Шикасти бечунучароӣ наҳзату Кабирӣ
Аз сабаби паҳн гардидани бемории сироятии COVID-19, ки тамоми ҷаҳонро фарогир буд, ба иқтисодиёти мамлакатҳо зарари зиёд расонид. Ҳатто мушкилиҳоро эҷод намуд. Соли 2020 барои тамоми давлатҳои ҷаҳон аз ҷумла барои Тоҷикистони мо низ соли вазнин буд.
Дар баромадҳои ҳардафъинаи худ хоини миллати тоҷик Кабирӣ дар бораи Ҳукумати ҷумҳурӣ суханҳои пасту тӯҳматҳои бемавридро пешниҳоди хонандагон менамояд. Аммо бояд қайд намуд, ки дар Тоҷикистон барои раҳо ёфтан бӯҳрон ва аз байн бурдани бемории сироятии COVID-19 тамоми чораҳо андешида шудааст.
Дар суханрониаш Кабирӣ қайд менамояд, ки табибон ва коршиносон миқдори гирифторшудагон ба бемории мазкурро садҳо ҳазор ва фавтидагон бошанд ба ҳазорҳо гуфтаанд. Лекин бояд ба саволе ҷавоб ёфт, ки он коршиносон ва табибон киҳоянд? Чаро мо дар дохили Тоҷикистон зиндагонӣ ба сар мебарем аммо аз ин хабар надорем? Ин маълумотҳои бардурӯғи дигари Кабирӣ аст, ки барои нооримиро дар Тоҷикистон ба вуҷуд овардан бофта шудааст.
Дар ҷумҳурӣ барои гузаронидани интихобот дар соли 2020 тибқи қонун фурсат фаро расида буд ва бояд гузаронида мешуд, чунки интихобот мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояду шояд гузаронида шавад. Ин интихоботҳо барои паҳншавии бемории COVID-19 таъсири худро нарасонид. Дар оянда дар такя бар дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои паст намудани паҳншавии COVID-19 чораҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад. Риояи ин қонунҳо сабабгор гардид, ки дар ҷумҳурӣ ба камшавии гирифторони ин борӣ оварда расонид. Дар аввали моҳи январи соли 2021 бошад дар Тоҷикистон куллан сироятёбӣ ба назар намерасад. Ин хушбахтиовар аст. Барои чӣ ҳамин нуктаҳоро дар баромаду табрикотҳои худ муҳтарам Кабирӣ таъкид намекунед. Ё Шумо ақлан нобино ҳастед ва ё Шумо аз дастовардҳои давлати мо реш-реш месӯзед.
Ислоҳгардии камбудиҳо ва несту нобудшавии бемории сироятии COVID-19 барои мухолифини тоҷик зарбаи бузург аст. Зеро онҳо дигар баҳонаҳоеро дарёфт карда наметавонанд, то мардумро гумроҳ созанд. Шикасти бечунучароӣ наҳзату Кабирӣ дар соли 2021.
Қаҳҳоров У.А. – ассистенти кафедраи
таърихи халқи тоҷики ДДҲБСТ