар баробари ин дар расонаҳои расмии кишвар бояд оиди масъалаи мазкур маълумотҳои муфассал аниқ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудан лозим, аст то ки шаҳрвандон аслияти воқеиятро дарк намоянд ва ба ҳар гуна овозаҳои бардурўғу беасосро паҳн накунанд.
Қўзибоева Б.М. – н.и.и., дотсент, муовини декан
оид ба корҳои илм ва инноватсияи факултети
баҳисобгирӣ ва андози ДДҲБСТ