Кабирӣ аз дастоварди Тоҷикистон сухан намекунад, балки …

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат пайғоми фараҳбаш буд.

Ин паём дар дили ҳамаи қишрҳои ҷомеа, аз он ҷумла кишоварзони мамлакат бори дигар бовариву эътимодро бедор намуда,  ғамхории Ҳукумати малакатро ҷиҳати таъмини шароити зиндагии арзандаи ҳамаи қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон тасдиқ намуд. Албатта дар чунин як шароити эпидемиологӣ, паҳншавии бемории сироятӣ, маҳдудудгардии манбаи даромадҳо татбиқи чунин тадбир нисбати кишварзони мамлакат амали хирадмандона буда, бори дигар  умумииҷтимоӣ будани моҳияти давлати Тоҷикистонро тасдиқ мекунад. Шахсан ман бо шунидани хабар дар шабакаи телевизионии давлати хориҷӣ (“Sevimli”-и Ӯзбекистон) оиди аз супоридани андози ягона дар соли 2021 озод карда шудани ҳамаи кишоварзони Тоҷикистон, ифтихор кардам. Ин тадбири андешидашудаи саривақтии роҳбарият мамлакати моро воситаҳои ахбори оммаи мамлакатҳои хориҷӣ таърифу тавсиф намуда, амали нодир меҳисобанд.

Бояд қайд кард, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Вобаста ба таҳлили вебгоҳи иттилоотрасонии “Аздо.ТВ”, яке аз сомонаҳои наҳзатӣ нисбати Паёми сарвари давлат ба мақоми олии қонунгузори кишвар бояд қайд кард, ки аз ҷиҳати объективӣ баҳодиҳӣ карда нашудааст. Муаллиф ҳамаи дастовардҳои дар давоми соли ҷамъбастгардида ноилшударо сарфи назар карда, ба ҷустуҷӯи камбудиву дигар масъалҳои барангезандаи итилофот дар ҷомеаи Тоҷикистон кӯшиш намудааст.

Албатта ў вазифаи дар наздаш гузошташударо, ки хоҷагонаш дастур додаанд иҷро намудааст. Бадхоҳони миллату давлати мо пешравию гул-гулшукуфоии Тоҷикистонро намехоҳанд ва бо ҳар роҳу восита кӯшиш менамоянд, ки монеъи рушди Тоҷикистони соҳбистиқлол гарданд.

Аз ин рӯ ба он воқеаҳое ки дар ҷомеаи Тоҷикистон бавуҷуд меояд ва он нишондиҳандаҳое ки дар натиҷаи фаълияти мақомоти давлатии Тоҷикистон ба даст омадаанд, аз тарафи ин бадхоҳон ғайриобъективона баҳо дода шуда, мардум ба иғвогарӣ даъват карда мешаванд. Дар чунин шароит зарур аст, ки ҳар як фард, бахусус ҷавонон тафаккури қавӣ дошта бошанду зиракии сиёсиро ба кор барад. Дигар қишрҳои ҷомеаро аз фаъолияти пасипардагии бадхоҳони миллат огоҳ намоянд.

Латипов С.У. – ассистенти кафедраи

 ҳуқуқи конститутсиони ДДҲБСТ

You might also like