Рисолат.тҷ сомонаи зеринаҳзатӣ

Мақсади ҳар як инсон, ҳар як давлат ва роҳбарияти сиёсии он ташкилу таъмини ҳаёти хушу хуррам ва осудаву ороми халқу диёраш, сарсабзӣ ва сарбаландии миллаташ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Вале барои ба ин ҳадафҳои воло расидан ғайриихтиёр монеаҳои зиёде пеш меоянд, ки барои рафъи онҳо кӯшишҳои дастаҷамъонаи зиёде лозиманд.

ТЭТ ҲНИ  – сарчашмаи терроризми байналмилалӣ яке аз мушкилотҳо ва муаммохои  асосии чомеаи муосир ба ҳисоб меравад, ки  аз шакли идоракунӣ ба тамоми мамлакати олам, аз ҷумла кишвари мо беасар нест. Терроризм ва ифротгароӣ дар нажоди худ зуҳуроти номатлуб аст. Ин зуҳурот боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш-таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнин, тағйирот ба сохтори конститутсионии давлатҳо, касби хокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низоми миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гашта метавонад.

Мавриди зикр аст, ки шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористӣ ва экстремистӣ яке аз проблемаҳои глобалии ҷаҳони имрўза гаштааст.

Аммо боиси таассуф аст, ки баъзан ҷавонони мо аз сабаби заиф будани ҷаҳонбиниву мафкураи сиёсӣ, паст будани сатҳи дониш ва ҳамчунин ба сабаби рушд наёфтани худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ дар ботинашон, фирефтаи ҳаргуна суханони хоинони миллат шуда ба доми гурўҳҳои террористӣ ва экстремистӣ афтида, домони поки миллатро доғдор ва ҳаёти рангини худ, фарзандон ва оилаву наздиконашонро хира месозанд. Аз ин рӯ мақолаи Шодонҷон Султонов таҳти унвони “Рисолат.тҷ сомонаи наҳзатӣ” саривақтӣ  буда бо 5 далели ҳақиқӣ исбот намудааст, ки сомонаи “Рисолат.тҷ” як пойгоҳи интернетии террористипарварон асту халос.

Мо, омўзгорон, бояд дар сафи пеш истода мубориза бар зидди ТЭТ ҲНИ ва гурўҳҳои ифротгарои, терроризм ва экстремизм қарор бигирем, шогирдонро ба ҳушёриву зиракии сиёси даъват намоем. Ҷавонон бояд донишҳои сиёсиашонро пайваста такмил диҳанд, бояд дарк намоянд, ки Ватани муқаддасамонро ба ҷуз мо каси дигар обод нахоҳад кард. Ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон ва зиндагии шоистаи мардуми мо аз ҷавонони имрўза, яъне насли навраси кишвар вобаста аст.

Муҳиддинов М. – н.и.б., дотсенти

кафедраи маркетинг-агробизнеси ДДҲБСТ

You might also like