Фарҳанги миллиро нигоҳ дорем!

Имрўзҳо дар мамлакати ободу озоди мо ҳама хушу хурсанд зиндагӣ доранд. Лек бархе аз занону духтарон гумроҳи мо либосҳое, ки пӯшиданашон барои зани тоҷик бегона аст, ба бар мекунанад.

Ин сару либосҳои бегона, бамонанди ҳиҷобу рўисарӣ, сатру ниқоб, бурқа ва дигар либосҳои комилан пўшидаи сиёҳ дар саросари кишвар ба чашм мерасад, ки аз бегонапарастӣ ва бехабар аз фарҳанги сару либоспушии занон шаҳодат медиҳад. Бархе аз фаъолони ҳуқуқ ва заноне, ки моили пўшидани инчунин либосҳои бегона ҳастанд, фикр аз он мекунанд, ки ин маҳдудиятҳо хилоф бар озодии маданиву шаҳрвандии онҳо мебошад. Магар бегонапарастӣ ин озодиву маданияти сару либоспўшиаст, ки онҳо худро ҳамчун шахси бомаданият мехисобанду тақлид бар либосҳои фарҳанги дигар миллат мекунанд. Фарҳанги либосдории миллати тоҷик аз қадимулайём яке аз фарҳангҳои зеботарину оламшумор ба ҳисоб мерафт.

Дар суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гаштаву баргашта таъкид аз он мекунанд, ки занону ҷавонон аз фарҳанги пушидани сару либоси миллати худ бояд истифода бурда ба ҷаҳониён дарак аз он кунанд, ки мо тоҷикони ҷаҳон сару либоси худро дорем ва аз он пайваста ифтихор дорем. Маҳз дар руҳияи ватандўстиву худшиносии миллӣ ба воя расидани ҷавонони мамлакат барои рушду пешрафти кишвар пояи асоси мегузорад, зеро ҷавонон ояндаи миллатанд. Мо аҳли зиёӣ ҷомеа аз сиёсатҳои сарвари давлат истифода бурда пеши роҳи шомилшавии ҷавонону наврасонро ба равияҳои ифротӣ боз дорем.

Бояд қайд намуд, ки миллати тоҷик аз давраҳои қадим расму анъанаҳои худро ҷиҳати ба бар кардани сару либосҳои миллӣ вобаста ба минтақаи худ дошт ва ин анъанаҳои гузаштагони мо то ба имрўз омада расидааст. Аз ҳамин лиҳоз гуфтан ҷоиз аст, ки ҷавонону занҳои мардуми мо набояд тақлид аз бегонагон кунанду фарҳанги либоспўшии мардуми бегонаро дар байни ҷомеа паҳн кунанд. Бар акс мо бояд фарҳанги сару либоспўшии мардуми худро дар байни ҷомеъа бояд эҳё намуда аз анъанаҳои миллии худ васеъ истифода барем ва  ҷавононро дар руҳияи ватандустиву хештаншиносӣ тарбия кунем.

Дониёров М.Р. – н.и.и., дотсенти

кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо

ва соҳибкории ДДҲБСТ

You might also like