Раёсати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва РИ

Самадова Заррина Акрамҷоновна – сардори   раёсати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва рушди инноватсионӣ,  номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Ҳадаф ва самти асосии фаъолияти раёсати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва рушди инноватсионии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро назорат, ташкил ва танзими фаъолияти илмию назариявӣ ва илмию амалии сохторҳои марбутаи донишгоҳ, таъсису ташкил, татбиқ ва назорати иҷрои нақшаҳои фаъолияти ҷорӣ ва дурнамои муассиса дар асоси талабот ва нишондодҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф ва  илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад.

Раёсати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва рушди инноватсионӣ дар доираи қонунҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати  иҷрои мунтазам  ва татбиқи қарору фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф вобаста ба илм, ташкилу танзими раванди корҳои илмию тадқиқотӣ дар донишгоҳ, рушд ва таҳкими  ҷанбаҳои зеҳнӣ, густариши илм, тадқиқот, омода кардани мутахассисони соҳиби унвони илмӣ, муҳайё намудани фазои мусоиди эҷодиву илмӣ, кашфиёту ихтироот ва умуман ҷабҳаҳои марбут ба самтҳои илмии донишгоҳ муттасил фаъолият мебарад. Дар ин раванд  ташкилу баргузории ҳамоишҳои илмӣ, таъмини иштироки мунтазами олимону устодон, унвонҷўёну аспирантон ва донишҷўён дар озмуну конференсияҳо, семинару диспутҳои асарҳои илмӣ, форумҳо ва чорабиниҳои илмии сатҳи донишгоҳӣ, шаҳрӣ, вилояту ҷумҳурӣ ва байналхалқӣ, такмил ва назорати раванди фаъолияти сохторҳои илмии донишгоҳ, мафҳилу семинарҳо, дуруст ва самаранок ба роҳ мондани раванди корҳои илмию тадқиқотӣ, такмилу назорати мунтазами вазъи табъу нашр ва фаъолияти илмӣ,  танзим ва банақшагирии сафарҳои илмӣ, рухсатии эҷодӣ ва илмӣ, инъикоси фаъолияти илмии донишгоҳ, ташкил ва банақшагирии раванди тадқиқотҳои бунёдӣ, танзим ва ташкили самараноки робитаҳои илмию истеҳсолӣ ва ғайраҳо самтҳои асосии фаъолияти раёсати  корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишгоҳро ташкил медиҳанд.

    Таълифоти илмӣ

Зерсохторҳои раёсати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва рушди инноватсионӣ

Мудири бахши технологияҳои иттилоотӣ ва рушди инноватсионӣ 

  н.и.и., дотсент Қурбоналиев Алишер Ҳайдаралиевич

Бахши технологияҳои иттилоотӣ ва рушди инноватсионӣ  қисми сохтории Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон буда, фаъолияти худро тибқи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ”, Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, Оинномаи Донишгоҳ ва Низомномаи бахш  амалӣ менамояд.

Мақсад ва вазифаҳои бахши технологияҳои иттилоотӣ ва рушди инноватсионӣ:

– баланд бардоштани сатҳи фаъолияти инноватсионї, сатҳи квалификатсия ва омодасозии байни фаннии мутахассисони аз ҷиҳати инноватсионӣ фаъол, ки дар бозори меҳнат рақобатпазир мебошанд;

-ҳосилкунии идеяҳои инноватсионӣ;

-иҷрои тадқиқотҳои илмии фундаменталӣ ва амалӣ, корҳои таҷрибавӣ-конструкторӣ;

-амалӣ гардонидани фаъолияти илмӣ-тадқикотии ҳайати профессорӣ ва омӯзгорӣ, кормандони илмӣ, докторантон, унвонҷӯён, аспирантон ва донишҷӯён;

-паҳн намудани иттиллоот оид ба инноватсияҳои муосири соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт дар раванди фаъолияти таълимии донишҷӯён;

-гузаронидани аттестатсияи кормандон дар самти баланд баровардани маърифати тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмӣ ва маҳсулотҳои зеҳнии дар сохторҳои донишгоҳ ҳосилшуда, ҷалби сармояи иловагӣ барои таъмини фаъолияти инноватсионӣ;

-ҳамкорї  бо ширкатҳои инноватсионӣ, рушди методҳои инноватсионии таълим ва такмили мӯҳтавои он.

-ташкили маркази трансфери технологияҳо, бизнес-инкубаторҳо ва корхонаҳои хурди инноватсионӣ;

-ҳосилкунии идеяҳои нав, гузариш аз тадқиқотҳои индивидуалӣ ба тадқиқотҳои байнифаннии гурӯҳӣ;

-кор карда баромадани базаи маълумотҳо ва дастгирии иттилоотии фаъолияти инноватсионии донишгоҳ.

-рушди технологияи инноватсионӣ, барномасозӣ,  технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ ва ғайра.

Таълифоти илмӣ

 

Шуъбаи магистратура, омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ

Мудири шуъбаи магистратура, омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, дотсент Асророва М.А.

Тибқи фармоиши Вазири маорифи ҶТ аз санаи 24.04.2013 таҳти №958 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди фаъолияти таълимии магистратура аз рўи ихтисосҳои сиёсатшиносӣ, молия ва қарз, баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит, менеҷмент, иқтисодиёти ҷаҳонӣ, технология ва низоми иттилоот (дар иқтисодиёт), ҳуқуқшиносӣ, андоз ва андозбандӣ, иқтисодиёт ва идора дар корхона, хадамоти гумрукӣ, маркетинг, иҷозат дода шуд.

Шуъбаи магистратура фаъолияти худро ба тайёр намудани магистрантони сатҳи баланди тахассусмандӣ равона менамояд. Дар роҳбарии барномаи магистратура профессорон ва дотсентони собиқадор ҷалб карда шуданд.

Мақсади асосии фаъолияти шуъбаи магистратура таъмин ва назорати тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмию педагогӣ, инчунин баланд бардоштани иқтидори интелектуалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мебошад.

Низомномаи магистратура дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф бо мақсади ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ таҳия шудааст.

Магистратура зинаи таҳсилоти олии касбӣ буда, мақсади он таъмини соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ ва системаи илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мутахассисони баландихтисос ва кадрҳои илмию педагогӣ мебошад. Таъсис додани магистратура таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо стандарти байналмилалии таҳсилот наздик намуда, барои мувофиқати дипломҳо шароити зарурӣ муҳайё месозад.

Шуъбаи магистратура дар таъмини рақобатпазирӣ ва мавҷудияти маълумоти олии дузинагӣ (бакалавр-магистр) нақши асосӣ дорад.

Айни хол, зиёда аз 75 нафар муҳаққиқони ҷавони донишгоҳ корҳои пажўҳишии худро тавассути унвонҷўӣ ба расмият дароварда, аз рўи мавзўъҳои илмии тасдиқгардида фаъолият доранд.

Фаъолияти докторантура аз рўи ихтисос PhD тибқи Низомномаи докторантура аз рўи ихтисос (PhD), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012, таҳти №127 тасдиқ шудааст, ба роҳ монда шудааст. Алҳол дар шуъба 35 нафар докторантон (PhD) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Қоидаҳои қабул ба докторантура аз рўи ихтисос (PhD)

Ба докторантура аз рўйи ихтисос (PhDдар шакли таҳсили рўзона довталабоне қабул карда мешаванд, ки:

– дараҷаи академии магистр доранд;

– яке аз забонҳои хориҷӣ (англисӣ, немисӣ, франсузӣ, чинӣ ва ғайра)- ро  медонанд. Бо ин мақсад довталабони докторантура дар баробари имтиҳонҳои дохилшавӣ аз  ихтисос, ҳамчунин аз як забони хориҷӣ имтиҳони дохилшавӣ месупоранд.

Шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба докторантура – доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўи ихтисос дохил мешаванд, иловатан аз фанни забони тоҷикӣ имтиҳони дохилшавӣ месупоранд.

Имтиҳони дохилшавӣ аз рўи як забони хориҷӣ дар ҳаҷми барномае, ки барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дараҷаи магистратура) муайян карда шудааст, гузаронида мешавад.

Имтиҳон аз рўи фанҳои махсус дар ҳаҷми барномаи таҳсилоти олии касбӣ (дараҷаи магистратура) дар шакли хаттӣ, шифоҳӣ ё тестӣ  гузаронида мешавад.

Шахсоне, ки таҳсилоти олии касбии «мутахассис» (ба ғайр аз ихтисосҳои тиббии клиникӣ) доранд, танҳо баъди хатми магистратура ба докторантура – доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўйи ихтисос қабул карда мешаванд.

Таҳсил дар докторантура дар шакли рўзона, тариқи шартномавӣ сурат гирифта, муддати таҳсил се сол мебошад.

Ихтисосҳои докторантура аз рўи ихтисос (PhD)

6D030100 –ҳуқуқшиносӣ

6D051000- идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ

6D050200- сиёсатшиносӣ

6D050600 – иқтисодиёт

6D050700- менеҷмент

6D050800- баҳисобгирӣ ва аудит

6D050900- молия

6D051100- маркетинг

6D051300- иқтисодиёти ҷаҳонӣ

6D051700- менеҷменти инноватсионӣ

6D070400- техникаи ҳисоббарор ва таъминоти барномавӣ                               

6D070500- амсиласозии математикӣ ва компютерӣ

Суроға: ш.Хуҷанд, 17 мкрн., хонаи №1, тел. 2 –75-32, E-mail – mav_as@mail.ru

Таълифоти илмӣ

 

Маҷаллаи илмӣ-назариявии «Абори ДДҲБСТ»

Маҷаллаи илмӣ-назариявии «Ахбори ДДҲБСТ» тибқи қарори ҷаласаи Шўрои олимони донишгоҳ соли 2000 таъсис ёфта, 28 январи ҳамин сол таҳти №517 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Аз моҳи июни соли 2011 маҷалла ба рўйхати нашрияҳои илмии Комиссияи Олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия, ки муҳимтарин дастовардҳои илмиро барои дарёфти унвонҳои илмии номзад ва доктори илм интишор менамояд, ба қайд гирифта шуд.

То соли 2015 дар маҷалла мақолаҳо таҳти рубрикаҳои «ҳуқуқшиносӣ», «иқтисодиёт», «сиёсатшиносӣ ва сотсиология», «улуми ҷомеашиносӣ ва фалсафа», «филология», «усули таълим», «тақриз ва китобиёт» нашр мегардиданд. Тибқи талаботи Вазорати маориф ва илми ФР №793 аз 25 июли соли 2014 маҷалла ба ду силсила – силсилаи улуми ҷомеашиносӣ ва силсилаи улуми гуманитарӣ тақсим шуд.

Дар маҷаллаи «Ахбори ДДҲБСТ, силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ» (ISSN-2411-1945) мақолаҳои илмӣ таҳти бахшҳои зерин нашр мешаванд: илмҳои иқтисодӣ, илмҳои ҳуқуқшиносӣ, илмҳои сиёсатшиносӣ, тақризҳо. Дар маҷаллаи «Ахбори ДДҲБСТ, силсилаи илмҳои гуманитарӣ» (ISSN 2413-2004) мақолаҳо таҳти бахшҳои зерин чоп мешаванд: илмҳои  таъриху  археология, забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, тақризу обзорҳо. Маҷалла соле чаҳор  шумора нашр мешавад. Мақолаҳо ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ чоп мешаванд. Маълумот дар бораи муаллифон, номи мақолаҳо, чакида ва калидвожаҳо низ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ чоп мешаванд.

Маҷалла  ба Рўйхати маҷаллаҳо ва нашрияҳои илмии пешбари КОА-и ВМ ва ИФР (аз июни соли 2011; бознависӣ дар моҳи июни соли 2016) ва КОА-и назди  Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон (аз ноябри соли 2018), ки чопи муҳимтарин дастовардҳои илмии рисолаҳо барои дарёфти унвонҳои номзад ва докторони илм дар онҳо ҳатмӣ мебошад, дохил шудааст. Ҳамчунин маҷалла ба Индекси иқтибоси илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Идораи маҷалла бо китобхонаи электронии ФР барои ҷой додани нусхаи электронии «Ахбори ДДҲБСТ» шартнома бастааст. Маҷаллаи «Ахбори ДДХБСТ» бо китобхонаи илмӣ-электронии «Киберленинка» ҳамкорӣ дорад.

Ҳарду силсилаи маҷалла ба феҳристи нашриёти «Эльзевар», ки бошишгоҳи он дар Амстердам (Нидерландҳо) ҷойгир аст, низ дохил шудаанд.

Аз 30 ноябри соли 2018 маҷалла ба номгӯи  нашрияҳои КОА-и назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад.

28 декабри соли 2018 ҳарду силсилаи маҷаллаи илмию назариявии «Ахбори ДДҲБСТ» бори севум ба Феҳристи нашрияҳои КОА-и Вазорати маориф ва илми  Федератсияи  Русия  дохил шуданд. Тибқи талаботи КОА Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия аз соли 2018 бахшҳои маҷалла ба ихтисосҳои алоҳида тахассус дода шудаанд.

Алҳол дар бахши  «08.00.00. – Илмҳои иқтисодӣ»-и серияи илмҳои ҷомеашиносӣ мақолаҳо аз рӯи ихтисосҳои зерин чоп мешаванд: 08.00.01. Назарияи иқтисод; 08.00.05. Иқтисодиёт ва идораи хоҷагии халқ; 08.00.14. Иқтисодиёти ҷаҳонӣ

Дар бахши «12.00.00. – Илмҳои  ҳуқуқшиносӣ» мақолаҳо аз рӯи  ихтисосҳои зерин чоп мешаванд: 12.00.01. Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот дар бораи ҳуқуқ ва давлат; 12.00.02. Ҳуқуқи конститутсионӣ; мурофиаи судии конститутсионӣ;  ҳуқуқи мунисипалӣ; 12.00.03. Ҳуқуқи гражданӣ;  ҳуқуқи соҳибкорӣ; ҳуқуқи оилавӣ;  ҳуқуқи  байналмилалии хусусӣ; 12.00.08. Ҳуқуқи ҷиноӣ ва криминалогия; ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноӣ; 12.00.14. Ҳуқуқи маъмурӣ; мурофиаи маъмурӣ

Дар бахши «23.00.00. – Илмҳои сиёсӣ» мақолаҳо аз рӯи ду ихтисос чоп мешаванд: 23.00.02. Ниҳодҳо, равандҳо ва технологияҳои сиёсӣ; 23.00.04. Проблемаҳои сиёсии муносибатҳои байналхалқӣ,  инкишофи глобалӣ ва минтақавӣ

Дар се бахши  силсилаи илмҳои гуманитарӣ мақолаҳо аз рӯи ихтисосҳои зерин чоп мешаванд:

Дар бахши «07.00.00. – Илмҳои таърих ва археология» мақолаҳо аз рӯи ихтисосҳои зерин чоп мешаванд:  07.00.02. Таърихи ватан; 07.00.09. Таърихнигорӣ, манбаъшиносӣ ва усулҳои тадқиқи таърих; 07.00.15. Таърихи муносибатҳои байналхалқӣ ва сиёсати беруна; 07.00.06. Археология

Дар бахши «10.01.00 –Адабиётшиносӣ»

10.01.03. Адабиёти халқҳои мамолики хориҷӣ (адабиёти тоҷикӣ-форсӣ); 10.01.10. Рўзноманигорӣ

Дар бахши «10.02.00 -Забоншиносӣ» 10.02.20. Забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ, типологӣ ва қиёсӣ; 10.02.22. Забонҳои халқҳои мамолики хориҷии Аврупо, Осиё, Африқо, мардуми бумии Амрико ва Австралия (забонҳои эронӣ)

Сармуҳаррири маҷаллаи силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ доктори илмҳои иқтисодиёт, профессор М.М.Шарифзода ва сармуҳаррири маҷаллаи силсилаи илмҳои гуманитарӣ доктори илмҳои филология, профессор Т.С. Шокиров мебошанд.

Ҳайати кормандонро мутахассисони варзида, А. Самеев (котиби масъули маҷаллаи силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ), номзади илмҳои филологӣ Б.Н. Ҳакимова (котиби масъули маҷаллаи силсилаи илмҳои гуманитарӣ), С.П. Балтина (муҳаррир-тарҷумони забони англисӣ), О. Б. Шомуродова (муҳаррири адабии забони русӣ), М.К. Ҳакимхўҷаева (муҳаррири техникӣ) ташкил медиҳанд.

Суроғаи идора: 735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 17, ҳавлии №1, ДДҲБСТ. Телефон: 8(3422) 2-05-63. e-mail: vestnik-tsulbp@mail.ru.

Нусхаи пурраи матни маҷаллаҳо ва маълумоти муфассал дар бораи онҳо дар сайти www.vestnik.tj  ҷойгир карда шудааст.

Нашриёти «Дабир»

Нашриёти «Дабир» тибқи қарори ҷаласаи Шӯрои олимони  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон моҳи декабри соли 2016 таъсис ёфта, дар Палатаи Китоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Нашриёти  донишгоҳ фаъолияти худро тибқи талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи табъу нашр», «Дар бораи ҳуқуқи муаллифӣ», Оинномаи донишгоҳ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба роҳ мондааст.

Ба ҳайати таҳририяи нашриёт ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифзода М.М. (муҳаррири масъул),  муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ризоқулов Т.Р., муовини ректор оид ба корҳои таълим, номзади илмҳои физика ва математика, дотсент Ғаюров Ҳ.Ш., муовини ректор оид ба робитаҳои байналхалқӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Бобоҷонов Д.Д. ва сардори   раёсати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва рушди инноватсионӣ,  номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Самадова З.А. шомил мебошанд.

Директори нашриёти “Дабир” номзади илмҳои филологӣ, дотсент Охунҷонова Н.Р., сармутахассиси нашриёт номзади илмҳои филологӣ, дотсент Рустамов Ш. (муҳаррирони забони тоҷикӣ),   Шомурадова О.Б. (муҳаррири забони русӣ),  Балтина С.П. (тарҷумон-муҳаррири забони англисӣ) ва Эшматов Ҷ. (муҳаррири техникӣ) дар ин самт кору фаъолият мебаранд.

Аз ҷониби мутахассисони нашриёт маҷмӯаи мақолаҳои конференсияҳои донишгоҳӣ ва маводҳои ба нашр тавсияшуда таҳрир гардида,  ба стандартҳои давлатии табъу нашр мутобиқ гардонида мешаванд.

Ҳамасола, дар донишгоҳ конференсияҳои илмиву назариявӣ, илмию амалӣ, илмию методӣ, форум ва  мизҳои мудаввар баргузор гашта, ба миқдори зиёд аз ҷониби олимону профессорон, устодону унвонҷуён фишурдаи маърӯза ва мақолаҳои илмӣ ба нашриёт ворид мешаванд. Ҳар як маводи конференсияи баргузоршуда бо қарори Шӯрои татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва тибқи Стандарти байналмилалии рақамгузории китоб (ISBN) ба нашр тавсия карда мешавад.

Интишороти нашриёти «Дабир» дар сомонаи расмии  донишгоҳ www.tsulbp.tj, бахши адабиёти тозанашр ҷойгир карда шудааст.

Раиси Шурои олимони ҷавони донишгоҳ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Саидзода Шўҳрати Шукур

Шўрои олимони ҷавони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ , бизнес ва сиёсати Тоҷикистон соли 1995 таъсис ёфтааст. Шўрои олимони ҷавон ташкилоти ҷамъиятии назди донишгоњ  буда,  аз  намояндагони тамоми сохторҳои донишгоҳ таъсис ёфтааст.

Мақ сади фаъолияти Шурои олимони ҷавони донишгоҳ:

– рушди  касбии  олимони ҷавон;

– муттаҳид  намудани  неруи олимони ҷавон  барои  коркард  ва  ҳалли  масъалаҳои афзалиятноки  илмӣ;

– инкишофи  фаъолияти  инноватсионии  олимони  ҷавон;

– баландбардории  сатҳи  илмию  касбии олимони ҷавон;

– ба пуррагӣ амалӣ гардонидани имкониятҳои эҷодии онҳо.

Барои ба даст овардани мақсадҳо Шуро вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

– Таҳия  намудани номгўи  масъалаҳо оид ба фаъолияти олимони ҷавон барои  қабул  намудани  қ арорҳо  дар  сатҳи  раёсат  ва  Шурои  олимони ҷавони донишгоҳ;

– иттилоъ  додан  ба  олимони  ҷавон  оид ба барномаҳои  илмӣ, фондҳо, фармоишгарони  эҳтимолии  маҳсулоти илмию техникӣ,  ташкил ва гузаронидани  конференсияҳо,  семинарҳо,  симпозиумҳо  ва  дигар чорабиниҳои  илмӣ,  ки  аз  тарафи муассисаҳои илмӣ  ва  муассисаҳои таҳсилоти  олии  касбии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  кишварҳои  хориҷӣ гузаронида мешаванд;

–  ташкил  кардани  ҳамкорӣ  ва  робитаҳо  байни  Шурои  олимони ҷавон  ва  ҷомеаи  илмии  донишҷўён,  деканатҳо,  кафедраҳо,  шуъбаҳои магистратура, докторантура аз рўи ихтисос (аспирантура)  ва докторантура,  инчунин  Шўрои  олимони  муассисаи  таҳсилоти  олии касбӣ;

–  гузаронидани  озмуни  солонаи  корҳои  илмии  олимони  ҷавони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;

–  тартиб  додани  лоиҳаҳои  ташаббускоронаи  илмӣ-таҳқ иқ отии байнифаннӣ;

– амалӣ намудани ҳамкорӣ бо иттиҳоди олимони ҷавони  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шўроҳои олимони ҷавони муассисаҳои  таҳсилоти  олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои  ҷамъиятӣ  бо мақ сади  гузаронидани  чорабиниҳои муштарак, муҳайё  кардани  шароит барои робитаҳои мутақ обилан судманд ва лоиҳаҳои ҳамгиро;

– тарғиби  дастовардҳои  илмии  олимон  ва  мутахассисони  ҷавони муассисаи  таҳсилоти  олии  касбӣ,  имкониятҳои  истифодаи  онҳо  дар шароити муносибатҳои бозорӣ ва ғайра.

Аз ноябри соли 2015 то ба имрўз вазифаи раиси Шурои олимони ҷавони донишгоҳро номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Саидзода Шўҳрати Шукур бар ўҳда дорад.

Таълифоти илмӣ

Директори Парки технологӣ

Маҳмудов Абдураҳмон Субҳониддинович

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Парки технологӣ” фармони ректори донишгоҳ №4 аз 18.10.2011 оид ба таъсиси Парки технологӣ дар ДДҲБСТ ба имзо расид.

Ҷиҳати мукаммалгардонии Парки технологии донишгоҳ, густариши раванди татбиқи нерӯи зеҳнии устодону донишҷӯён барои дар истеҳсолот ҷорӣ намудани натиҷаи таҳқиқоти илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ, корҳои омодагӣ гузаронида шуда, дар назди ДДҲБСТ утоқҳои корӣ аз бинои китобхона вобаста карда шудааст.

Бо назардошти имкониятҳои моддию техникии донишгоҳ ва самтҳои асосии фаъолияти илмӣ дар донишгоҳ алҳол таъсису ташкили фаъолияти бонизоми якчанд сохторҳои дигари муҳими Парки технологӣ тарҳрезӣ ва амалӣ гардида истодаанд, ба монанди:

  1. Агробизнес – консалтинг
  2. Аудит – консалтинг
  3. Машварати ҳуқуқӣ
  4. Соҳибкор ва менеҷмент
  5. Омўзиши афкори иҷтимоӣ – сиёсӣ.
  6. Таҳриру тарҷума.

Парки технологии ДДҲБСТ аз рўи хусусияти фаъолият шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратии доимоамалкунанда буда, аз рўи намуд ба Парки илмӣ-истеҳсолӣ мувофиқ аст. Дар самтҳои фаъолияти Парки технологӣ алҳол устодон ва донишҷўёни ихтисосҳои факултетҳои донишгоҳ ҳамкорӣ доранд.

Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш.Хуҷанд, маҳаллаи 17 бинои китобҳонаи илмии ДДҲБСТ

E-mail: technopark2017@yandex.ru

Таълифоти илмӣ

 

Директори китобхонаи илмӣ Ҳайдарова Гулнора Мирзоҷоновна

Китобхонаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон соли 1993 ташкил шудааст.

Мақсад ва вазифаи асосии китобхона:

-хизматрасонии таълимӣ, сарфаҷўёнаи китобдорӣ, иттилоотию китобшиносии донишҷўёну устодон ва дигар истифодабарандагон;

-тарғиби мероси фарҳангӣ, таъмин бо адабиёт, тарбияи фарҳангии иттилоотии ҷавонон;

-ташаккул додани фонди китобхона бо назардошти хусусияти соҳаи тахассусии донишгоҳ;

-омода намудани хонандагон барои кор бо реҷаи нави технологӣ;

-гузаронидани таҳқиқоти илмӣ ва корҳои методӣ;

Айни ҳол махзани китоб 32625 нусха адабиётро ташкил медиҳад.

Китобхона зиёда аз 25 номгўи матбуоти даврии дохилӣ ва хориҷи кишвар обунаро ба роҳ мемонад.

Мақсад ва вазифаи асосии китобхонаи электронӣ:

-ташаккули фонди КЭ бо назардошти хусусиятҳои соҳаи тахассусии  кафедраҳои ДДҲБСТ;

– тибқи барномаи омода дастрасии бемаҳдуди истифодабарандагон ба ҳамаи  иттилоотӣ дар манбаъҳои электронӣ ҷойдошта (нашрияҳои гуногун ва ҳуҷҷатҳо) ;

– таъминот ва аз назар гузаронидани маводҳо ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва  англисӣ;

– таъмини пурраи матнҳои электронӣ дар захираҳо, нашрия  ва ҳуҷҷатҳое, ки истифодаи онҳо мушкил ё маҳдуданд;

– баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, ба таври фаврӣ иҷро намудани талабот, васеъ намудани анвои хизматрасонии китобхонавӣ.

Картотекаи китобхонаи электронӣ