Сомонаҳои террористпарвари Кабирӣ
Дар муборизаҳои сиёсии худ нерӯҳои ифротгароии динӣ аз ҳар роҳу воситаҳои ҷинояткорона, аз ҷумла таъсиси ҳар гуна пойгоҳҳои иттилоотии интернетӣ мебошад. Одатан ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти динӣ низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеа меҳисобанд, ки ин худ хатои маҳз аст. Бояд қайд кард, ки бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуқтаи назари динӣ хатогии маҳз аст, ки онро гурӯҳҳои муайян истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда, дар давлатҳои мусалмонии Шарқ оташи ҷангҳои ифротгароенаро меафрӯзанд. Тасдиқи ин гуфтаҳо фаъолияти ҷинояткорона ва хиёнаткоронаи ҳизби наҳзати исломӣ дар замони Истиклолияти давлатии тоҷикон мебошад. Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд, зеро оиди давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд ки фақат давлати дунявию демократӣ метавонад динро тараққӣ дода, роҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад.
Ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро сарчашмаи тарғибу ташвиқи омилҳои ақибмондае, ки ягон миллату давлатро ба пеш намебарад, ба ҳисоб меравад. Он амалҳое, ки онҳо тарғиб менамоянд, бар зидди дастоварди технологияи пешрафтаи ҷаҳонӣ ва касбу дониш, ки заминаи муҳими пешрафти давлату давлатдорӣ мебошад, равона шудааст, ки яке аз онҳо ТЭТ ҲНИ Кабирӣ ва пайравони ў мебошанд. Амалҳои онҳо тақлиди аҷнабипарастанд, ки аз маъхазҳои таърихӣ маълум аст, ки ба қатлу куштори кормандони давлатӣ, муаллимони замони нав ва занҳо даст задаанд.
Агар ба фаъолияти наҳзатиҳо дар солҳои дар сиёсат буданашон назар афканем, худ барои давлату миллат чӣ хизмате карданд? Ба ғайр аз иғвогароию ҳадафҳои нопоки худ. Бо боварӣ метавон гуфт, ки заминаи пирўзии комили давлату мардуми тоҷик овози баланду иродаи қавии мардуми мо “ Ман Ватанамро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар”- таъмин намуд. Ин ҳам буд, ки беҳуда ҳамаи намудҳои фаъолияти ТЭТ ҲНИ-ро ба назар гирифта, 22-декабри соли 2015 бо карори Суди Олии Чумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб дар ҳудуди ҷумҳурӣ қатъ гардонида шуда бошад ҳам, вале бо таъсиси сомонаҳои интернетӣ мехоҳанд ба асосҳои сохтори конститутсионии Тоҷикистон таҳдид намуда, амнияти давлат вазъияти ногуворро фароҳам оваранд.
Бо ин амали террористӣ душманони миллат ТЭТ ҲНИ фақат ва фақат мехоҳанд, ки Тоҷикистон давлати исломӣ шаваду чаламуллоҳо ба сари қудрат омада, таълимоти 14 аср пешро ҷорӣ намоянд. Ҳол он ки ҲНИ ва ДИИШ ягон робитае бо дини мубини ислом надоранд, баръакс ҳамаи корҳояш мухолифи ислом мебошад.
Хулоса, ба шахсияти ифротии Кабирӣ на таъсиси Паймону на сомонаҳои интернетии нерӯҳои ифротгароии динӣ ягон кўмаке карда наметавонад, зеро миллати бозаковати тоҷик сади роҳи амалӣ шудани ниятҳои онҳо буда, ҳамеша дар фикри ободонию созандагӣ мебошад.
Раҳматова З.М. – н.и.ҳ., дотсенти
кафедраи ҳуқуқи конститутсиони ДДҲБСТ