Ҳайфи ин хел одамигарӣ
Маводу назарҳое, ки дар ин рўзҳо аз тарафи фаъолони гурезаи Ҳизби наҳзат ба нашр расидаанд, ҷанбаи воқеиятро исбот карданд. Онҳо нишон доданд, ки инсон метавонад аз таъсири сиёсату манфиат ба мавҷудоти беҳиссе табдил шавад, ки дигар барояш ягон арзиши инсонӣ боқӣ намонад.
Мавқеъгириҳои онҳо исбот кард, ки М. Кабирӣ, Ш. Гадоев, Ҷаннатуллоҳи Комил ва ҳаммаслакони онҳо он қадар дар кинаю адоват нисбати давлату миллати тоҷик ғарқ шудаанд, ки ҳар боре ба сари миллати мо фоҷеае биёяд, онҳо табли шодӣ зада, онро ба маъракаи васеи таблиғотии худ табдил мекунанд. Дар атрофи ҳодисаи зиндони Ваҳдат низ ба ҷои зоҳир намудани эҳсосоти инсонӣ, ба ҷойи изҳори ҳамдардии одамӣ, онҳо бо пахши изҳороту тўҳматпароканиҳо мехоҳанд аз марги зиндониён манфиат бардоранд. Манфиатҷўию ғараз онҳоро ба лошахўрҳое табдил кардааст, ки аз маргу фоҷеаи касе хурсанд мешаванд. Тавре халқ мегўяд, наҳзатиҳо «мурдаро монда тутхўрӣ доранд». Ҳайфи ин хел одамигарӣ.
Таблиғотгароии М.Кабирӣ ва наҳзатиёни дигар дар ин масъала нишон дод, ки чашмони онҳоро пардаи ғараз кўр карда, дигар ҳеҷ қадами некро дида наметавонанд.
Гуфтан бо маврид аст, ки Муҳиддин Кабирӣ 10 сол дар парлумон намояндаи мардумӣ буда, дар пешравию тараққиёти кишвар саҳме нагузоштааст.
Хоинони миллат Шумо бо чашми хирад назар намуда, бояд ростро аз каљ људо намоед. Носипоси ба миллат хоинонро овораву саргардон ва ғарибу лагандбардори хољагони хориљї намудааст.
Аз ҷумла, ТЭТ ҲНИ барои ҷомеа даҳшати мудҳиш буда, пешгирии фаъолияти онҳо ва роҳ надодан ба паҳншавии идеологияи онҳо дар ҷомеа як зарурати ҳаётӣ мебошад.
Негматова Ш. – ассистенти
кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ