Аҳмадзиё Сироҷ сирри наҳзату Кабириро фош кард
Наздик се сол қабл ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзат (созмони дар Тоҷикистон мамнӯъ соли 2015 бо қарори Суди олии мамлакат) баҳри расидан ба нақшаҳои нопоки худ дар мавриди таъсис додани ташкилоти наве, ки дар он номи исломро хат зада, бо номи арзишҳои демократӣ фаъолиятеро оғоз карданд. Созмони таъсиснамудаи онҳо Паймони миллӣ ном гузоштанд.
Лек дар он ҳама аъзоёни ТЭТ ҲНИ ва размандагони онҳо буд. Баъди тамошои навори “дурӯғини онҳо” кас ба ҳайрат меояд, ки наҳзатиён номи ҳизби худро дигар кардаанду бас. ТЭТ ҲНИ ба Паймони ба ном миллӣ табдил дода шуд. Дар урфият мо тоҷикон онҳоро “хар ҳамун асту туқӯм дигар” меномем. Дар ҳақиқат ҳам ҳамингунааст. Баромаду маводҳои ҷопнамудаи онҳо ранги мавъизаҳои руҳониёни ифротии наҳзатӣ аст, ки акнун ба ҷои сухани дину ислом, танҳо ва танҳо аз демократияву озодӣ ва инқилобу маҳбусони сиёсӣ гап мезананд.
Ҳадафи таъсиси ташкилоти мазкур ҳанӯз орзу ва пешниҳоди Кабирӣ буд. Ва ӯ бештар хостори таъсиси чунин ташкилот гардида буд ва ҳатто дар қалби нопокаш пинҳонӣ орзуи роҳбари ин ташкилоти навтаъсис ва лидери хоинон дар хориҷ шудан парварида буд. Бо ҳидояти хоҷа ва сарпарастии онҳо лоиҳаи навбатии Кабирӣ дастгирӣ ёфт ва ниҳоят ӯ роҳбари ин ташкилот пазируфта шуд. Кабирие, ки дар Тоҷикистон ва берун аз он ҳамчун террорист шинохта шудааст худро мусичаи бегуноҳ нишон дода, шабу руз барои иҷрои супоришҳои хоҷагонаш кӯшиш менамояд.
Мақсади ниҳоии Кабирии разил ҷавонони ноогоҳро ба сафҳои худ ҷалб намояд. Зеро ки мардум ҳама аз хиёнатҳои наҳзат огоҳ гардид ва ин ташкилоти тахрибкорро фаъолияти ғайриқонуниашро чӣ дар хориҷ ва чӣ дар дохил ҳамагон маҳкум намуданд. Дигар боварӣ ва умед аз ТЭТ ҲНИ шикаста шуд.
Дар робита ба иштироки паймоншиканон дар гирдиҳамоиву гейпарадҳои Аврупоӣ мо ҷавонони кишвар зикр медорем, ки Кабирии разил бо ниқоби нав мехоҳад сафҳои нопокашро пур кунад. Аммо касе ва нафаре ба ҷуз пасмондаҳои наҳзат ва гумроҳони ҳамсафараш ба он бовар нахоҳанд кард.
Роҳбарияти Паймони миллӣ ва дигар ҳаммаслакони онҳо худро чунон вонамуд мекунанд, ки гӯё хостори оромиву суботанд, аммо бо супориши хоҷагонашон пасипардагӣ амалҳои тахрибкоронаи хешро идома дода, аз вафодорӣ ба онҳо даст намекашанд, зеро рӯзашон бо ду пули сиёҳи хоҷагонашон мегузарад. ТЭТ ҲНИ ва Паймони миллӣ ҳамун як тӯқуми хари Кабирӣ ҳастанд.
Хушбахтона ҷомеаи ҷаҳонӣ ба фаъолияти ТЭТ ҲНИ ва размандагони ин созмони ҷиноӣ баҳои объективона дода тстодааст. Санаи 18-уми феврали соли ҷорӣ дар Кобул “Конфронcи минтақавии мубориза алайҳи терроризм” бо сарпарастии Ҷумҳурии исломии Афғонистон доир гашт, ки дар раиси Раёсати умумии амниятии Афғонистон ҷаноби Аҳмадзиё Сироҷ ба сухан баромада оид ба мавҷуд будани гурӯҳҳои ҷангҷӯи наҳзатӣ дар хоки Афғонистон баён дошат. Ӯ зикр намуд, ки гурӯҳҳои наҳзатӣ (манзураш ТЭТ ҲНИ) дар баробари Ҳаракати исломии Узбекистон (ҲИӮ), “Ансоруллоҳ” ва Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ фаъолияти ҷангҷӯёнаро ба роҳ мондаанд. Мақсади ин гурӯҳҳои ноором кардани вазъият дар Афғонистон ва гузаштан ба минтақаи Осиёи Марказӣ аст.
Баъди хабари расмӣ оиди мавҷуд будани гурӯҳҳои ҷангҷӯи наҳзатӣ дар Афғонистон суангӯи ТЭТ ҲНИ Бобоҷони Қаюмзод ин хабарро мавриди баҳс қарор дода, зикр намуд, ки гӯё “ҳеч гуна ҷиноҳ ё нерӯи низомие дар ҳеч кишваре, аз ҷумла дар кишвари ҳамсоя ва дуст Афғонистон надорад ва муборизаи худро бо роҳҳои мусолиматомез ва бидуни хушунат идома хоҳад дод».
Аммо дар урфият мақоле хубе ҳаст, ҳар чӣ аён аст ҳоҷат ба баён нест. Агар ба таърихи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ назар афканем мебинем, ки маҳз размандагони наҳзатӣ дар хоки Афғонистон ҷамъ шуда буданд ва ба хоки давлати мо шабохун мезаданду сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур мекарданд.
Мо мардуми тоҷик ва тоҷикистонӣ бори дигар аз фаъолияти ТЭТ ҲНИ ва роҳбарияти он огоҳӣ пайдо намудем. Ин гурӯҳи ҷиноӣ хостгори ташкили низои дохилӣ дар мамлакати мо ва минтақа ба шумор меравад.
Қурбонов Ҳ.Ш. – ассистенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ