“Бешарафӣ” чеҳраи аслии Муҳаммадиқболро ошкор сохт
Аз моҳи сентябри сли 2015 бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳизби террористиву экстремистии наҳзати ислом ғайриқонунӣ эълон гардид. Роҳбарон ва ҷонибдорони раҳгумзадаи ин ҳизб роҳ сӯи хоҷагони хориҷиашон гирифтанд ва дар хориҷи кишвар мисли сагони дайду дар пайи ҷустуҷӯи устухон ҳастанд. Онҳо бо ҳар роҳ мехоҳанд худро бегуноҳ нишон диҳанд. Аммо ҳамагон медонанд, ки сарварони ТЭТ ҲНИ ҳамеша бо дастуру супоришҳои хоҷагони хориҷии хеш фаъолият намуда, ҷонибдоронашонро ба гумроҳӣ мебаранд, бо ҳаракатҳои ғайриқонунии худ маълум сохтанд, ки маҳз онҳо сабабгори асосии низоҳои дохилие, ки тайи солҳои 90-ум ба вуҷуд омада буд ба ҳисоб мерафтаанд.
Тазаккур бояд дод, ки пайравони бадарғаву мазлуми ТЭТ ҲНИ ба мисли Мирзои Салимпур, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигарон сомонаҳои интернетиро ҳамчун майдони асосии тӯҳмату дасисабозиҳои худ қарор додаанд. Дар байни онҳо махуфтарин чеҳраи хунин ин Муҳаммадиқболи Садриддин аст, ки пайваста бо тӯҳмату дасисабозиҳои худ зидди сиёсати давлату ҳукумати кишвар гузоришу хабарҳои бардурӯғ паҳн менамояд.
Хурсандиовар аст, ки филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” дар чанд қисм таҳия гардида, симои аслии ҷонибдорони ТЭТ ҲНИ – ро ошкор сохт ва маълум гардид, ки маҳз сарварони ин ҳизби ҳиёнаткор сабабгори аслии ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҳастанд. Қисми ҳафтуми филми “Хиёнат” бо номи “Бешарафӣ” маҳз ба амалҳои номатлуб ва тақдири талху шармандавори Муҳаммадиқболи Садриддин бахшида шудааст. Зимни тамошои филм маълум гардид, ки ӯ тарбияи носолим дошта, дар замони ҷанги шаҳрвандии кишвар дар Афғонистон қарор дошт. Падари ӯ Қаландари Садриддин яке аз ҷонибдорони фаъоли ҲНИ ба ҳисоб рафта, бештари умри худро бо фиреби мардуми бегуноҳ сарф намудааст. Зимни тамошои филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” маълум гардид, ки давраи ҷавонии Муҳаммадиқболи Садриддин дар ғуломӣ гузаштааст. Қумондон Ғулом ном шахс дар Афғонистон ӯро ҳамчун ғуломи ҳалқабардӯш истифода кардааст. Аз маълумотҳои шоҳидони амалҳои ӯ Ҳошим валади Маҳмуд, Шукур валади Муҳаммадсарвар, Саидҷалол Сиёҳаков ва дигарон маълум гардид, ки Муҳаммадиқбол либосҳои духтарона аз бар намуда, дар лаҳзаҳои дамгирӣ барои дилхушии Қумондон Ғулом ва ҳаммаслаконаш рақс мекардааст. Дар дигар ҳолатҳо нисбати ӯ амалҳои шаҳвонӣ ва ғайри инсониро раво медидаанд.
Аз ин лиҳоз ин шахс бо кадом асос ва донишу таҷриба имрӯз аз дину диёнат ва адлу инсоф сухан мегӯяд. Дар ҳоле, ки худ аз доираи бесаводтарин шахсон аст ва инро тамоми мардуми кишвар медонанд. Мо набояд ба суханони авомфиребонаи ӯ бовар намоем ва аз ин қабил шахсони разил канораҷӯӣ намоем.
Муҳаммадизода М.