Филми мустанади “Бешарафӣ” розу ниёзи наҳзатро фош кард!
Миллати шарафманду бо нангу номуси тоҷик дар фосилаи таърихи чандинҳазорсолаи хеш аз ҳуҷумҳои ногаҳонии «фарзандони худ» ҷабри зиёд дидааст. Ба ёд орем қаҳрамониву бебокии Темурмаликро, вале кӯрдилону носипосон дар ҳамон давра низ ба хотири манфиатҳои хеш мулкро ба дасти чингизиён дода буданд. Ин ашхоси буздилу риёкор имрӯз низ дар хуни Муҳаммалиқболи Садриддин барин хоинони миллат шарён дорад. Исботашро мо тайи чанд соли охир дар симои ин хоинон дида истодаем.
Ин беиқболи нотавон тавре худ дар мақолаҳои подарҳавояш менигорад аз маъруфтарин лагандбардорон ва аз мунофиқтарин “сарбозони ҷонфидо”-и ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом ва хоҷагони хориҷӣ маҳсуб ёфта, имрӯз бо суханҳои иғвоангези худ ба қавле «ситора» шудааст. Филми мустанади “Бешарафӣ”, ки тариқи телевизионҳои кишвар рӯи навор омад, чеҳраи аслии ин бешарафи миллатро кушода дод.
Номбурда худро донандаи асили ислом муаррифӣ намуда, аз дину диёнат сухан карда, мардумро ба гумроҳи бурда, бо истифода аз эҳсосоти дини мардум аз даҳҳо нафар шахсон ба хотири ба даст овардани манфиат маблағ гирифтааст. Моҳи августи соли гузашта ба Прокуратураи генералӣ чанд нафар бо аризаи шикоятӣ даъво намуданд, ки аз онҳо маблағи пулии калон гирифта, барнагардонидааст. Дар маҷмўъ ин қаллоб аз мардум ба хотири қонеъ намудани нафсонияташ 430 ҳазор доллар маблағ гирифтааст. Ва онро имрӯз ба манфиати худу дӯстонаш масраф карда истодааст.
Ин хоини ватанфурӯш пеши худ мақсад мегузорад, ки дар ҳаққи кӣ тӯҳматнома нависад. Ӯ банди нафсу пулҳои ҳангуфти хоҷагони хориҷӣ шуда, вазифааш аз субҳ то шом гирд кардани ахбори бардурӯғ ва санги маломат задан ба сари ин ё он нафар аст. Ботини ӯ пур аз бухлу ҳасуд аст. Маҳз ҳасудхӯриаш, нодида гирифтани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ аст, ки имрӯз ба бешарафӣ ном баровардааст. Аммо яқин, ки ӯ ба хотири манфиатҳои хешу дӯстонаш миллати худро кайҳо фурӯхтааст. Агар Муҳаммадиқбол заррае ҳам нангу номус медошт, агар Ватанашро бо дил дӯст медошт, (ҳамонгуна ки дар нигоштаҳояш меорад). чунин тӯҳмату бӯҳтонро дар ҳаққи чеҳраҳои маъруфи кишвар намекард.
Имрӯз Тоҷикистони азиз бо ибтикору дастгириҳо ва заҳматҳои доимии Пешвои муаззами миллат ва бо саҳмгузории пайвастаи сокинони шарафманди мамлакат ба кишвари ободу зебо табдил ёфтааст. Дар натиҷаи иқдомҳои ҳадафмандона рушди устувори миллӣ дар кишвар таъмин гардида, ҷиҳати беҳдошти зиндагии мардуми кишвар шароити беҳтарин фароҳам гардидааст.
Дар оянда низ бо истифода аз мактаби созандагии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои миллату давлат, таҳкими истиқлолият, рушди иқтисодиёти миллӣ, пойдории иҷтимоӣ ва суботи сиёсии кишварамон, ҳамзамон, баҳри баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум тамоми нерӯ ва имкониятҳои мавҷударо сафарбар менамоем.
Тамошои филми «Бешарафӣ» дар самти шинохтани дӯсту душман, муқовимат бо терроризму экстремизм, ҳидояти ҳамдигар ба бунёдкорию созандагӣ метавонад ба мо сабақи бузург диҳад.
Ба ин нафарон гуфтанием, ки мо мардуми шарифи Тоҷикистон якдилу яктанем, руҳи шикастнопазир дорем, чунки Пешвои маҳбуб дорем. Миллати моро шикаст доданд амрест маҳол, зеро беху бунаи онро халқи азиз махқам доштаст. Ин парвардаи наҳзатиҳои террористӣ ягон вақт пирӯз наҳоҳанд шуд.