Паймони бофтаву сохта

Ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби наҳзати исломӣ аз зумраи созмонҳои ифротие ба шумор меравад, ки баҳри аз сари нав гирифтани мавқеи гумшудаи худ кору фаъолият намуда истодаанд. Гарчанде аз моҳи сентябри соли 2018 номи гуруҳи худро “Паймони миллӣ” гузорида бошанд ҳам, лек мақсаду маром ҳамон аст. Барномаи онҳо сирф идеяҳои қатлу куштор ва гирифтани ҳокимиятро дорост. Дар ин раванд ба онҳо фазои иттилоотӣ имкониятҳои мусоидро фароҳам меорад.

Таҳқиқоти соли охир  дар ин самт нишон медиҳад, ки наҳзатиҳо барои расидан ба аҳдофи нопоки хеш ду усул – тазоҳурот ва таблиғотро ба кор гирифтаанд:

Наҳзатиён тӯли ду сол мешавад, ки таблиғоти интернетиро, бахусус, дар шабакаҳои иҷтимоии интернет ва мессенҷерҳо пурзӯр намуда, ба бадном кардани давлату миллати тоҷик пардохтаанд. Чӣ тавре таҷрибаҳо нишон медиҳанд, амалиётҳои мудҳиши террористӣ, ки дар нуқоти гуногуни ҷаҳон аз ҷониби гурӯҳу ташкилотҳои террористиву экстремистӣ роҳандозӣ гардида буданд, дар амалӣ гаштанашон шабакаи ҷаҳонии интернет, ба хусус, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо нақши калидӣ бозидаанд, ки ДИИШ (номҳои дигараш Ҳизби таҳрир, Алқоида, ТЭТ ҲНИ ва ғайра) дар саргаҳи тамоми ин гурӯҳу ташкилотҳо меистод. Дар натиҷаи масдуд гаштани фаъолияти ДИИШ дар ҷаҳони интернет ҷойи онро ТЭТ ҲНИ ва «Гурӯҳи 24» гирифтааст. Ҳарчанд сомонаҳои расмии ташкилоти мазкур дар миқёси ҷумҳурӣ масдуд гардида бошанд ҳам, думравони наҳзати  фаъолиятшонро дар шабакаҳои иҷтимоии интернет, ба хусус, «Фейсбук», “Ютуб”, “Одноклассники” пурзӯр намуда, гурӯҳҳоеро дар «Фейсбук» ихтисос додаанд, ки ҳамчун минбари таблиғ барояшон хизмат мекунанд. Мушоҳидаҳо дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» ба ҳампаймон гаштани мухолифин дар ба дар ва фаъолияти муштараки онҳо дар «тазоҳурот»-и берлинӣ ва шабакаи ҷаҳонии интернет ишора мекунанд. Интернет ҳамчун абзори таблиғоти ақоиду ғояҳои террористонаву ифротгароёнаи паймоншиканон бахусус, дар «бадвоҳима» нишон додани «холабозӣ»-ҳои Кабириву думравонаш нақши меҳварӣ бозидааст.

Ҳарчанд «холабозиҳо»-и Кабирӣ ва думравонаш ба сулҳу суботи кишвар рахна ворид насозад ҳам, аммо метавонад бо роҳи таблиғи интернетӣ баъзе ҷавонони ноогоҳи кишварро ба инҳироф барад. Раванди мазкур метавонад ба ҷавонони тоҷики муқими хориҷ аз кишвар муассиртар бошад. Аз ин рӯ ҳар яки мо вазифадорем, ки қабл аз хондани хабарҳои иттилоотӣ ба манбаъи он аҳамият диҳем ва ба ҳаргуна ахборҳои дуруғини душманони миллат бовар накунем.

Латипов С.У. – ассистенти кафедраи

ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ

You might also like