Бешарафии Ислоҳ.нету Муҳаммадиқболи Садриддин фош шуд!
Шаби гузашта ба воситаи оинаи нилгун филми мустанади “Бешарафӣ”, ки идомаи филми “Хиёнат” аст, пахш гардид. Ин филм оиди амалҳои бешарафонаи яке аз фаъолони ТЭТ ҲНИ ва масъули пойгоҳи иттилоотии Паймони миллӣ “Ислоҳ.нет” – Муҳаммадиқболи Садриддин нақл мекард.
Чи тавре ки дар ибтидои филми мазкур гуфта шуд, мақсад аз таҳия ва намоиш додани ин филмнома ҳаргиз накӯҳишу таҳқири касе нест, балки нишон додани вақеияти талхест, ки дар сарнавишти як нафар инсон нақши мудҳиш, сиёҳии шармгину покнашавандае боқӣ гузоштааст.
Қисмати 7-уми филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” зери унвони “Бешарафӣ” бори дигар парда аз рӯи беномусиҳои Муҳаммадиқболи Садриддин бардошт. Зеро дар ин филм шоҳидони ҳол ва худи саркардагони наҳзатӣ воқеияти зиндагӣ ва ба таъбири дӯстдоштаи худи М. Садриддин “досия”-и ӯро бармало сохтанд. Бинандаи закӣ баъди тамошои филм ба ягон сухани ин бешараф боварӣ намекунад. Таҳияву ба намоиш гузоштани чунин филмҳо воқеан ба нафъи ҷомеа мебошад, то ҷомеаи мо чеҳраи воқеии чунин “воизон”-ро хуб шиносанд ва бидонанд, ки онҳо ба қавли Ҳофизи бузург “Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд” аст.
Таъкид намуд, ки аз рўзҳои аввали ба сари қудрат омадан, яъне аз Иҷлосияи наҷотбахши миллат то ба имрўз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодаанд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳи комил ба даст оварда шавад ва он пойбарҷо нигоҳ дошта шавад. Ҳанӯз дар кори Иҷлосияи тақдирсоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ягонаи наҷоти миллатро дар сулҳу ваҳдат дида бо ин маънӣ чунин изҳор менамоянд: «Як нуктаро бояд тазаккур намоям: то он даме, ки мо дар хонаи худ сулҳу амниятро барқарор насозем, силоҳ ба замин нагузорем, ба ҷои яроқ олоти меҳнат ба даст нагирем ва аз тақрибкорӣ ба бунёдкорӣ нагузарем ҳеҷ гуна кўмаки ҳамсоягон вазъи моро беҳ сохта наметавонад».
Сарвари кишвар бо иродаи сулҳҷўёна ба гурўҳҳои силоҳбадаст муроҷиат менамояд: «Биёед, кинаю адоватро ба як сў гузорем, ба гузашта салавот гуфта ҳамдигарро бародарвор ба оғўш бикашем ва силоҳ ба замин гузошта ба меҳнати бунёдкорона машғул бишавем. Танҳо дар якҷоягию муттаҳидӣ метавонем Тоҷикистони азизи худро аз вартаи нобудӣ раҳо намуда, ба давлати соҳибистиқлоли ғанию мутараққӣ табдил бидиҳем.
Хиёнатҳои мухолифини давлат ва ҳукумати Тоҷикистон беҳисоб аст, ва ин нукта дар филми мустанади “Бешарафӣ” исботи худро ёфт. Баъди гуфтушунидҳои тўлонӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, ҷиҳати дар амал татбиқ шудани бандҳои алоҳидаи ин Созишнома Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30% мансабҳои Ҳукуматро ба аъзоёни мухолифин доданд. Ин мансабдорони нохалаф тули солҳои дар мансаб будани худ баҳри миллати тоҷик чи корҳоро ба анҷом расонида бошанд, ба ғайр аз хиёнат чизи дигаре ба сомон нарасондаанд. Маҳз роҳбарияти кунунии мухолифини овора баъди ҳам оши оштии иҷлосия ва ҳам квотаи давлатӣ хиёнату дасисакориро афзуданд.
Дар сари мансаб нишаста ин хоинон танҳо роҳи табаддулоти давлатиро фикр мекарданд. Исботи ин гуфтаҳо рафтори хоин ва хиёнаткори миллат генерал Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар чунин мансаб ва рутбаи давлатӣ нишаста чунин амалро содир намуданд, хиёнати бузург ва набахшиданӣ мебошад.
Пас аз тамошои филми мустанади “Бешарафӣ” ба як хулоса омадан мумкин аст, ки хиёнаткорони наҳзатӣ дар ҳамаҷо ҳамун рафтору гуфтор ва амалҳои разилонаи худро идома медиҳанд. Хоҳ дар Маккаву Мадина бошанд ва хоҳ дар Маскаву Лондон.
Қобилов Б.Қ. – н.и.ҳ., сармуаллими кафедраи
ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика
ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ