Муқоисаи ҳукумат бо ТЭТ ҲНИ хандаовар-ку!
Ба Бобоҷон Қаюмов, сухангӯи ТЭТ ҲНИ гуфтан ҷоиз аст, ки бояд то охири умраш дар хотир дошта бошад, ки танҳо давлату ҳукумати побарҷо ва дар тамоми самтҳо дастболо ва муваффақ соҳиби буҷаи давлат, дар ихтиёраш Артиши миллии тавоно ва мустаҳкам, ниҳодҳои бузург ва ғайраҳоро дошта метавонад, на ин ки як гурўҳи ночизи гуреза, ки ба Ватану миллати хеш хиёнат намуда, ба умеди хоҷагони хориҷии худ дар кишварҳои бегона дастнигар шуда умр ба сар мебарад.
Гуфта шудааст, ки муқоисаи ҳукумат бо мухолифон иштибоҳи бузург аст. Бале ин дуруст аст аммо мухолифин ба ҷуз аз фитнаву бўҳтон ва аз номи мардуми кишвар, ки дар осоиштаги зиндагӣ доранд баромад мекунад ва изҳор медорад, ки гўё ҳуқуқи озодиҳои онҳоро ҳимоя мекарда бошад. Ҳуқуқу озодиҳои мардуми шарифи Тоҷикистонро Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз менамояд на ин ки гурўҳ ё шахсони алоҳида.
Ба мухолифин бори дигар ёдрас кардан зарур аст, ки танҳо ҳукумат садҳо ниҳоди салоҳиятнок дорад, ки ҳама маоши онҳо аз ҳисоби буҷаи давлат, на инки ранги Шумо аз ҳисоби созмонҳои махсуси хориҷӣ таъмин мегарданд. Ба гурўҳи ғайриқонуӣ, ки дар кишварҳои бегона ба дасисабозиву иғвогариҳо машғул аст ба маош магар лоиқет ҳаргиз на!
Ташаббус ва иқдоми давлату Ҳукумат буд, ки шиддати бемории сироятии COVID-19 ро паст гардонид. Мухолифин чӣ тавоноӣ дорад, ки садди роҳи паҳншавии ин беморӣ шуда тавонад.
Аз тарафи созмонҳои беном, ки гўё Тоҷикистонро зери танқид қарор дода бошанд ёдрас мешаванд, вале бояд қайд намуд, ки сомонаҳои иҷтимоӣ барои бархе аз нохалафон мисли обу нон гаштааст ва ҳар чизе, ки хоҳанд дониставу надониста интишор мекунанд, ки ин амали ноҷавонмардона мебошад.
Бояд бигуем, ки фаъолияти мухолифон воқеиятҳои ҷомеаро ошкор намекунад, балки мардуми осоиштаро ба дасисабозиҳояшон ва бўхтонҳо нисбати давлату Ҳукумат ҳидоят карданӣ мешаванд. Аммо мардум ин кирдорҳои онҳоро базуддӣ дарк намудааст. Зеро онҳо дар кишвари озоду обод умр ба сар мебаранд. ТЭТ ҲНИ, ПМТ, Гурӯҳи 24, Анҷумани озодандешон ва дигарон ба хотири он гурўҳҳои экстремистӣ ва террористӣ эълоншудаанд,ки ҳадаф ва мароми онҳо бар зидди сиёсати давлату ҳукумат равона гардидааст, инчунин андешаву акидаҳояшон беш аз тундравӣ ва ғараз доштан дигар чизе нест.
Нисбати намояндагони ин ташкилотҳои диниву экстремистӣ, ки кирдорҳои ноҷавонмардонаро амалӣ намудаанд, давлат ба онҳо ҷазоҳои сазовор додааст ин мақсад хеле мувофиқ мебошад. Зеро хоинони Ватан барои мақсаду кирдорҳои хоинонаашон дар назди Худо, халқ ва қонун бояд ҷавоб гўянд. Табрикоти подарҳови Кабирӣ ягон мантиқ надорад. Ранги баромадҳои қаблиаш қолабӣ ва сохта ҳастанд. Кабирӣ аз сохтакорӣ ба ҳақиқатнигорӣ рӯй биоварӣ хубтар аст.
Мирзоев А.Н. – сармуаллими
кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ