“Хиёнат 7” аз бешарафии Паймони миллӣ сухан мекунад

Ҷаҳони ноорому пуртазоди муосир ба масоили пуртазоде рӯ ба рӯ шудааст, ки кӯшиши ҳалли онро мушкилоти зиёдеро пешорӯи давлатҳо қарор додааст. Яке аз ин мушкилот, ки дар ҷаҳони муосирро ба шашвиш андохтааст, таъсири ин амалҳои номатлубу дахшатнок то ба баъзе шаҳрвандони сустирода, беандешава пастсирати Тоҷикистони мо низ расидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба ин масъала таваҷҷуҳ бештар намуда, таъкид карда буданд, ки “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терорист ва тероризимро ба худиву бегона ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест”. Яъне террорист миллат Ватан мазҳаб надорад. Ин суханони пурмуҳтаво моро ба он водор мекунад, ки сари ҳар қадам, дар маракаҳои нишастӣ суҳбатҳои сари роҳӣ ва дар ҳама ҳолат ба таблиғоти дуруғину бофтаи ғаразноки ташкилоту ҳизбҳои терористию экстремистӣ аз он ҷумла Ҳизби назҳати исломӣ, Ҳизб-ул-таҳрир, Ансоруллоҳ, Ҷиҳодӣ исломӣ, Толибон, Паймони миллӣ  ва даҳҳо гурӯҳҳои тундравии навтаъсис роҳ надиҳем ва баръакс ин ҳизбу ҳаракатҳоро гурӯҳҳои ғаразнок, ҷангҷӯ, харобкор, ғайриинсонӣ ва даҳшатноку паст фитрат биҳисобем.

Дар ҳақиқат имруз миллати тоҷик бояд рузҳои сахтарине, ки аз сар гузаронидааст ҳеҷ гоҳ фаромӯш карданамон даркор нест. Мо бояд исбот карда диҳем, ки барои ба ин дараҷа омадан бо заҳмату, машаққат ва ҷонфидоиҳову, қаҳрамониҳои фарзандони фарзони миллатии тоҷик буд, ки дар кишвари азизамон Тоҷикистон оқибатҳои хунрези ҷанги шаҳрвандӣ пешгири карда шуда, ин натиҷа бо бастани суҳл дар кишвар анҷом ёфт. Бинобар ин якпорчагӣ ва муҳофизати давлати азизамон қарзи шаҳрвандӣ мост.

Пахш гардидани филми “Хиёнат 7” идомаи мантиқии ошкоркунандаи розу ниёзӣ Паймони миллӣ дар шабакаи телевизонии Тоҷикистон ва каналҳои ютуб мувофиқи мақсад аст. Имрӯз шаҳрвандони кишвар бори дигар симои риёкоронаи ТЭТ ҲНИ, Паймони миллӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддинро  шинохтанд. Воқеан аз тамошои ин филм бар меояд, ки баъзе хамватанони мо (онҳоро ҳамватан гуфтан ҳам нашояд) низ бар ҳар востиаю василаи хоҷагони хориҷии дохилии худ фирефтаи макру ҳиллаҳои гуруҳҳои аҳриманӣ гашта, бар муқобили давлату миллати худ санг ҳаво медиҳанд.

Бинобар ин шаҳрвандони кишвари азизамон хоҳиш карда мешавад, ки аз тамошои филми “Хиёнат 7” барои худ як мактаби навро бунёд намоянд ҷавононро дар руҳияи худшиносию, худогоҳии миллии тарбия намуда, барои ояндаи миллат бетараф набошанд.

You might also like