Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
Мудири шуъба, номзади
илмҳои филологӣ, дотсент Шарипов Комилҷон Каримович
Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ бо қарори Шурои олимони донишгоҳ № 1, аз 30.08.2007 ташкил карда шудааст. Пас аз таъсиси воқеии сохтори нав ва ҷалби мутахассис барои ишғоли вазифаи мудири шуъба (2010) ва дертар (2012), ҷудо гардидани воҳиди кории муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ фаъолияти пурсамари шуъба оғоз гардид.
Дар сохтори нави донишгоҳ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент Ҷӯраев А. аввалин мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва дертар аввалин муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии донишгоҳ таъин гардид.
Мудири шуъба аз соли 2010-2012, дотсент А. Ҷўраев. хатмкардаи барномаи байналмилалии Фулбрайт, ИМА, дар ташкил ва коркарди самтҳои асосии фаъолияти шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, нақшаи фаъолияти солона ва дурнамои фаъолияти он, феҳристи ҳуҷҷатҳо, ӯҳдадориҳои муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, мудири шуъба ва мутахассисон саҳми арзанда дорад.
Аз соли 2018 ба вазифаи муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, д.и.и., профессор Бобоҷонов Д.Д. таъин гардид. Ҳайати кадрии шуъба: аз соли 2023 то имрӯз мудири шуъба, н.и.ф., дотсент Шарипов Комилҷон Каримович- аълочии Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессори фахрии Академияи фанҳои табиатшиносии Россия, хатмкардаи барномаи байналмилалии Фулбрайт, ИМА, мутахассис Мақсудова М.Ғ.
Ҳадафи фаъолияти шуъба густариш бахшидани робитаҳои байналхалқии донишгоҳ бо муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва фарҳангии мамолики хориҷӣ; мусоидат ҷиҳати ба роҳ мондани алоқаи қавии донишгоҳ бо системаи маорифи ҷаҳонӣ, мутобиқ гардонидани сифати таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ ва эътирофи байналхалқии дипломи донишгоҳ.
Имрўз, теъдоди шартномаҳои ҳамкорӣ ба 105 адад расонида шуда, дар асоси созишномаҳои баимзорасида – бо 40 муассисаи илмию таълимии Федератсияи Русия, бо 14 муассисаи илмию таълимии Ҷумҳурии Беларус, 10 муассисаи ватанӣ, 18 муассисаи илмию таълимии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 4 муассисаи илмию таълимии Ҷумҳурии Қирғизистон, 2 муассисаи илмию таълимии Латвия, 2 муассисаи илмию таълимии Украина, 10 муассисаи илмию таълимии Қазоқистон, 2 муассисаи илмию таълимии Ҷумҳурии Мардумии Чин, бо 1 муассисаи илмию таълимии Ҷопон, ИМА, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон ҳамкориҳо густариш меёбанд.
Дар заминаи лоиҳаҳои грантии байналхалқӣ, мунтазам ба роҳ мондани табодули донишҷӯён ва омӯзгорон ба давлатҳои хориҷӣ, бахусус дар муддати кўтоҳ барои таҳсил ва коромузӣ сафарбар намудани 120 нафар устодон ва донишҷӯён ба кишварҳои хориҷӣ, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, табодули таҷрибаи пешкадами ҷаҳонӣ дар роҳи баланд бардоштани сифати таҳсилот, пурзӯр намудани иқтидори илмӣ, таълимии донишгоҳ ва ниҳоят муаррифӣ ва эътирофи донишгоҳ дар сатҳи байналмилалӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки фаъолияти байналмилалии донишгоҳ беш аз пеш густариш меёбад.
Имрӯз дар донишгоҳ дар заминаи лоиҳаҳои байналмилалӣ 3 маркази таълимӣ – тадқиқотии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир: Маркази омӯзиши забонҳо, Озмоишгоҳи инноватсионӣ, Маркази омӯзиши Аврупо дар донишгоҳ таъсис ёфтанд.
Ҳайати кадрии шуъба фаъолияти худро баҳри созмон додани шаклҳои нави ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва илмии пешрафтаи ҷаҳон, табодули донишҷӯён ва устодон, гирифтани грантҳои Иттиҳоди Аврупо Эразмус+, Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ва хазинаҳои грантии Федератсияи Россия равона менамояд.
- Ҳамкорӣ дар доираи Донишгоҳи созмони Ҳамкории Шанхай
Тибқи Фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 1569 аз 30.07.2009 бо мақсади танзими ҳамкориҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай (ДСҲШ) дар радифи як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон низ барои таъсиси донишгоҳи байналмилалии СҲШ (Созмони ҳамкории Шанхай) дар самти минтақашиносӣ номнавис гардидааст.
Ҳадафи ҳамкорӣ – тайёр намудани мутахассисони баландихтисос бо роҳи табодулли магистрантон байни донишгоҳҳои давлатҳои аъзоёни СҲШ мебошад.
Донишгоҳҳои зерин ҳамкорони мо дар доираи ДСҲШ мебошанд:
– Донишгоҳи давлатии Алтай;
– Донишгоҳи гуманитарии Бишкек ба номи К. Карасаев;
– Донишгоҳи миллии Қирғизистон ба номи Ж. Баласагын;
– Донишгоҳи русӣ-тоҷикӣ (славянӣ);
– Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода;
– Донишгоҳи давлатии Павлодар;
– Донишгоҳи федералии Урал ба номи аввалин Президент Б.Н.Ельцин.
Ҳамкорони асосии донишгоҳ дар доираи ДСҲШ Донишгоҳи давлатии Алтай ва Донишгоҳи федералии Урал ба номи аввалин Президент Б.Н.Ельцин мебошанд.
Ҳамкорӣ тайёрӣ ва табодулли магистрантонро пешбинӣ менамояд. Аз тарафи донишгоҳҳои мазкур барои хатмкунандагони мо 2 бурсия (квота) дар магистратура барои соли хониши 2014-2015, 3 бурсия барои соли хониши 2015-2016, 5 бурсия барои соли хониши 2016-2017 ва 7 бурсия барои соли хониши 2017-2018 аз рӯи равияҳои минтақашиносӣ, иқтисодиёт ва технологияҳои иттилоотӣ ҷудо карда шуд.
Соли таҳсили 2014-2015 аввалин маротиба 2 нафар донишҷӯёни мо Аюбов Ҳаётулло ва Рустамов Илҳомҷон хатмкунандагони ихтисоси сиёсатшиносӣ барои таҳсил дар Донишгоҳи федералии Урал аз рӯи ихтисоси минтақашиносии хориҷӣ сафарбар карда шуданд.
Ҳар яке аз ҳатмкунандагони донишгоҳамон имконият доранд, ки дар натиҷаи озмуни дохилӣ барои таҳсил дар магистратура дар доираи ДСҲШ интиҳоб шавад.
- Ҳамкорӣ бо барномаҳои Иттиҳоди Аврупо
Яке аз натиҷаҳои назарраси фаъолияти байналмилалӣ ин аст, ки дар донишгоҳ 5 лоиҳаҳои дарозмуддати Иттиҳоди Аврупо – Эразмус Мундус, Темпус ва Эразмус+ амал мекунанд:
– Лоиҳаи барномаи Эразмус Мундус “Шабакаи иқтисод ва менеҷменти Осиёи марказӣ” – СANEM II (ҳамоҳангсоз Ҷӯраев А.Ҳ.)
Ҳадафи лоиҳа – пурқувват кардани имкониятҳои илмӣ, таълимӣ, маъмурии донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ тавассути табодули донишҷӯён ва омӯзгорон аст.
Лоиҳа 135 донишҷӯён ва омӯзгорони Осиёи Марказиро аз сатҳи бакалавр, магистр, докторӣ ва баъд аз докторӣ бо тариқи озмун интиҳоб карда, ба донишгоҳҳои Иттиҳоди Аврупо (Испания, Британияи Кабир, Италия, Чехия) ба мӯҳлатҳои гуногун, аз 1 моҳ то 1 сол барои таҳсил ва тадқиқоти илмӣ фиристод ва 5 корманди авропоиро ба донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ сафарбар намуд.
Ба ин лоиҳа 5 донишгоҳҳои Аврупо, 20 донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ шомил ҳастанд. Марҳилаи якум – соли таҳсили 2014-2015, марҳилаи дуюм – соли таҳсили 2015-2016 ва марҳилаи охирин – соли таҳсили 2016-2017-ро дар бар гирифт.
Натиҷаҳои амалӣ гардонидани лоиҳаи CANEM-2 дар донишгоҳ чунинанд:
– 2 нафар устодон барои гузаронидани тадқиқоти илмии постдокторӣ дар Донишгоҳи Генуя (Италия) ба муддати 10 моҳ сафарбар карда шуданд;
– 1 нафар унвонҷӯи донишгоҳ барои идома додани тадқиқоти илмӣ дар Донишгоҳи Генуя (Италия) ба муддати 10 моҳ сафарбар карда шуд;
– 1 нафар магистрант ва 1 нафар донишҷӯ барои таҳсил дар муддати 1 сол дар Донишкадаи бонкии Чехия сафарбар карда шуданд;
– 1 нафар карманди маъмурияти донишгоҳ ба муддати 1 моҳ дар барномаи табодули маъмурӣ дар Донишгоҳи Лас Палмас де Гран Канариа ва дар Донишгоҳи Ҷазираҳои Балеар (Испания) иштирок намуд.
Бо кӯмакуи молиявии лоиҳаи мазкур шӯъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ 9 сафарҳои дарозмуддат ва кӯтоҳмуддати донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандони маъмурии донишгоҳро ба хориҷи кишвар, ба Италия, Испания, Чехия, Қирғизистон бо мақсади идомаи таҳсил, гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ дар хориҷа, иштирок дар семинарҳо, тренингҳо ташкил намуд.
– Лоиҳаи барномаи Темпус – “Омӯзиши забони хориҷӣ барои ҳадафҳои касбӣ” – FLEPP (ҳамоҳангсоз Ҷӯраев А.Ҳ.)
Мақсади FLEPP ин такмили ҷараёни таълими забони англисӣ ва немисӣ дар соҳаҳои хавопаймоӣ, тиб, нафт ва газ, кишоварзӣ, молия, ҳуқуқшиносӣ, илм ва соҳаҳои махсуси иқтисодӣ.
Лоиҳа азнавсозии барномаҳои таълимиро барои омӯзиши забонҳои англисӣ ва немисӣ ба назар гирифта, имкониятҳо барои донишҷӯён барои дастрас гардидани таҷрибаи байналхалқӣ ва навовариҳо фароҳам меовард.
Лоиҳа баргузор намудани конференсияҳо, тренингҳо барои такмили ихтисоси омӯзгорони забони англисӣ, такмил ва таъмини маводи нави таълимӣ, ташкили маркази забонҳоро дар назар дошт.
Ба ин лоиҳа 6 донишгоҳҳои аврупоӣ, 22 донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ шомил буданд.
Дар заминаи лоиҳа 2 нафар омӯзгорони забони англисӣ дар Британияи Кабир, 2 нафар дар Эстония, 2 нафар дар Қирғизистон, 2 нафар дар шаҳри Душанбе ва 8 нафар дар шаҳри Хуҷанд аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида шуданд.
Сафари 1 намояндаи маъмурияти донишгоҳ ба Шветсия бо мақсади мувофиқа намудани нақшаҳои таълимӣ дар моҳи июни соли 2015 баргузор гардид.
Бо кӯмаки молиявии лоихаи FLEPP шӯъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ сафар ва иштироки 20 нафарро (16 омӯзгорон ва 4 кормандони маъмурии донишгоҳро) дар семинархо, трейнингҳо дар хориҷи кишвар, аз ҷумла, дар Италия, Британияи Кабир, Эстония, Озарбойҷон, Қирғизистон ва дар муассисаҳои таълимии ватанӣ, аз ҷумла, дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Гафуров бо мақсади такмили ихтисоси омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, шиносоӣ бо таҷрибаи пешкадами муассисаҳои таълимии хориҷӣ ва ватанӣ (16 нафар) ташкил намуд, ки 64 фоизи миқдори умуми омӯзгорони кафедраҳои забони англисии донишгоҳро ташкил менамояд.
Дар заминаи лоиҳаи мазкур аввалин бор дар донишгоҳ бо кӯмакии молиявии он маркази таълимӣ бо номи Маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ бо таҷҳизот ба маблағи 17680 евро ва адабиёти таълимӣ ба маблағи 2000 евро таъсис дода шуд.
Имруз Маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар назди донишгоҳ фаъолият мебарад ва он чунин вазифаҳоро ба ухда дорад:
- Гузаронидани дарсҳои иловагии забонҳои хориҷӣ барои хоҳишмандон;
- Ташкили такмили ихтисоси омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, англисӣ, русӣ, немисӣ, арабӣ ва ғайра;
- Ташкили семинарҳо, конференсияҳои байналхалқӣ дар масъалаҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ.
Бешубҳа марказ дар баланд бардоштани сифати таълими забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳ саҳми назаррас мегузорад.
-Лоиҳаи барномаи Темпус – “Озмоишгоҳҳои навоварона чун ангезандаи навгониҳои устувор дар секунҷаи маърифат” – INOCAST (ҳамоҳангсоз Ҷӯраев А.Ҳ.)
Ҳадафи лоиҳа ин эҷоди платформаи табодули таҷрибаҳо, ахбор, амалияи хуб ва захираҳо бо мусоидат ба ташкили гуфтугӯи (диалог)-и омӯзишӣ байни донишгоҳҳо ва сектори соҳибкорӣ оид ба ҳамкорӣ, сохтани лоиҳаҳои муштарак бо саноат тавассути фаъолияти ангезандаи озмоишгоххои навоварона мебошад.
4 донишгоҳҳои Аврупо ва 14 донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ дар татбиқи ин лоиҳа иштирок карданд. Шабакаи инноватсионӣ ба хотири ба ҳам овардани тадқиқоти илмӣ, бизнес ва маориф сохта шуд.
Ҳамаи ширкаткунандагон маълумоти худро оид ба актерони асосии бозор пурзӯр мекунанд, барои муайян намудани манфиати ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба хотири пайдо намудани ҷои худ дар бозор кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Чунин корҳо ба сомон расонида шуд:
- Шабакаи инноватсионӣ дар байни донишгоҳҳои аъзоёни консорсиум сохта шуд;
- Омили инсонӣ дар 14 донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ пурзӯр карда шуд;
- Инфраструктура ва кори амалии озмоишгоҳҳои инноватсионӣ таъмин карда шуданд;
- Фарҳанги навоварона байни ҷомеаи донишгоҳҳо афзун гардонида шуд;
- Самараҳои лоиҳа паҳн карда шуданд.
3 омӯзгори донишгоҳ бо мақсади омӯзиши таҷрибаи таъсис ва фаъолияти озмоишгоҳҳои навоварона дар Британия, Шветсия, Испания, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар тренингҳо иштирок намуданд. Дар муддати 3 сол дар доираи лоихаи INOCAST 9 тренинг бо мақсади омӯзиши таҷрибаи озмоишгоҳҳои инноватсионӣ баргузор гардиданд.
Дар заминаи лоиҳаи INOCAST дар донишгоҳ Озмоишгоҳи инноватсионӣ чун зухуроти падидаи нав дар роҳи пайванди илм ва истеҳсолот таъсис дода шуд ва он бо кӯмаки молияви ва ташкилии лоиҳа бо таҷҳизот ба маблағи 22010 евро таъмин карда шуд. Озмоишгоҳи навоварона бояд диди нави муассисаи таълимиву илмиро аз нуқтаи назари таъсири он ба иқтисодиёти шаҳр, минтака ташаккул диҳад.
Озмоишгоҳи навоварона барои амалӣ намудани лоиҳаҳои донишҷӯён дар ҳамкорӣ бо омӯзгорон имкониятҳои васеъ фароҳам меоварад. Тавассути фаъолияти озмоишгоҳи навоварона донишҷӯ дар давраи донишҷӯи бояд қобилияти алоқаманд намудани назария ва амалия ташаккул дихад.
Сомонаи озмоишгоҳи навоварона: http://inocast.tsulbp.tj/
Лоиҳаи барномаи Эразмус+ – “Системаҳои иттилоотии идоракунӣ барои маълумоти олии Тоҷикистон” (ҳамоҳангсоз Ҷӯраев А.Ҳ.)
Ҳадафи лоиҳа – пурқувват кардани имкониятҳои илмӣ, таълимӣ, маъмурии донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ тавассути табодули магистрантон аст.
Лоиҳаи мазкур аз лоиҳаҳои махсуси Барномаи Иттиҳоди Аврупо Эразмус+ буда, онро пешбинӣ мекард, ки 1 нафар магистрант аз ҳар яке аз донишгоҳҳои аъзои консорсиум метавонист, ки бурсия барои таҳсил дар муддати 5-6 моҳ дар донишгоҳи ҳамоҳангсози лоиҳа – Донишгоҳи Лас Палмас де Гран Канариа дархост намуд.
Дар натиҷаи амалисозии лоиҳаи “Системаҳои иттилоотии идоракунӣ барои маълумоти олии Тоҷикистон” 1 нафар магистрант Миркаримов Хасан дар муддати як семестр (5 моҳ) дар Донишгоҳи Лас Палмас де Гран Канариа таҳсил намуд.
-Лоиҳаи барномаи Эразмус+ – “Омӯзиши байнисоҳавии Аврупоӣ дар Тоҷикистон” – TACES (ҳамоҳангсоз Ҷӯраев А.Ҳ.)
Ҳадафи лоиҳа – дастгирии ислоҳоти соҳаи илмҳои гуманитарӣ мебошад.
Амалисозии лоиҳа аз соли 2016 оғоз гардид. TACES лоиҳаи миллӣ буда, дар консорсиуми он 3 донишгоҳи Аврупо ва 6 донишгоҳи Тоҷикистон иштирок мекунанд.
Дар доираи лоиҳа барномаи таълимӣ аз рӯи ихтисоси «Омӯзиши байнисоҳавии Аврупоӣ» барномаи магистратура мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ таҳия гардида, эътирофи он аз тарафи Иттиҳоди Аврупо таъмин карда мешавад. Бояд қайд намуд, ки ин барномаи таълимӣ якумин лоиҳаест, ки дар Тоҷикистон амалӣ мегардад ва аз аккредидатсияи байналмилалӣ гузаронидани барномаи магистриро ба нақша гирифтааст.
Аз рӯи нақшаи ин лоиҳа чунин корҳо ба анҷом расиданд:
– санаҳои 22-26 феврали соли 2016 семинари «Муқаддимаи омӯзиши Аврупоӣ дар Точикистон» дар Донишгоҳи техникии Дрезден (Олмон) баргузор гардид, ки дар он ректорони донишгоҳҳои ҳамкор иштирок намудан;
– дар соли 2017 устодони донишгоҳ дар 2 семинарҳо иштирок намуданд: 2 нафар устодон дар такмили ихтисос ва машваратҳо дар Донишгоҳи Тарту, Эстония (марти соли 2017) ва 3 нафар – дар тренинг-семинар дар Донишгоҳи техникии Дрезден, Олмон (ноябри соли 2017);
– санаҳои 2-3 ноябри соли 2017 дар доираи лоиҳа гурӯҳи устодони донишгоҳ (ҳамоҳангсози лоиҳа Ҷӯраев А.Ҳ. аз фанни «Cross-Cultural Communication (Муоширати байнифарҳангӣ)», профессори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ Зоҳидов О.Х. аз фанни «Philosophy and Methodology of Science (Фалсафа ва методологияи илм)» ва дотсентон Шокиров Р.С. ва Блиничкина Н.Ю. аз фанни «European Economic Integration (Ҳамгироии иқтисодии Аврупо)») барои магистрантони ихтисоси «Омӯзишҳои Аврупо» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон машғулиятҳои лексионӣ гузарониданд.
Бо мақсади ташкили аккредитатсияи байналмилалии барномаи таълимӣ сифати машғулиятҳо ба сифати машғулиятҳои донишгоҳҳои Аврупо мувофиқа шуда истодааст ва ҳамаи машғулиятҳо барои магистрантони ихтисоси «Омӯзишҳои Аврупо» бо забони англисӣ аз тарафи намояндагони донишгоҳҳои ҳамкор гузаронида мешаванд.
Боиси хушнудист, ки санаи 13 январи соли 2018 ҳамчун натиҷаи фаъолияти пурсамари шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ бо рохбарии муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ (ҳамоҳангсози лоиҳа) Ҷӯраев А.Ҳ. дар доираи лоиҳаи Барномаи Иттиҳоди Аврупо Эразмус+ – TACES – «Омӯзиши байнисоҳавии Аврупоӣ дар Тоҷикистон» Маркази омӯзиши Аврупо дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон кушода шуд.
Маркази омӯзиши Аврупо бо таҷҳизи он бо воситаҳои техникии замонавӣ бо маблғи 227 345 сомонӣ таъсис дода шуд.
Ҳадафи Маркази омӯзиши Аврупо кӯмак намудан ба гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ, таълимӣ дар самти омӯзиши Аврупо, тадбиқи барномаи таълимии магистратура дар ихтисоси “Омӯзиши Аврупоӣ”, ки дар доираи лоиҳаи мазкур коркард шудааст ва дар оянда омода намудани барномаҳои дигари таълимии донишгоҳамон барои аккредитатсияи байналмилалӣ, махсусан Аврупоӣ дар назар аст. Бо эътимоди комил бояд изхор намуд, ки марказ дар тайёр намудани мутахассисони варзидаи муносибатҳои байналмилалӣ дар донишгоҳ ва омӯзиш бо забонҳои хориҷӣ саҳми арзанда мегузорад.
- Ҳамкорӣ бо Донишкадаи Конфутсий
Яке яз самтҳои мухими ҳамкории донишгоҳамон ин ҳамкорӣ бо Маркази Конфутсий мебошад.
Ҳадафи ҳамкорӣ – омӯзиши забон ва тамаддуни Ҷумҳурии Мардумии Чин аст.
Натиҷаҳои ҳамкорӣ чунинанд:
- 14 нафар омӯзгорон ва 89 нафар донишҷӯён курсҳои омӯзиши забони хитоиро хатм намуданд ва 17 нафари онҳо соҳиби сертификати байналмилалии забони хитоӣ HSK гардиданд.
- 2 нафар донишҷӯён барои хондан ба Хитой ба муддати як сол дар соли хониши 2013-2014, 3 нафар дар соли хониши 2014-2015, 2 нафар дар соли хониши 2015-2016, 2 нафар дар соли хониши 2016-2017 ва 2 нафар дар соли хониши 2017-2018 роҳхат гирифтанд.
- Донишҷӯ Абдураҳмонов Ҷаҳонгир барои таҳсил дар муддати 4 сол дар бакалавратура роҳхат гирифт.
- 3 нафар омӯзгорони донишгоҳ ба мӯҳлати 15 рӯз ва 4 нафар – ба мӯҳлати 1 моҳ ба Донишгоҳи педагогии Син-Сзян барои омӯзиши забон ва тамаддуни хитоӣ сафарбар карда шуданд.
- 2 нафар аз хайати устодони донишгоҳ С. Солихоҷаева ва Б. Ашрапов, ки дар дарсҳои хитоии гурӯҳи омӯзгорон хеле фаъол иштирок мекарданд, дар семинари Маркази Конфутсий дар мавзӯи “Муаммоҳои омӯзиши забони хитоӣ дар Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Дар рушди ҳамкорӣ бо Маркази Конфутсий, пеш аз ҳама дар тайёрии донишҷӯён барои иштирок дар озмунҳои байналмилалӣ саҳми омӯзгори забони хитоӣ Ли Енхуи, ки омӯзгори Донишгоҳи педагогии Син-Сзян буда, дар давоми 3 сол дар асоси барномаи табодули омӯзгорон дар донишгоҳамон фаъолият бурд, хеле назаррас аст. Бо дастгирии ӯ якчанд донишҷӯёни мо курсҳои забони хитоиро бо мувафақият ба итмом расонида, барои таҳсил дар Хитой роҳҳат гирифтанд.
Бо каноатмандӣ бояд қайд намуд, ки соли 2014 Маркази Конфутсий донишгоҳи моро барои гузаронидани марҳилаи аввали Мусобиқаи байналхалқии забони хитоии “Пули хитоӣ” интихоб намуд, ки он 28 марти 2014 баргузор гардид. Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯёни мо ҳар сол дар ин мусобиқа иштирок менамоянд ва сазовори ҷойҳои аввал мегарданд.
30 майи соли 2014 дар донишгоҳамон консерти хитоӣ бахшида ба ҷашни 10-солагии Маркази Конфутсий дар иҷрои донишҷӯёни донишгоҳҳои пойтахт, ки забони хитоиро меомӯзанд, баргузор гардид. Интихоб ва гузаронидани чунин чорабинӣ махз дар донишгоҳи мо ин як навъ таваҷҷӯҳи хосаи Маркази Конфутсий ба донишгоҳамон мебошад.
Дар донишгоҳ барои ташкили дарсҳои махсус ба донишҷӯёни ихтисоси «Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ» муаллими забони хитоӣ даъват карда шуд. Имконияти даъват намудани омӯзгори забони хитоӣ барои ташкили курсҳои омӯзиши забон вуҷуд дорад ва ҳангоми пайдоиши хоҳишмандон курсҳои забони хитоӣ дар назди донишгоҳ ташкил карда мешаванд.
- Ҳамкории тарафайн
Солҳои охир шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ дар густариши робитаҳои байналхалқӣ корҳои зиёдро ба сомон мерасонад.
Донишгоҳ бо 65 муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дошта, байни намояндагони тарафҳо созишномаҳои мухталиф баста бастааст, ки муҳтавояшонро масъалаҳои табодули раванди тахассусҳо, коркарди усулҳои нав барои беҳтар намудани сифати раванди таълим, табодули устодони варзида барои тадриси донишҷӯён, дар робита бо тадқиқоти илмӣ анҷоми корҳои илмию тадқиқотии муштарак, аз рӯи ихтисосҳои зарурӣ ҷалб кардани магистрҳо, аспирантон, докторантон ва унвонҷӯён ба таҳсил ва ҳимоя кардани рисолаҳои илмӣ, кӯмак барои баланд бардоштани дараҷаи илмии ихтисосии устодону олимон, иштирок дар конференсияҳои илмию амалӣ ва илмию назариявӣ, ҳамоиш ва семинарҳо, навиштани китобҳои дарсӣ, асарҳои илмию тадқиқотӣ, дастурҳои таълимӣ ва ғайра ташкил медиҳад.
Бояд қайд намуд, ки табодули донишҷӯён яке аз самтҳои асосии ҳамкории тарафайн мебошад. Дар донишгоҳ табодули донишҷӯён дар асоси хоҳишашон бо тарики озмуни дохилӣ бо назардошти натиҷаҳои таҳсили донишҷӯён, донистани яке аз забонҳои таҳсили донишгоҳи қабулкунанда (пеш аз ҳама забонҳои русӣ ва англисӣ) ва фаъолнокии онҳо ба роҳ монда мешавад.
Аввалин маротиба табодули донишҷӯён байни донишгоҳҳо дар муддати як семестр аз соли 2015 ташкил карда шуд ва ду нафар донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ (дипломатия) М. Ҷӯрабоева ва Т. Аманбаева дар муддати як семестр дар Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал таҳсил карданд.
Аз 17 ноябри соли 2015 ҳамкорӣ бо Донишгоҳи “Нархоз” (Қазоқистон) дар соҳаи табодули донишҷӯён ба роҳ монда шуд. Тибқи пешниҳоди донишгоҳи мазкур донишҷӯёни мо дар давоми як нимсола дар Донишгоҳи “Нархоз” таҳсил менамоянд. Ин имконият дод, ки донишҷӯён на танҳо бо усулҳои дигари дарсдиҳӣ шинос шаванд, балки таҷрибаи таҳсил дар давлати хориҷӣ пайдо кунанд ва фарҳанги давлати ҳамсояро омӯзанд. Табодули донишҷӯён бо Донишгоҳи «Нархоз» ба хукми анъана даромадааст:
– дар солҳои ҳамкорӣ 31 нафар донишҷӯёни донишгоҳамон барои идома додани таҳсил дар давоми як нимсола ба донишгоҳи номбаршуда сафарбар карда мешаванд;
– санаи 8 декабри соли 2017 дар Донишгоҳи «Нархоз» Форуми байналмилалӣ оид ба таъмини сифати таҳсилот баргузор гардид ва дар он муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ҷӯраев А.Ҳ. дар мавзӯи «Система обеспечения качества образования в Таджикистане» баромад намуд;
– дар семестри аввали соли таҳсили 2016-2017 Эргашев Завқиддин, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ дар байни 250 донишҷӯён аз давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар озмуни минтақавии “Модели Созмони Миллали Муттаҳид”сазовори ҷои 1-ум гардид;
– доираи ҳафтаи байналҳалқии донишгоҳ дар конференсияи байналҳалқии донишҷӯён, магистрантҳо ва унвонҷӯён баромадҳо намуда, Норов Сиёвуш сазовори ҷои 2-юм дар самти “Муносибатҳои байналхалқӣ”, Эргашев Завқиддин сазовори ҷои 3-юм дар самти “Муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ” ва Ҷабборов Меҳрдод сазовори ҷоизаи “Баромадкунандаи беҳтарин” гардиданд;
– дар раванди таҳсил дар Донишгоҳи “Нархоз” донишҷӯёни донишгоҳамон низ дар чунин барномаҳо ва чорабиниҳо иштирок намуданд: Барномаи таълимии СММ “Модели Созмони Миллали Муттаҳид”, Ҳафтаи байналҳалқии донишгоҳ “Cultural Co-Creation: Building Bridges between Countries”, Фаъолияти гурӯҳи мунозиравӣ “Narxoz Debate Club”, Форуми иқтисодӣ дар мавзӯи “Рушди иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ”.
Аз соли 2019 табодули донишҷӯён бо Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л.Н. Гумилёв ташкил карда шуд.
Яке аз самтҳои ҳамкории байналмилалӣ ин иштироки устодони донишгоҳамон дар конференсияҳо ва симпозиумҳои байналхалқӣ мебошад. Ҳар сол конференсияҳои байналмилалӣ дар донишгоҳ баргузор мегардад, ки барои ташкили онҳо шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ бо раёсати корҳои илм ва инноватсияи донишгоҳ ҳамкорӣ менамоянд.
Инчунин, бо мақсади таъмини иштироки устодони донишгоҳ дар конференсияҳои байналмилалӣ дар хориҷи кишвар шуъба ҳар як сафари хориҷиро бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат менамояд ва барои сафаркунандагон оид ба тартиб ва муаммоҳои сафарҳо машварат мегузаронад.
Дар давоми 5 соли охир 9 чорабинии байналмилалии донишгоҳ бо ташаббуси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ баргузор гардид ва сафарҳои 19 нафар устодони донишгоҳ бо мақсади иштирок дар конференсияҳо ва форумҳои байналмилалӣ дар хориҷи кишвар ба роҳ монда шуд.
Донишҷӯёни хориҷӣ донишҷӯёне эътироф мешаванд, ки мансубияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд ва ҳуҷҷате доранд, ки мансубияти онҳоро ба шаҳрвандии давлати дигар тасдиқ мекунад.
Ҳоло дар донишгоҳ донишҷӯён аз Кореяи Ҷанубӣ, Ӯзбекистон, Туркманистон, Афғонистон ва Қирғизистон таҳсил менамоянд.
Донишгоҳ таъмини шароити мусоид барои зисти шаҳрванди хориҷӣ ва риояи Қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳдаи худ мегирад.
Донишҷӯёни хориҷӣ ҳуқуқ надоранд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шаванд.
Донишҷӯёни хориҷӣ ҳуқуқ доранд, ки дар фаъолияти таълимӣ ва ғайритаълимии донишгоҳ (фарҳангӣ, варзишӣ ва ғ.) иштирок намоянд.
Донишҷӯёни хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, дар асосҳои умумӣ бо донишҷӯёни ватанӣ ҳуқуқи истироҳат кардан доранд.
Донишҷӯёни хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода аз ёрии тиббӣ ва дастовардаҳои фарҳангӣ баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.
Донишҷӯёни хориҷӣ метавонанд дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарракардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як ҷо ба ҷои дигар раванд ва ҷои зистро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намоянд.
Ба шаҳрвандони хориҷӣ барои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадан мумкин аст дар ҳолатҳои зерин иҷозат дода нашавад:
– ҳадаф халал расонидани таъмини амнияти миллӣ ё ҳифзи тартиботи ҷамьиятӣ бошад;
– агар дар вақти пештар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадани ин шахс фактҳои аз ҷониби вай вайрон кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуда бошад;
– агар дар вақти пешниҳод кардани дархост барои омадани вай дар бораи худ маълумоти бардурӯғ дода ё ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накарда бошад.+
Шаҳрвандони хориҷие, ки дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ мебошанд, ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон қабул карда мешаванд.
Шаҳрвандони хориҷӣ ба донишгоҳ мувофиқи шартномаи тарафайн бо донишгоҳ барои ҳар як ҷой дар худуди миқдори муайяншудаи иҷозатнома бо пардохти маблағи таҳсил қабул карда мешаванд.
Барои тоҷикони бурунмарзӣ маблағи пардохти шартнома чун шаҳрванди ҷумҳурӣ муқаррар карда мешавад.
Шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба хотири аз бар намудан ва эҳтироми забони давлатӣ ба курси тайёрӣ қабул гардида, баъди аз озмун гузаштан ба курси аввал интиқол дода мешаванд.
Фаъолияти курсҳои тайёрӣ аз моҳи феврал то моҳи июн ба роҳ монда мешавад. Мўҳлати қабули аризаҳои шаҳрвандони хориҷӣ ҳамасола то моҳи феврал муқаррар мегардад. Имтиҳонҳо аз 1 август шурўъ мешаванд.
Натиҷаи имтиҳони хатми шуъбаҳои тайёрии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки ба рӯйхати расмии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд, ба сифати натиҷаи имтиҳони дохилшавӣ хисоб карда мешавад.
Шаҳрвандони хориҷӣ бо донишгоҳ қарордод ба имзо мерасонанд, ки дар он шартҳои таҳсил, уҳдадорӣ ва ҳуқуқҳои тарафҳо нишон дода мешавад.
Довталабоне, ки дар рӯзи муайяншуда бесабаб ба озмуни қабул иштирок намекунанд, аз сўҳбат нагузашташуда ҳисобида мешаванд.
Дар сурати қаноатманд набудан аз озмун довталаб ҳуқуқ дорад, ки бо натиҷаи суҳбаташ (агар хаттӣ низ бошад) дар мўҳлати то 3 рӯз тариқи апеллятсия шинос шавад. Баррасии апеллятсия аз нав гузаштани сўҳбат набуда, балки танҳо санҷиши дурустии он мебошад ва натиҷаи он дар суратљаласа қайд карда мешавад.
Ҳуҷҷатҳое, ки довталабон ба комиссияи қабул пешниҳод менамоянд
1) Аризаи шахсӣ (анкета оид ба қабул ба таҳсил) бо нишондоди ихтисоси интихобшуда ва шакли таҳсил;
2) Ҳуҷҷати аслии таҳсилот, ки ба ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳсилот баробар аст (Шаҳодатномаи баробарарзишӣ оид ба таҳсилот), бо нишондоди ихтисос (дараҷа), фанҳои омӯхташуда ва натиҷаи баҳоҳо, тасдиқи тарҷумаи онҳо ба забони давлатӣ ва ё русӣ бо тартиби муқарраргардида;
3) Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ (барои онҳое, ки ба курси 1 қабул мешаванд);
4) Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти пурра ва инчунин маълумотномаи академӣ (ва ё диплом) дар бораи таҳсилоти олии нопурра ё диплом дар бораи таҳсилоти касбии зинаҳои гуногун (барои онҳое, ки ба курсҳои болоӣ қабул мешаванд);
5) Дипломи бакалавр (ва ё мутахассис) ё дипломи ба ин дараҷаи ихтисос баробар (барои онҳое, ки ба магистратура қабул мешаванд);
6) Дипломи магистр (ва ё мутахассис) ё дипломи ба ин дараҷаи ихтисос баробар (барои онҳое, ки ба аспирантура қабул мешаванд);
7) Дипломи номзади илм ва ё дипломи ба ин дараҷаи ихтисос баробар (барои онҳое, ки ба докторантура қабул мешаванд);
8) Шаҳодатномаи намунаи муқаррашуда дар бораи бо муваффақият хатм намудани курсҳои тайёрии пеш аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ ё шуъбаҳои тайёрии яке аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ки ба рӯйхати расмии муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд;
9) Маълумотномаи тиббии намунаи муқарраршуда, ки набудани бемории аломати масунияти бадан (СПИД)-ро шаҳодат медиҳад ва дар он қайди махсус гузошта шуда, аз тарафи идораи расмии нигаҳдории тандурустии кишвари хориҷӣ тасдиқ шудааст;
10) Нусхаи шиноснома бо раводид ва қайди амалкунанда (ҳангоми дар худуди Ҷумҳурии Тоҷикистон будан);
11) Корти муҳоҷирӣ;
12) 6 дона сурати 3х4. Ҳуҷҷатҳои довталабон баъди аз нострификатсия (баробарарзишии) гузаронидани ҳуҷҷати таҳсилоти худ ва муайян шудани дараҷаи сатҳи таҳсилот қабул карда мешаванд.
Қоидаҳои гирифтани раводид
Раводиди таҳсилии академӣ (О-1) – ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, аспирантҳо, докторантҳо ва аъзои оилаи шахсони номбурда дода мешавад.
Барои гирифтани раводид ҳуҷҷатҳои зерин дар асл ва як нусха пешниҳод карда мешаванд:
– шиносномаи ҳақиқии хориҷӣ; Шиноснома бояд на камтар аз 2 варақи тозаро, ки барои раводид пешбинӣ шудааст, доро бошад, мӯҳлати эътибори он, чун қоида, набояд пештар аз 6 моҳ аз охири мӯҳлати амали раводид ба итмом расида бошад;
– анкетаи раводидии пуркардашуда.
Анкетаи раводид хоно тариқи дастӣ бо ҳуруфоти чопӣ, ё ин ки бо истифода аз воситаҳои техникӣ ба таври компютерӣ бо забони тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ё забони давлати иқомати муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон пур карда шуда, аз ҷониби аризадиҳанда шахсан ба имзо расонида мешавад.
Дар ҳолати пур шудани анкетаи раводид аз ҷониби ташкилоти байналмилалӣ ё ғайриҳукуматӣ дар хоначаи «сана ва имзо» (саволи 31) анкетаи раводид мӯҳр ва имзои роҳбари ташкилоти дархосткунанда монда мешавад;
– расид дар бораи пардохти боҷи давлатӣ ва хироҷи консулӣ;
– нусхаи раводиди аввалаи (қаблӣ) Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– маълумотномаи тиббӣ дар бораи ташхиси тиббӣ ба вируси масъунияти бадани одам (ВИЧ/СПИД) аз муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати иқомати шаҳрванди хориҷӣ.
– мактуб-дархости муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қайди давлатӣ доранд, бо маълумот дар бораи донишҷӯ ва курси таҳсили ӯ;
– нусха аз фармони муассисаи таълимӣ ё илмӣ дар бораи қабул шудани шаҳрванди хориҷӣ барои таҳсил дар таълимотгоҳ, аспирантура, докторантура;
– нусхаи билети донишҷӯ ва китобчаи имтиҳонӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таълимоти олӣ ва қарордод дар бораи таҳсилот.