Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

Ҳакимова Башорат Наимовна – сардори шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа, номзади илмҳои филологӣ, дотсент 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа, ки қаблан чун Маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ зикр мегашт, тибқи фармоиши ректори донишгоҳ аз санаи 29 январи соли 2016, таҳти №40 бо унвони имрўза бадали ном кард. Оғози фаъолияти шуъба аз моҳи сентябри соли 2012 аст. Дар асоси Низомномае, ки бо қарори ҷаласаи Шўрои олимони ДДҲБСТ аз 20.09.2012, №1 тасдиқ шудааст, шуъба фаъолияти худро тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи иттилоот, таҳсилоти олӣ ба татбиқи сиёсати давлату Ҳукумат дар соҳаи маориф, тарғиби арзишҳои маънавию фарҳангӣ, дар руҳияи ватандўстӣ, хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон, вусъати фазои иттилоотӣ, таҳкими робита бо воситаҳои ахбори умум, ҷалб намудани онҳо барои инъикоси ҳамаҷиҳатаи дастоварду пешравиҳои донишгоҳ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадам, густариши ҳамкории донишгоҳ ва оила, ташкилоту корхонаҳо равона намудааст.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа бо мақсади баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи донишҷўён, таҳлили сатҳи фаъолияти сохторҳои донишгоҳ, омўзиш ва таҳлили афкори ҷомеа, мустаҳкам намудани робитаи донишгоҳ бо ҷомеа ва ВАО таъсис дода шуда, риоя ва сатҳи иҷроиши саривақтӣ ва самараноки санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, қонунҳо, барномаҳои давлатӣ, стратегияҳо, консепсияҳо, иҷроиши саривақтии фармонҳо, қарорҳо ва масъалаҳои марбут ба таълиму тарбия ва илму таҳсилотро мавриди назорат, таҳлил ва натиҷагирӣ қарор медиҳад.

Пахши сужетҳо оид ба фаъолияти донишгоҳ, дастовардҳо тавассути телевизионҳои давлатию хусусӣ, ба роҳ мондани нашри хабару мақолаҳо перомуни самтҳои фаъолияти донишгоҳ дар саҳифаҳои нашрияҳои даврии маҳаллию ҷумҳуриявӣ, таъмини сомонаи донишгоҳ бо маводи фарогири рўйдодҳои навини ҳаёти илмию таълимӣ ва тарбиявию фарҳангии донишгоҳ, сабту банаворгирии раванди чорабиниҳо ва таҳияи барномаҳои телевизионӣ, таҳлилу натиҷагирӣ аз вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»,  қарорҳои Шўрои олимон ва ҷаласаҳои раёсати донишгоҳ аз самтҳои фаъолияти шуъба ба ҳисоб меравад.

Ҳайати кормандони шуъба: сардори шуъба, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ҳакимова Б.Н., сармуҳаррири нашрияи «Маъвои хирад» С. Дадобоев, сармутахассисон С. Ғафурӣ, Шарифова С.Э., мутахассисон Ахмедов Ш.Ш., Ҷалолов С.Р.

Телефон барои тамос: 8(3422) 2-17-15.

Еmail: hakimoba@mail.ru

Рўйхати таълифоти илмӣ

 Сармуҳаррири нашрия

ДАДОБОЕВ Солибой (Солеҳи ЗАРИФЗОД)

 Ҷиҳати татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф, тарғиби арзишҳои волои маънавии ниёгон ва даврони Истиқлолият, васеъ кардани фазои иттилоотӣ, сари вақт хабардор намудани муҳассилин аз навидҳои ҳаёти ҷамъиятиву фарҳангии ҷумҳурӣ, вилоят ва донишгоҳ, баланд намудани сатҳи маърифатӣ – фарҳангии устодону донишҷўён моҳи феврали соли 2007 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес, сиёсати Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи раёсати донишгоҳ моҳномаи «Маъвои хирад» таъсис ёфт.

Шумораи аввалини «Маъвои хирад» 21-уми феврали соли 2007 бо теъдоди 99 нусха дар матбааи аввалини шаҳри Хуҷанд ба тариқи офсет аз чоп баромад.

Тибқи қарори Шўрои олимони донишгоҳ аз 14.03.2007, таҳти №6 ва фармони ректори донишгоҳ моҳи августи соли 2007, рўзноманигор, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Анварҷон Fафуров сармуҳаррири нашрияи «Маъвои хирад» таъин гардида, санаи 16 августи соли 2007 моҳнома аз ҷониби раёсати адлияи вилояти Суғд таҳти рақами 004 – 1976 ба қайди давлатӣ гирифта шуд. Моҳи августи соли 2014 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Ғафурҷон Ҷўраев ба ҳайси муҳаррир шомил ба кори нашрия гардида, ба фаъолият шурўъ намуд ва аз моҳи сентябри соли 2015 бошад, ба ин вазифа узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Солибой Дадобоев (Солеҳи Зарифзод)  ҷалб гардид.

Аз моҳи феврали соли 2017 тибқи фармони ректори донишгоҳ Солеҳи Зарифзод сармуҳаррири нашрияи «Маъвои хирад» таъин шуд.

Аз моҳи сентябри соли 2017  нашрия бо формати А3 ва тамоми саҳифаҳояш пурра тариқи ранга дар нашриёти «Ношир» аз чоп бароварда мешавад; тиражи солонаи «Маъвои хирад» бори нахуст ба 3.000 расонида шуд.

Тӯли фаъолият – аз феврали соли 2007 то имрўз нашрия мунтазам ба чоп мерасад ва он бо матолиби рангини хеш, гӯшаву саҳифаҳои махсус маҳбуби хонандагони сершумор гардидааст. Муштариёни рўзнома ба нашрияи «Маъвои хирад» ба ҳайси минбари озод, тарғибгари рушди илму дониш, одобу рафтори нек ва дигар арзишҳои баланди умумибашарӣ меҳр ва таваҷҷӯҳи хоса доранд. Дар номаҳои сершумори хонандагон, ки ҳамарӯза ба идораи нашрияи «Маъвои хирад» ворид мешаванд, баробари зикри фикру мулоҳизаҳои хеш ба ҳайати эҷодӣ барои нашри маводҳои ҷолибу хонданӣ изҳори миннатдорӣ баён мегарданд.

Дар назди идораи нашрия таъсис ёфтани маҳфили хабарнигорони ҷавони «Пайроҳаи умед», чопи мунтазами навиштаҳои эҷодкорони ҷавон дар саҳифаҳои матбуоти марказиву маҳаллӣ– ин зинаи нави камолоти донишу маърифат аст.

Дар марҳилаи феълӣ мақсади нашрия ин ширкати фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятиву фарҳангии ҷумҳурӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва донишгоҳ, васеъ кардани фазои иттилоотӣ, сари вақт бохабар гардонидани донишҷўён аз рўйдодҳои нав, баланд намудани сатҳи маърифату фарҳангии устодону донишҷўён, инъикоси тадбирҳои байналхалқию ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ оиди пешравии соҳаи таълиму тарбия, чопи шеъру ҳикоя ва лавҳаҳо дар бораи беҳтарин шогирдону устодони донишгоҳ, мутахассисони соҳа, дарҷи маслиҳат, муаммо, тавсияҳои илмию оммавӣ, инъикос кардани рўйдодҳои навини олам ва дигарҳо маҳсуб меёбанд.

Телефон барои тамос: 8(3422) 2-17-02. Почтаи электронӣ: m.khirad@mail.ru