Душманони миллат сазовори нафратанд
Мо шаҳрвандони мамлакат шукр аз он дорем, ки дар Тоҷикистони биҳиштосо зиндагӣ дорем. Тоҷикон аз замони қадим ҳамчун халқи соҳибхирад ва маданият ба шумор рафта таърихи кӯҳан доранд.
Мардуми меҳанпарвар ва меҳнатдўсти мо имрўзҳо шукргузор аз он ҳастанд, ки дар замони истиқлолият ба сулҳу оромӣ расидаанд. Соҳибихтиёрӣ моро водор сохт, ки созандаю ободкор бошем. Тоҷикистони бузург имрўз дарахти пурсамареро мемонад, ки меваҳои рангинаш мардуми бонангашродар ҷаҳон машҳур гардонидааст.
Аммо, ҳар як аъзои ҷамъияти кишвар бояд дар назар дошта бошад, ки душманони миллат, аъзоёни ТЭТ ҲНИ ва Паймони миллӣ аз ниятҳои ғаразноки худ ҳоло даст накашидаанд ва кўшиш доранд, ки ба ҳар роҳ байни мардум иғво андозанд. Аз ҳамин сабаб ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ дар сатҳи сиёсӣ ҳушёриро аз даст надода, бояд нагузорад, ки минбаъд ягон шахс фирефтаи доми душманони миллат дар дохил ва беруни кишвар нагардад.
Мо, ҳамеша терроризм ва экстремизм шахсонеро, ки фазои нооромро ба миён меоранд шадидан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани азиз омодаем.
Маҳз сиёсати хирадмандонаи халқи тоҷикро, ки тавонист давлатро поянда гардонида, осоиштагии миллии онро таъмин намояд ва омили муҳими такмилбахши сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пойдории якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлолу ягона гардад, дастгирӣ менамоем.
Абдувоҳидов М. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи
соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ