Иғвогариҳои навбатии хоинон

Дар мақолаи Исломиддин Садиров оиди баромадҳову суханрониҳои Пешвои миллат фикру андешаҳои хаёлию подарҳаво баён карда шудааст.

Аз мақола бармеояд, ки муаллиф нисбати сиёсати Пешвои миллат ғараз дошта бинобар кўшиш намудааст, ки оиди ҳар як суханронию қарори сарвари давлат эрод гирифта андешаҳои тўҳматангез баён намудааст.

Исломиддин Содиров як нафар аз нафақахурони наҳзатӣ чунин тасвир менамояд, ки гўё дар солҳои роҳбарии Пешвои миллат дар Тоҷикистони сохибистиқлол ягон дигаргунӣ ба вуҷуд наомадааст, ки чунин андеша ба ҳақиқати ҳол мувофиқат намекунад. Оиди фаъолият ва роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон борҳо Президентони Русия, Чин, Ўзбекистон ва Қазоқистон баҳои баланд додаанд.

Воқеан ҳам дар солҳои роҳбарии Пешвои миллат дар ҷумҳурӣ иншоотҳои бузург, ба монанди нақби Истиқлол, Шаҳристон, НБО-и Сангтўда 1 ва 2 ду агрегати НБО-и Роғун ва дигарҳо ба кор дароварда шудаанд, ки онҳо имрўз баҳри пешрафти хоҷагии халқи Тоҷикистони соҳибистиқлол хизмат намуда истодаанд.

Афсўс Исломиддин Содиров ҳамаи онро чашми дидан надорад, ҳол он ки ў онҳоро хуб медонад. Аммо дар мақолааш чунин вонамуд кардааст, ки гўё онҳо вуҷуд надорад. Аз мақола бармеояд, ки ӯ фикру андешаҳои Кабирӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддинро дастгирӣ намуда, бо иғвогарии нав баромад намудааст.

Аз таърих маълум аст, ки душману хоинон ҳамеша ҳар як дастоварду комёбиҳоро чашми дидан надоранд, зеро онҳо ҳамеша кўшиш менамоянд, ки аз зери нохун чирк пайдо намуда онро обу ранг дода тасвир намоянд.

Мардуми Тоҷикистон шукрона менамояд, ки дар солҳои фаъолияти Пешвои миллат Тоҷикистон ба дастовардҳои беназир комёб гардидааст.

Чунин душманон монанди Кабирӣ ва пайравони ӯ ҳамеша кўшиш менамоянд, ки фазои ороми ҷомеаро ғуборолуд намуда, нооромиҳо ба вуҷуд оранд. Онҳо ҳеҷ гоҳ ба мақсад нохоҳанд расид, зеро имрўз сиёсати ваҳдату якдилӣ дар ҷомеа пояи устувор дорад.

Одинаев А. – н.и.т., дотсенти

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like