Шуъбаи корҳои тарбия

Ҳасанов Маъруфҷон Маҳмудбоевич

мудири шуъбаи корҳои тарбия

Шуъбаи корҳои тарбия дар асоси фармони ректори донишгоҳ аз 17 апрели соли 2006,  таҳти №39 «таъсис дода шудааст.

Фаъолияти шуъбаи  корҳои тарбиявӣ дар асоси Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба роҳ монда шуда, ҳадафаш татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар руҳияи ватандустӣ, хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва шаъну шарафи шаҳрвандӣ тарбия намудани ҷавонон, пешгирии зуҳуроти бегонашавӣ ва бегонапарастӣ, гаравиш ба ташкилоту созмонҳои ифротгаро ва тақлидкунандаи таассуби динӣ, талқини тарзи ҳаёти солим байни донишҷўён мебошад.

Шиори шуъбаи корҳои тарбияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон «Тарбия ва ба воя расонидани насли сазовору арзанда барои Ватани маҳбубу соҳибистиқлол» мебошад.

Таълифоти илмӣ

Зерсохторҳои шуъбаи корҳои тарбия:

Раисии Шўрои кураторон  муовини ректор оид ба корҳои тарбия, н.и.и.,дотсент, Норматова Шаҳноза Маноновна

Шўрои кураторон дар асоси қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 феврали соли 2008, таҳти №3/3, Низомномаи Шўрои курторони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо фармони ректори ДДҲБСТ аз 05.05.2008, №28 бо мақсади тақвияти корҳои тарбиявӣ, кўмаки методӣ ба кураторони гурўҳҳои академӣ, танзими фаъолияти кураторӣ дар назди шуъбаи корҳои тарбияи донишгоҳ таъсис дода шудааст.

Шўрои кураторони донишгоҳ бо мақсади расонидани ёрии амалӣ ба кураторони гурўҳи академӣ дар ҷодаи таълим ва тарбия намудани мутахассисони соҳибмаълумот таъсис дода шудааст.  Ҳайати Шўрои кураторони донишгоҳ аз 33 нафар иборат мебошанд.

Мақсад ва вазифаҳои фаъолияти Шўрои кураторон:

– назорат ва таъмини  риояи «Дастурамали тавсиявии хонандагон ва донишҷўён»;

-ёрии амалӣ дар ташаккули ахлоқи ҳамида, рушду нумўи шахсият ва маданияти волои донишҷўён ба кураторон;

– сайқал бахшидани зуҳуроти ҷамъияти худидоракунӣ дар ҷамъияти донишҷўён;

-татбиқи усулҳои самараноки корҳои тарбиявӣ ва  саҳмгирӣ дар ташкил ва гузаронидани соатҳои кураторӣ, хонишҳои сиёсӣ, озмунҳо.

– сайқал бахшидани зуҳуроти ҷамъияти худидоракунӣ дар ҳамъияти донишҷўён;

-татбиқи усулҳои самараноки корҳои тарбиявӣ ва  сањмгирӣ дар ташкил ва гузаронидани соатҳои кураторӣ, хонишҳои сиёсӣ, озмунҳо.

Саломов Дилшод Фурқатович – мудири шуъбаи  кор бо ҷавонон

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи сиёсати давлатиро дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳои созанда, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастдошта  мењисобанд.  Қабули чандин санадњо дар самти сиёсати давлатии ҷавонон, бахусус, ба  тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таъсис додани Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ» ва дар ин замина дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар таъсис ёфтани Созмонҳои ҷавонон ба насли ҷавони кишвар рӯҳу илҳоми тоза бахшид.

Дар иртибот ба фармони мазкур дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Созмони ҷавонон ба ҳайси сохтори мустаӣил ба фаъолият шурўъ намуд, ки тайи солҳои гуногун шахсони зерин роҳбарӣ кардаанд: Ғиёсов Рустам Раҳматуллоевич (1994 – 1998), Ғозиев Аҳадхон Аҳмадхонович (1998 – 1999), Ҷӯрабоев Ҷамшед Ҳабибуллоевич (1999 – 2000), Дадоматов Далер Нишонбоевич (2000 – 2003), Хонхоҷаев Фаррух Тошхоҷаевич (2003 – 2008), Саидов Шӯҳрат Шукурович (26.08.2008 – 19.11.2008), Ҳасанов Маруфҷон Маҳмудович (11.2009 – 08.2012), Исомитдинов Ҷумабой Ҷўрабекович (02.2012 – 06.2017). Бобоҷонов Ғайрат Мансурҷонович (06.2017 – 08.2018),

Сипас, созмони мазкур тағйири ном кард ва ба худ шуъбаи кор бо ҷавонон унвон гирифта, роҳбарии шуъбаро Мирзобаев Мирзоҷон Рустамҷонович аз (08.2018 – 01.2021 ) ба зимма дошт.Ҳоло бошад мудирии шуъба аз. 03.2021 то ҳол ба ӯҳдаи Саломов Дилшод Фурқатович мебошад.

Самтҳои фаъолияти шуъбаи кор бо ҷавонон:

– дар амал татбиӣ намудани санадҳои меъёрию ҳуӣуӣӣ вобаста ба сиёсати давлатии ҷавонон;

-баргузор намудани чорабиниҳои мухталиф ҷиҳати тарбияи ҷавонон дар рўҳияи худшиносию худогоҳии миллӣ, ватандўстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ;

-дарёфти усулҳо ва тарҳрезии наӣшаҳои нав ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагию ободкорӣ;

-тарғибу ташвиӣи эҳсоси ватанпарастии ҷавонон тавассути васоити ахбори омма;

-фаъолгардонии кори созмонҳои ҷамъиятӣ, кўмак намудан дар амалигардонии маӣсад ва вазифаи оинномавии онҳо;

-баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон, мусоидат дар таъмини  шароити фарҳангию фароғатӣ, илмию варзишии ҷавонон;

-густариши робитаҳои судманд бо созмонҳои ҷавонони ҷумҳурӣ.

Телефонҳо барои тамос: 8342222563 –корӣ, 92-630-29-30 – мобилӣ

 

 

Шўрои донишҷўён

Шўрои донишҷўёни Донишгоҳи давлатии ҳуҳуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мақоми доимоамалкунанда, дастаҷамъӣ ва худидоравии донишҷўён буда, ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои донишҷўён ва татбиқ намудани вазифаҳои дар Низомномаи Шўрои донишҷўёни муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда фаъолият менамояд.

Шўрои донишҷўён бо шуъбаи корҳои тарбия, инчунин, зерсохторҳои он оид ба масоили гуногуни марбут ба манфиатҳои донишҷўён робитаи доимӣ дошта, дар фаъолияти худ қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи чорабиниҳои донишгоҳ, қарорҳои Шўрои олимони донишгоҳ ва факултетҳои он, инчунин, муқаррароти Низомномаи Шўрои донишҷўёни муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ мегирад.

Хадафҳои фаъолияти Шўрои донишҷўён иборатанд аз:

– ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои умумии донишҷўён;

– ҳамкорӣ, вусъатдиҳӣ ва мустаҳкам намудани алоқаи донишҷўёни донишгоҳ бо донишҷўёни донишгоҳҳои дигар,

– таъсис ва таъмини фаъолияти воситаҳои иттилоотии донишҷўён, ҳамчунин, васоити ахбори электронии омма;

– иштирок дар идоракунии донишҷўён аз номи ҷамъияти донишҷўён тибқи шартҳои дар Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ пешбинишуда;

– мусоидат ба ҳамкории созанда оид ба масъалаҳои ташкили раванди таълим байни донишҷўён, маъмурият ва омўзгорони донишгоҳ;

– амалӣ намудани дархосту пешниҳодоти илмию фарҳангии донишҷўён, дастгирии афкору андеша ва лоиҳаҳои онҳо, кўмак ба донишҷўён дар татбиқи имконоти эҷодӣ, ташкилӣ ва илмӣ;

– мустаҳкам кардани интизом ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсї ва  фарҳанги донишҷўён;

Хадамоти амнияти донишҷўён ва дружиначиёнӣ ихтиёрӣ

Хадамоти амнияти донишчуён ва дружиначиёнӣ ихтиёрӣ сохтори ихтиёрии донишчуёни донишгоҳ буда, бо мақсади таъмини тартиботи чамъиятӣ ва мубориза бар зидди хукуквайронкуниҳо дар байни донишчуён, пешгирии таблиғоту ташвиқоти зиддиконститутсионӣ, расонидани ёрии зарурӣ ба роҳбарияти донишгоҳ ҳангоми руҳ додани ходисаҳои фавкулодда таъсис дода шудааст.

Дар фаъолияти худ Хадамоти амнияти донишҷўён ва дружиначиёни ихтиёрӣ талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ», санадҳои дигари меъёриву ҳуқуқии Ҷумхурии Тоҷикистон, Оинномаи донишгоҳ ва Низомномаи хадамоти амнияти донишҷўён ва дружиначиёнӣ ихтиёриро ба рохбарӣ мегирад.

Ба самтҳои асосии фаъолияти Хадамоти амнияти донишҷўён ва дружиначиёни ихтиёрӣ дохил мешавад:

-таъмини тартиботи чамъиятӣ ва пешгирӣ намудани конуншиканиҳо дар худуди донишгоҳ;

-таъмини тартибот дар чорабиниҳои сиёсй, фарҳангӣ ва тарбиявй дар ҳудуди донишгох ва шаҳру вилоят:

-расонидани ёрй ба кормандони мақомоти хифзи ҳуқуқ хангоми иҷрои вазифаҳои хизматй;

-ташкили чораҳои таъхирнопазир барои бартараф кардани оқибати офатҳои табиӣ, холатхои фавкулодда, пешгирй намудани онҳо ва расонидани кумак ба зарардидагон:

-бо дархости мақомоти корҳои дохила ба роҳ мондани хифзи тартиботи чамъиятӣ дар худуди маҳалли дахлдор:

-баргузор намудани сўҳбату вохўриҳо бо вайронкунандагони тартиботи чамъиятй:

-иштирок дар чорабиниҳои пешгирии чинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ:

-саривакт огоҳ намудани роҳбарияти донишгоҳ оид ба вазъи тартиботи чамъиятӣ.

Ба аъзогии Хадамоти амнияти донишҷўён ва дружиначиёни ихтиёрӣ, донишчуёне кабул карда мешаванд, ки ба синни 18 расида бошанд, сифатҳои корӣ ва ахлоқиашон бенуқсон буда,  вазъи саломатиашон барои ичрои вазифаҳо оид ба таъмини тартиботи чамъиятӣ ҷавобгў бошад.

 

Худидоракунии донишҷўён

Худидоракунии донишҷўён яке аз самтҳом муҳими фаъолияти бахши кор бо ҷавонон ва созмони ҷамъиятии донишгоҳ ба шумор меравад. Ҳадафи асосии фаъолияти Худидодаркунии донишҷўён ин дар ниҳоди донишҷўён парваридани ҳисси масъулият, тарбияи кадрҳои болаёқати роҳбарӣ, ҷалби онҳо ба низоми давлатдорӣ, баланд бардоштани маҳорату малакаи корбарии донишҷўён мебошад.

Ҳамасола Қарори раиси вилояти Суғд «Дар бораи ташкил ва гузаронидани Ҳафтаи иштироки донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд» ба тавсиб мерасад.

Дар донишгоҳ дар асоси Қарори раиси вилоят, фармоиши ректори донишгоҳ «Дар бораи ташкилу баргузории Ҳафтаи иштироки донишҷўён дар идоракунии донишгоҳ» бароварда мешавад. Ҳафтаи иштироки донишҷўён дар идоракунии донишгоҳ даври аввал дар факултетҳо ва даври дуюм дар сохторҳои раёсати донишгоҳ гузаронида мешавад. Дар Ҳафтаи иштироки донишҷўён дар идоракунии донишгоҳ танњо донишљўёне, ки дониши хубу аъло дошта,  дар чорабиниҳои илмиву тарбиявӣ фаъол мебошанд, иштирок мекунанд.

Довталабон аз рўи хулоса ва тавсияи комиссияи интихоби довталабон барои иштирок дар «Ҳафтаи иштироки донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд» интихоб гардида, дар асоси фармоиши ректори донишгоҳ дар ин чорабинї иштирок мекунанд.

Мудири бахши кор бо занон ва духтарон

Алимбоева Шарафнисо Бобоҷоновна

Бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ қаблан  чун Шўрои занону бонувон зикр мегашт. Аз ибтидои таъсисёбии донишгоҳ бахши кор бо занон ва духтарон фаъолият дошта, идомаи солҳои мухталиф вазифаи роҳбарии ин бахшро олимаҳои шинохта – шодравон, профессор Т.Бердиева, дотсентон М.Набиҷонова, Д.Мирзоева, аз моҳи апрели соли 2014 то феврали соли 2015 мутахассиси шуъбаи корҳои тарбия Н.Раҳмонова, аз ибтидои моҳи март то сентябри соли 2015 вазифаи мазкурро муовини ректор оид ба корҳои тарбия, дотсент М.Хоҷаева дар асоси ҷамъиятӣ пеш бурдаанд. Аз моҳи сентябри соли 2015 то имрўз роҳбарии бахши кор бо занони донишгоҳро Шарафнисо Алимбоева ба зимма дорад.

Ҳадафи асосии фаъолияти бахши кор бо занону духтарони донишгоҳ:

– амалисозии нақшаи чорабиниҳои таҳиягардида бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа;

– ба роҳ мондани фаъолияти занону духтарон дар ҳаёти ҷамъиятӣ;

– истифодаи нерўи зеҳнии занону духтарон дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ,  тарбияи мутахассисони ояндасоз;

– саҳмгузорӣ дар бунёди ҷамъияти устувор, боадолат ва ҳаматарафа мутараққӣ.

Омода ва таъмини занону духтарон дар маҳфилу озмунҳои дорои аҳамияти тарбиявию маърифатидошта яке аз самтҳои асосии фаъолияти бахш ба ҳисоб меравад.  Ҳамасола,  фестивал – озмунҳои «Атлас ва адраси тоҷик», «Ҷилваи чакан – хандаи ҳусн», чорабинии «Корвони Наврўзӣ» ва дигар чорабиниҳое, ки бо иштироки бонувон доир мегардад, бахши занону духтарон барои омода намудан ва иштироки занону духтарон масъулияти бештар зоҳир менамояд.

Ҷиҳати амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва санадҳои меъёрии дигар бобати иштироки фаъоли бонувон дар ҳаёти ҷамъиятӣ мунтазам мулоқоту вохўриҳо  бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, тақвияти дониш ва маърифати занон роҳандозӣ мегардад.

Бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти босамари маҳфилҳои  ҳунарии дар донишгоҳ амалкунанда «Дастони моҳир», «Атлас ва адрасбофӣ», “Ганҷинаи ҳунар” масъул мебошад.

Маҳфилҳои ҳунарӣ:

Маҳфили «Атлас ва адрасбофӣ»

Маҳфили «Ганчинаи хунар»

Маҳфили «Дастони моҳир»

«ОШЁНИ МЕҲР»- МАСКАНИ ИСТЕЪДОДҲОИ ҶАВОН

Дастаи созию овозии «Ошёни меҳр»-и донишгоҳ таҳти роҳбари бадеии даста Саидқодир Ёқубов аз ҳисоби муҳассилини соҳибистеъдоди факултетҳо сафи худро пурра намуда, бо барномаҳои гуногун дар донишгоҳ ва берун аз он ҳунарнамоӣ менамояд.

Дастаи созию овозии «Ошёни меҳр» бештар аз 40 нафар дилбохтагони санъати овозхонӣ, рақс, ровиён, навозандагон, актёрони ҷавонро дар меҳвари хеш гирд овардааст. «Ошёни меҳр» бо дастпарварони худ иштирокчӣ ва ғолиби дукаратаи фестивал-озмуни муҳассилини мактабҳои олии касбии вилоят «Садои ҷавонӣ», иштирокчии барномаҳои фарҳангии се ҳамоиши илмии байналмилалӣ дар ДДҲБСТ, барандаи ҷоизаҳои озмунҳои ҷумҳуриявӣ мебошад.

«Ошёни меҳр» ба маскани истеъдодҳои ҷавон табдил ёфтааст. Дар соли таҳсили нав даста аз ҳисоби истеъдодҳои нав пурратар ва доираи фаъолияташ фарохтар гардид.

Дар доираи фаъолияти дастаи созию овозии «Ошёни меҳр» маҳфилҳои зерин амал мекунанд:

Маҳфили сарояндагон

Маҳфили рақсии «Хушхиром»

Маҳфили ровиён

Маҳфили зарифон ва ҳозирҷавобон (КВН)

Театр – студияи «Парвози истеъдод»

Маҳфили навқаламони «Пайраҳаи умед»

Зиёда аз 40 нафар донишҷўёни фаъол ва ҳунарманд аъзои маҳфилҳо мебошанд. Аъзоёни дастањои њунарии донишгоњ мунтазам дар озмунҳо, фестивалҳо ва барномаҳои фарҳангии шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида,  дорандаи ифтихорномањои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, ҷоизаи озмуни телевизиони ҷумҳуриявии «Овози тиллоӣ» ва ѓайра мебошанд.

Дастаи хушдилон ва хозирҷавобон

Раёсати донишгоҳ тибқи нақшаи чорабиниҳои тарбиявӣ ҷиҳати тақвияти фаъолияти эҷодии ҷавонон, дарёфти истеъдодҳои нав ва дастгирии онҳо, такмил додани маҳорати иҷрокунандагии даставу гурўҳҳои эҷодии донишҷўён ва барои баланд бардоштани ҳисси фарҳангдўстию меҳанпарастии ҷавонон ташкилу роҳандозии маҳфилҳои мухталифро таҳти назорат гирифтааст.

Дар радифи маҳфилҳои дигари амалкунанда феълан дар донишгоҳ дастаи хушдилон ва ҳозирҷавобон таъсис дода шуда, ҳунарнамоии он сол то сол тақвият меёбад. Мушаххастар, дастаи ҳозирҷавобони донишгоҳ тибқи падидаҳои солҳои 2000-ум тавлид ёфтаву дар озмунҳои мухталифи вилоятиву ҷумҳурӣ ва байналхалқӣ ширкат намудааст. Сараввал дастаи хушдилон ва ҳозирҷавобони донишгоҳ бо номи «Законники» ва «Дипломат без диплома» таъсис ёфт ва он на танҳо дар мусобиқоти вилоятию ҷумҳуриявӣ, ҳатто дар мусобиқаи дастаҳои КВН-и Осиёи Миёна ширкат намуда, байни даҳ даста ғолибиятро ба даст овард.

Шурўъ аз соли 2005 дастаи мунтахаби хушдилон ва ҳозирҷавобони ДДҲБСТ ба худ номи «Болшая перемена» – ро гирифт. Соли 2009 дастаи мунтахаби ДДҲБСТ аз нав аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд пурра гардид ва фаъолияти хешро дар ҳамаи чорабиниҳои донишгоҳӣ бо барномаҳои ҷолиб муаррифӣ намуда тавонист. Дар ин давра дастаи ҳозирҷавобон номи пешинаи ҳайатро ба «INFINITY» табдил дод. Вожаи мазкур, яъне «INFINITY» дар тарҷума аз забони англисӣ ба тоҷикӣ маънои «Беохир» – ро ифода менамояд.

Дастаи хушдилон ва ҳозирҷавобони «INFINITY» расман аз соли 2010 дар бозиҳои Лигаи олии Хуҷанд иштирок менамояд. Даста иштирокчӣ ва ғолиби озмунҳо дар соли 2010-2011 гардид. Ҳатто намояндагони дастаи ҳозирҷавобони донишгоҳ дар ҳайати дастаи мунтахаби вилояти Суғд таҳти унвони «Тоҷмаҳал» дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва соли 2011 дар фестивали 22-юмини байналхалқии хушдилон ва ҳозирҷавобон дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ширкат намуд. Нуктаи муҳим он аст, ки соли 2014 дастаи мунтахаби донишгоҳии хушдилон ва ҳозирҷавобон чемпиони Тоҷикистон гардид. Дар соли 2015 низ дастаи донишгоҳ то ба даври ниҳоӣ расид.

Зикр намудан бамаврид аст, ки солҳои охир дастаи хушдилон ва ҳозирҷавобони маъвои маърифат таҳти унвони «Мунтахаби ДДҲБСТ» дар бозиҳои Лигаи олии Хуҷанд иштирок дорад.

ОСОРХОНАИ ДДҲБСТ

5 августи соли 2011 бо дастгириву иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави таълимӣ ва Осорхонаи донишгоҳ ифтитоҳ ёфт. Соли таҳсили 2013-2014 Осорхонаи мазкур таҷдид гардид ва ҳоло Осорхонаи ДДҲБСТ унвон гирифт.

Мақсади таъсиси Осорхона дар донишгоҳ тарбия ва густариш намудани ҳисси ватанпарастӣ, худогоҳӣ, ҳифзи анъанаҳои неки донишгоҳ, ифтихор аз дастовард ва барои пешрафти пайваста роҳнамоӣ кардан аст.

Дар Осорхона зиёда аз ҳазор экпонату ҳуҷҷатҳо маҳфузанд, ки аксари онҳо дар бораи таърихи донишгоҳ, дастовардҳои илмиву таълимӣ ва тарбиявии донишгоҳ далолати шайъӣ медиҳанд.

Бо сиёсати созандаву маорифпарваронаи Асосгузори сулњу Вањати миллї – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо таърихи донишгоҳ зич пайвастагӣ дорад,  лавҳаҳои махсуси суратҳо мањфуз дошта шудааст.  Дар онҳо ташрифи расмии Сарвари давлат ба донишгоҳ, ки ду маротиба сурат гирифта буд, ба маърази дидан пешниҳод гардидааст.

Осорхонаи донишгоњ бо маќсади  дарёфт, нигоҳдорӣ, таҳқиқ ва намоиши оммавии ашё ва коллексияҳои таърихию фарҳангӣ фаъолият дошта,  ашёи арзишманди бозгукунандаи  таърихи  донишгоњро аз давраи таъсисёбї то имрўз ба њисоб меравад.

Суроға: 735700, шаҳри Хуҷанд, микроноҳияи 17, ДДҲБСТ, бинои таълимии №2, ошёнаи якум.