Кафедраҳои факултети молия

Юсупов Даврон Сиддиқович – мудири кафедраи

кори бонкӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Кафедраи кори бонкӣ бо қарори Шўрои олимони донишгоҳ аз 13 марти соли 2015, №7 таъсис дода шуд. Солҳои 2015-2016 вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Қаюмов Наимҷон Набиевич ба ўҳда дошт. Аз соли 2016 инҷониб кафедраи мазкурро Юсупов Даврон Сиддиқович роҳбарӣ мекунад.

Мақсади асосии фаъолияти кафедраи кори бонкӣ –амалигардонии фаъолияти илмӣ, таълимӣ ва методӣ, тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи иқтисодӣ, тахассуси кори бонкӣ ба ҳисоб меравад. Кафедра мутахассисонро барои фаъолият бурдан дар соҳаҳои хоҷагии халқ ҳамчун мутахассиси соҳаи иқтисодӣ, ташкилӣ-идоракунӣ, таҳлилӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаи муомилоти пул ва қарз, фаъолияти бонкӣ, муносибатҳои асъорӣ, танзим ва назорати асъор, суғурта, таъминот ва суғуртаи иҷтимоӣ мутобиқи тахассус тайёр менамояд.

Дар кафедраи кори бонкӣ 9 нафар омўзгорон кору фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 3 нафар номзади илмҳои иқтисодӣ, 4 нафар сармуаллим, 2 нафар ассистент мебошанд. Омўзгорон аз рўи 18 фанни таълимии кафедра: фаъолияти бонкӣ, фаъолияти биржавӣ, маркетинги бонкӣ, менеҷменти бонкӣ, муомилоти пул, қарз ва бонкҳо, муомилоти пул, қарз дар мамлакатҳои хориҷӣ, пул, қарз ва бонкҳо, сармоягузорӣ, сармоягузории хориҷӣ ва МОИ, танзим ва назорати асъор ба донишҷўён таълим медиҳанд.

Корҳои илмию тадқиқотии кафедраи кори бонкӣ мутобиқи нақшаи панҷсола барои солҳои 2015 – 2020 дар мавзўи «Рушди сегменти бонкӣ дар доираи иқтисоди хурди кушод ва шароити ҷаҳонишавӣ (дар мисоли ҶТ)» ба роҳ монда шудааст.

Кафедраи кори бонкӣ бо Шӯъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, БДАҶТ Амонатбонк, ҶСК Бонки Эсхата, ҶДММ ТАҚХ Арванд, ҶСП ТАҚХ Имон Интернешлн, ҶДММ ТАҚХ Матин ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ дар самтҳои таҷрибаомӯзии донишҷӯён, ташкили мизҳои мудаввар, семинарҳо ва инчунин барои таъмини донишҷӯён бо ҷои кори доимӣ ҳамкориҳои судманд дорад.

  1. Ҷаборов Ғ.Н. Комплекси таълимию методӣ аз фанни фаъолияти суғурта, бо забонҳои тоҷикӣ. Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2015. –187 с.
  2. Исматуллоев С. Комплекси таълимию методӣ аз фанни маркетинги бонкӣ, бо забонҳои тоҷикӣ. Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2016. –164 с.
  3. Каримова М.И. Комплекси таълимию методӣ аз фанни амалиёти бонкӣ, бо забонҳои тоҷикӣ. Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2017. –237 с.
  4. Юсупова Д.Б., Акрамов М.А., Валиева Н.М. Комплекси таълимию методӣ аз фанни танзим ва назорати асъор, бо забонҳои тоҷикӣ. Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2017. –154 с.
Каримова М.И. –рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Такмили муҳити ниҳодӣ дар баланд бардоштани рақобатнокии иқтисодиёти миллӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)” аз рӯи ихтисоси 08. 00. 01 – назария иқтисодӣ ҳимоя намуд (29.12.2018)
  1. Исомаддинов Ф.Б. хатмкардаи соли хониши 2014-2015 - мутахассиси шуъбаи қарзӣ дар  ҶДММ ТАҚХ Арванд
  2. Амонов Амонулло - хатмкардаи соли хониши 2016-2017 - мутахассиси шуъбаи қарзӣ дар ҶСК «Бонки Эсхата» дар шаҳри Хуҷанд
  3. Илолова Ангома - хатмкардаи соли хониши 2016-2017 - мутахассиси шуъбаи интиқоли маблағ дар ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» дар н.Ҷ.Расулов
  4. Маҳмудзода Сироҷиддин - хатмкардаи соли хониши 2016-2017 - мутахассиси шуъбаи қарзӣ дар БДАҶТ «Амонатбонк» дар н. Ҷ. Расулов
  5. Солимова Шукрона- хатмкардаи соли хониши 2016-2017 - мутахассиси шуъбаи қарзӣ дар ҶСК «Бонки Эсхата» дар шаҳри Хуҷанд
  6. Дадобоев Акбарҷон - хатмкардаи соли хониши 2016-2017 - мутахассиси шуъбаи қарзӣ дар ҶСК «Бонки Эсхата» дар шаҳри Хуҷанд
  7. Замонов Абдумалик - хатмкардаи соли хониши 2016-2017 - хазиначӣ дар ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» дар ш. Хуҷанд
  8. Тошматов Бахтиёр - хатмкардаи соли хониши 2016-2017 - мутахассиси шӯъбаи интиқоли маблағ дар ҶДММ ТАҚХ «Азизи молия» дар н. Ҷ.Расулов
  9. Ҷаборова М.И. - хатмкардаи соли хониши 2018-2019 – мутахаассиси шӯъбаи илмӣ ДДҲБСТ дар ш. Хуҷанд
  10. Ҳайдарова Меҳрафрӯз - хатмкардаи соли хониши 2018-2019 - мутахассиси шуъбаи қарзӣ дар ҶСК «Бонки Эсхата» дар н. Ашт
  1.  Юсупов Давронҷон Сиддиқбоевич    
  2. Каюмов Наимдҷон Набиевич
  3. Каримова Муаззама Исматуллоевна
  4. Сафаров Алимаҳмад Гулович 
  5. Ҳафизова Парвина Абдувоситовна       
  6. Ҷаборов  Ғанӣ Набиҷонович                               
  7. Хакимов Файзулло Абдурасулович
  8. Шамсиева Мавзуна Зафаровна

Раҳимов Абдулатиф Маҷидович – мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ,

доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор

Кафедраи назарияи иқтисодӣ бо фармони №9 аз 16.07.1994  ҳамчун кафедраи фанҳои иқтисодӣ ва баъдтар бо фармони №5 аз 28.03.1995 бо номи кафедраи назарияи иқтисодӣ таъсис ёфтааст. Аз оғози таъсисёбӣ кафедра дар таркиби факултети бизнес ва муносибатҳои ҷаҳонӣ,  аз 10.01.1997 то сентябри соли 2002 дар факултети иқтисоди ҷаҳонӣ ва менеҷмент ва аз моҳи сентябри соли 2002 инҷониб дар ҳайати факултети молия фаъолият бурда истодааст. Аз моҳи сентябри соли 2015 вазифи мудири кафедраро доктори илмҳои иқтисодӣ А.М. Раҳимов ба ӯҳда дорад. Фанҳои умумитахассусӣ: назарияи иқтисодӣ, микроиқтисодиёт, макроиқтисодиёт, иқтисодиёти давраи гузариш, танзими давлатии иқтисодиёт, таърихи иқтисодиёт, таърихи афкори иқтисод, ва нархгузорӣ фанҳои таълимии кафедра мебошанд. Ҳайати умумии кафедраро 3 нафар докторони илм, 4 нафар дотсент,  3 нафар сармуаллим ва 4 нафар ассистент ташкил медиҳад..

Кафедра фаъолияти худро тибқи нақшаи панҷсола дар мавзӯи «Дурнамои макроиктисодӣ ва ҷойгиркунии оқилонаи қувваҳои истеҳсолкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (вилояти Суғд)» ба роҳ мондааст. Ҷорӣ намудани усулҳои нави таълим, дарсиҳамоӣ, истифодаи роҳҳову усулҳои фаъолгардонӣ, донишандӯзӣ, ташкил ва тайёр кардани дастурҳои кори мустақилонаи донишҷӯён самти муҳими фаъолияти кафедраро ташкил медиҳанд.

  1. Рахимов А.М., Алиҷонова С.А., Хоҷаева М.И. Комплекси таълимию методӣ аз фанни назарияи иқтисодӣ, Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2019. –160с.
  2. Абдуқодиров Х.А., Назаров Х.С. Комплекси таълимию методӣ аз фанни таърихи афкори иқтисодӣ, Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2018. –140с.
  3. Абдуқодиов Х.А., Назаров Х.С. Комплекси таълимию методӣ аз фанни Моделиронии раванди макроиқтисодӣ Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2019. –135с.
  4. Рахимов А.М., Насимова М.А. Комплекси таълимию методӣ аз фанни назарияи иқтисодӣ барои ихтисосҳои ғайрииқтисодӣ, Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2019. –128с.
5. Исмаилова М.М., Хоҷаева М.И., Носирова У.И.  Дастури методӣ оид ба навиштани кори курсӣ аз фанни назарияи иқтисодӣ,  макроиқтисод, ДДҲБСТ, 2019. –60с.
Насимова М.А. - рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Баланд кардани дараҷаи ҷалбкардани нуқтаҳои рушд дар иқтисодиёти минтақавӣ (дар мисоли вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон)» санаи 10.10.2019 бомуваффақият ҳимоя намуд

Стандартҳои давлатии ихтисоси барномаи таълимӣ

Барномаҳои таълимии корӣ

Кадрҳо ва раванди гузаронидани саволнома дар барномаи таълимӣ