Раёсати маъмурию хоҷагидорӣ
Раҳимбоев Ғайратҷон Ғафурҷонович – сардори раёсати маъмурию хоҷагидорӣ
Ба ҳайати раёсати маъмурию хоҷагидории донишгоҳ шуъбаи таъминот ва сохтмони асосӣ, шуъбаи банақшагирӣ, ояндабинӣ, татбиқи буҷа ва маблағҳои махсус, раёсати маъмурию хоҷагидорӣ, бахши хўроки умумӣ, маҷмааи варзишӣ- фарҳангӣ, минтақаи таҷрибаомўзӣ ва истеҳсолӣ, бунгоҳи тиббӣ шомил мебошанд. Фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ва фароғати аҳли донишгоҳ, татбиқи роҳҳои нави хоҷагидорӣ, танзими кори хадамоти хоҷагии донишгоҳ, нуқтаҳои хўроки умумӣ дар ҳудуди донишгоҳ, таъминот бо маводҳои зарурӣ, пешбурди корҳои таъмиру сохтмон дар биноҳои донишгоҳ аз самтҳои асосии фаъолияти бахши корҳои иқтисодӣ ва молиявӣ маҳсуб мегарданд.
Андешидани тадбирҳо вобаста ба самти корҳои таъмиру сохтмонӣ, ободонию сабзкории атрофи биноњои таълимӣ, парвариши дарахтони мевадињандаю гулҳои ороишӣ, таъминот бо маводу лавозимоти хониш, ҷиҳозонидани раванди таълим бо технологияи муосири замонавӣ, марњила ба марњила харидории воситаҳои навини техникӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти раёсат ба ҳисоб меравад.
Раёсати хоҷагию маъмурии донишгоҳ ҷиҳати дар оянда барои боз ҳам вусъат бахшидан баҳри таҳкимбахшии заминањои моддию техникӣ ва корҳои ободониву созандагӣ тадбирҳои иловагиро ба нақша гирифта, амалӣ месозад. Имрўз дар қисми хоҷагӣ 86 нафар кормандон фаъолият мебаранд.