Кабирӣ ва ақли норасоӣ ӯ

 

Ҷавоб ба «Табрикоти солинавии Кабирӣ», ки табрикоти пур аз бӯҳтону иғвогарист. Дар ҳақиқат,  соли 2020 дар арсаи байналмилалӣ  бо таҳдиду хатарҳои муосир ба монанди терроризму ифротгароӣ ва бемории сирояткунандаи коронавирус СОVID-19 фарогир буд.

Ба Тоҷикистони гул-гул шукуфони азизамон ҳам ба монанди дигар давлатҳои абарқудрати ҷаҳон ин бемории ногаҳонии сирояткунандаи коронавирус СОVID-19 таъсири худро расонид.

Дар «Табрикоти солинави»-и Кабирӣ  оварда шудааст: «Даҳҳо миллион нафар ҷои кори худро аз даст доданд, аз ҷумла ҳудуди миллион муҳоҷири тоҷик, ки ё бинобар баста шудани роҳҳо дар кишвар монданд, ё бинобар карантинҳо аз кори доимиашон маҳрум шуданд. Тоҷикистон ҳам аз балои вирусу бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ канор намонд, балки бинобар бемасъулиятиву ноӯҳдабароии роҳбаронаш, дар мобайнтарин нуқтаи ин гирдоб қарор гирифт». Кабирӣ бояд фаҳмад, ин офат, бемории ногаҳонии сирояткунандаи коронавирус  СОVID-19, ин вабои асрро Ҳукумати Тоҷикистон ташкил  накардааст, чӣ хеле ки қайд намудем давлатҳои пешрафти ҷаҳон ба монанди: Амрико, Фаронса, Хитой, Олмон чорае андешида натавонистанд, вале чаро сарвару Ҳукумати Тоҷикистони кӯчакро айбдори ин ҳодисаи ногаҳонии соли 2020 меҳисобанд. Ин ҳам душманона сиёҳ намудани давлат  дар чашми халқ, аммо мардуми бонангу номуси тоҷик инро фаҳмида, душманонро маҳкум намуда истодааст.

Дар мақола оварда шудааст: «…танҳо аз ҳисоби вуруди пули муҳоҷирон ба кишвар 40-50 дарсад камтар шуда, иқтисод ҳам на камтар аз 30 дарсад кучактар шудааст». Аҷиб доимо Муҳиддин  Кабирӣ пул, маблағи муҳоҷиронро ҳисоб менамояд, гарчанде худи ӯ аз хоҷагони хориҷа маблағи беҳисоб рӯёнда, зиндагӣ ба сар бурда гаштааст.

Бояд қайд намуд, ки Кабирӣ ҳама ҷизро бо тарозуи ақли худ чен менамояд. Оварда шудааст: «Мақомот то дер вуҷуди вирус дар кишварро эътироф намекарданд ва танҳо як рӯз пеш аз сафари намояндагони Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ маҷбур ба эътироф шуданд».  Муҳиддин  Кабирӣ донад, ки шахси дурандеш, Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомот то дер вуҷуди бемории ногаҳонии сирояткунандаи коронавирус СОVID-19 эътиоф накарданд, чаро ки халқро  мардуми заҳматкаши тоҷикро ба ташвиш андохтанд нахостанд. Локин Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи муколама ва ҳамкории глобалӣ хост роҳҳои рафъи хатарҳои муосирро ҷӯянд.

Бояд қайд намуд, ки Тоҷикистон дар баробар ҳаллу фасли мушкилоти ҷаҳонӣ барои ҳарчӣ зудтар ба этидол овардани вазъ дар соҳаи тандурустӣ ва иқтисоди ҷаҳони тадбирҳои таърихнопазир андешад. Тамоми ҷаҳон худ дар шароити хатар қарор  дорад, боз ин хабарҳову маълумотҳои нодурустро Кабирӣ ташкил намуда истодааст. Ин рафтору кирдор Кабириро маҳкум менамоем.

Дар соли нави мелодии – 2021 ҳамаро ба ягонагӣ, ҳамдилӣ даъват менамоем ва барои  ҳифзи сулҳи пойдор, суботи оромӣ ва зиндагии осуда тайёр бошем.  Набояд  ба  душманони мардуми бонангу номуси тоҷик раҳм намоем. Мо ин амалҳои нодурусти онҳоро  намебахшем. Кабирӣ ба ҷои айбҷӯиву иғвоангезӣ, аз корҳои созандагиву бунёдкории мардуми тоҷик сухан кунад. Табрикоташ сари худашро хурад.

Атоева М.М. – н.и.ф., дотсенти

кафедраи забони русӣ ДДҲБСТ

You might also like