Бешарафии Ислоҳ.нет исбот шуд!

Шаби гузашта тавассути телевизиони маҳаллӣ қисмати 7-уми филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” зери унвони «Бешарафӣ» намоиш дода шуд, ки ба зикри муаллифони он мақсад аз таҳия ва намоиш додани ин филмнома ҳаргиз таҳқири касе нест, балки нишон додани воқеияти талхест, ки дар сарнавишти як нафар инсон нақши мудҳиш, сиёҳии шармгину покнашавандае боқӣ гузоштааст.

Дар қисмати 7-уми филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” зери унвони «Бешарафӣ» рафтору кирдори ношоиста ва муғризонаи яке аз шогирдони Кабирӣ масъули сомонаи ифротии “Ислоҳ.нет” Муҳаммадиқболи Садриддин, ки ҳоло дар хориҷа зиндагӣ мекунад, қотеона маҳкум мегардад. Албатта, ҷомеаи Тоҷикистон, ки бо ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ва расидан ба ҳадафҳои миллӣ амалҳои ношоиставу бешарафонаи чунин ашхосро бо тамоми шаклҳо ва мавҷудияташ маҳкум намуда, дар ҳар шароит арзишҳои миллии хешро боло медонад ва аз онҳо ҳимоя менамояд.

Масъули сомонаи “Ислоҳ.нет”, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла «фейсбук», “ютуб” ва “Радио Zello”  бо таҳлилҳои кӯр-кӯрона сари ин ё он масъалаи марбут ба ҳаёти давлати мо сӯҳбат карда, аз худ муллотарошӣ мекунад. Баъди тамошои филми мазкур бори дигар амалу рафтори ин бешарафу бетамиз ошкор гардит.

Тавре қисмати 7-уми филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” зери унвони “Бешарафӣ” нишон дода мешавад, чандин нафар, ки ба доми фиреби ин қаллоб даромада, то имрӯз азияташро мечашанд, рафторҳои разилонаи онро, ки аз амалҳои террористию экстремистии ТЭТ ҲНИ маншаъ мегиранд, шадидан маҳкум намуда, ба мардум рӯ меоранд, ки зиракиро аз даст надиҳанд ва ба бофтаҳои чунин ашхос, ки мехоханд бо истифода аз дини мубини ислом ба манфиатҳои шахсии хеш истифода кунанд ва наафтанд.

Баварӣ дорам, ки баъди тамошои филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” қисмати 7-уми зери унвони «Бешарафӣ» амалу кирдори онҳо баҳои объективона дода мешавад. Айни ҳол қаҳрамони филми мазкур Муҳаммадиқболи Садриддин дар фурсатҳои камтарин филми мазкурро инкор карда, худро сафед мекунад. Аммо он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест.

Қурбонов Ҳ.Ш. – ассистенти

 кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like