Кабирӣ ва бозиҳои пасипардагии ӯ
Мақола доир ба “Мушу гурба бозӣ” боз як мақолаи дурӯғи фитнаангез аст. Муҳиддин Кабирӣ аз номи Исломиддин Садиров баромад намуда, нисбати сарвари давлатамон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, аъзои оилаашон ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ суханҳои бардурӯғи бедалелро иброз намудааст. Он суханҳое, ки Муҳиддин Кабирӣ баён намудааст, танҳо ба худи ӯ тааллуқ дорад. Зеро маҳз Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш якҷоя бо намояндагони давлати хориҷа аз солҳои 92 – юм то имрӯз кирдорҳои ҷиноятиро содир намуданд, яъне бо роҳбарии ӯ дар Тоҷикистон задухӯрдҳои мусаллаҳона миёни қувваҳо ва гурӯҳҳои гуногун, куштору гаравгонгирӣ, дуздиву ғоратгарӣ, террору сӯйиқасд ба ҷони ходимони давлативу ҷамъиятӣ амалӣ гардидааст, ки ҳамаи ин ҳодисаҳо исботи худро ёфтааст. Кабирӣ ва пайравонаш бадхоҳон ва душманони миллати тоҷиканд. Ҳадафи асосии онҳо ин пароканда намудани миллати тоҷик ва аз байн бурдани давлати тоҷикон аст. Лекин онҳо ба ҳадафи худ намерасанд.
Мардуми тоҷик аз хотир набаровардааст, ки дар рӯзҳои душвории халқамон маҳз Эмомалӣ Раҳмон миллатамонро аз парокандашавӣ, давлатамонро аз нестшавӣ ва халқамонро аз ҷанги шаҳрвандӣ наҷот доданд. Эмомалӣ Раҳмон шахси адолатхоҳу меҳрубонанд ва ҳамеша ғамхори халқамон ҳастанд. Он кас дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намуданд.
Ҳар як қонунҳои қабулгардидаи мақомоти олии қонунбарор ба манфиати халқи тоҷик қабул карда мешавад ва барои пешравии давлати соҳибихтиёрамон мусоидат менамояд. Қонунҳо ҳеҷ вақт ба манфиати ягон шахс ё шахсони мансабдор қабул карда намешаванд. Иҷроиши қонунҳо барои ҳама ҳатмист. Бояд қайд намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ бевосита аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон қабул шуда, азму ирода ва мақсаду мароми халқи Тоҷикистонро таҷассум намудааст. Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардида, раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ эътироф шудааст.
Имрӯз дар Тоҷикистон мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ пурқудрат гардидаанд, аз ҷумла Кумитаи давлатии амнияти миллӣ. Маҳз бо ташаббуси ин Кумита амнияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ таъмин гардида истодааст ва мо боварии комил дорем, ки ягон хоини кишвар, аз ҷумла Кабирӣ ва пайравонаш ба сулҳу субот ва оромии давлатамон таҳдид ва зарар намерасонад. Мо, мардуми тоҷик ба сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боварии комил дорем.
Каримова М.М. – муаллимаи калони
кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика
ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ