Маркази рушти касбият
МАРКАЗИ РУШДИ КАСБИЯТ
Бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр кардани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат», иҷрои Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар ҶТ аз 26 феврали соли 2016, № 05/1-976 оид ба татбиқи лоиҳаи «Тақвияти марказҳои рушди касбият (карера) дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Осиёи Марказӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ба хатмкунандагон дар дарёфти ҷойҳои корӣ», дар заминаи шуъбаи таҷрибаомўзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Маркази рушди касбият ҳамчун зерсохтори шуъба бо фармоиши ректори донишгоҳ аз 13 апрели соли 2016, таҳти № 98-К, тибқи қарори Шўрои олимони донишгоҳ аз 31 марти соли 2016, протоколи № 7 таъсис дода шуда, ба фаъолият шурўъ намуд.
Ҳадафи ин марказ ба низом даровардани шуғли мутахассисони ҷавон, рушди касбияти донишҷўён ва хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ равона шудааст.
Вазифаҳои Марказ:
– ба роҳ мондан ва ташаккул додани механизми ҳамкорӣ бо мақомоту идораҳои давлативу ғайридавлатӣ;
– корхонаву муассиса, ташкилотҳо, шуғли аҳолӣ дар самти мусоидат барои бо кор таъмин кардани хатмкардагон;
– ташкили бонки иттилоотии ҷойҳои холии корӣ, аз рўи самтҳои дахлдор омода кардани мутахассисон дар донишгоҳ;
– бонки иттилоотии хатмкардагон, ташкил ва баргузории пурсишномаи донишҷўёни хатмкунанда дар самти тамоили касбӣ;
– ба роҳ мондани фаъолияти Ассотсиатсияи хатмкардагони донишгоҳ, сомонаи Интернетии он, дар ҳамкорӣ бо кафедраҳои тахассусӣ ташкил ва баргузор намудани экскурсия, мулоқоту сўҳбатҳо ва таъмини муоширати кории доимӣ бо хатмкардагон.