Ғайбату тўҳматҳои беасоси Паймони миллӣ

Тавре маълум аст, соли 2020 дар таърихи инсоният соли вазнинтарин ва фоҷиабор гардид, ки дар натиҷаи бемории коронавирус COVID -19  миллионҳо одамони сайёра фавтиданд. Ин беморӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати иқтисодӣ ва моддӣ таъсирӣ худро расонид, ки он дар саҳифаҳои матбуот ба таври расмӣ эълон карда шуд.

Дар табрикоти солинавии худ раиси ТЭТ ҲНИ Кабирӣ оиди оқибатҳои фоҷиабори COVID -19 ҳарф зада кўшиш намудааст, ки дар ҷомеа тухми кинаву адоват ва ғайбатро пош диҳад. Ў дар хусуси таҷлили ҷашни Наврўз ва баргузории интихоботи Парлумонӣ ва Президентӣ норозигӣ баён намуда, баргузории онҳоро хато ҳисобидааст.

Тавре маълум аст, интихоботҳо дар асоси риояи талаботҳои санитарӣ-эпидимеологӣ баргузор карда шуданд. Мақсади табрикоти солинавии М.Кабирӣ дигар чиз аст, ки он аз сиёҳ намудан ва ғайбат намудани сиёсати ҳукумат иборат мебошад.

Ба чунин табрикоту суханҳои тўҳматангез М.Кабирӣ кўшиш намудааст, ки диққати ҷомеаро ба худ ҷалб намуда, худро хамчун ғамхору дилсўзи миллат нишон диҳад. Воқеан М.Кабирӣ дигар ягон чизи дигари гуфтани надорад ва тўҳмату ғайбат пешаи асосии ў мебошад.

Бояд зикр кард, ки имрўз мавқеи ТЭТ ҲНИ ва шахсон М.Кабирӣ дар хориҷа дар байни сарпарастонаш коҳиш ёфтааст ва ў бо ҳар роҳ кўшиш намуда истодааст, ки бо иғвою тўҳматҳои нав мавқеи худро дар хориҷа устувор намояд.

Албатта, чунин тўҳмату ғайбатҳо асос надорад ва он боиси дастгирии ҷомеа нахоҳад гардид. Зеро имрўз дар натиҷаи фазои сулҳу оромӣ дар ҷумҳуриамон тағйиротҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба амал омада истодааст. Дар ҷумҳурӣ имрўз истеҳсоли семент, ангишт, мехҳо, масолеҳи рангубор ва дигарҳо афзоиш ёфта, ба хориҷа онҳо содир карда шуда истодааст.

Ҳамчунин мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои ҷаҳони муосир дар натиҷаи таклифҳои башардўстона торафт пойдору устувор гардида истодааст.

Бинобарин аз дастовардҳои кишварамон душмани миллат Кабирӣ ва ТЭТ ҲНИ ба изтиробу ташвиш овардааст. Мо хуб медонем, ки ҳамаи изҳоротҳою баромадҳои Кабирӣ мақсади ҷудохоҳиро дорад ва тамоми ҷомеаи солими Тоҷикистони соҳибистиқлол ба он нафрат хонда маҳкум менамоянд.

Одинаев А. – н.и.т., дотсенти

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like