Табрикоти ғаразнок

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, махсусан кӯдакону наврасон дар муассисаҳои томактабӣ, муассиаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои миёнаи касбӣ шурӯъ аз рӯзи 27-уми апрел то  10-уми майи соли 2020 муваққатан таътил эълон карда шуд.

Ҳамчунин тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус Covid-19 бо назардошти вазъияти мураккаби иқтисодию иҷтимоӣ дар ҷаҳон ва бо мақсади таҳкими амнияти озуқаворию таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти ватанӣ муваққатан аз ҳудуди ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар содирот кардани ҳамагуна маҳсулоти ғалладонагию лубиёгиҳо, аз қабили орду гандум, шолӣ, биринҷ, наск, нахӯду мош, тухми паранда, картошка ва ҳама намуди гӯшт манъ карда шуд.

Дар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус Covid-19, ҳамчунин дар тамоми қаламрави мамлакат муваққатан ташкил ва гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳои оммавӣ, аз қабили машварату ҳамоишҳо, чорабиниҳои варзишӣ, намоишҳои кино ва театр манъ карда шуд. Ҳамаи ин чорабиниҳо имконият дод, ки паҳншавии бемории коронавирус Covid-19   дар ҳудуди ҷумҳурӣ як қадар паст карда шавад.

Фарҳанг яке аз рукнҳои асосии  давлатдории ба шумор меравад ва дар ҳама замонҳо рисолати созандагии миллатҳову халқҳоро дорост. Ҷомеаҳое, ки такя ба фарҳанг доранд, дар арсаи ҳама талошҳо муваффақанд. Мо ин гуфтаро дар ҳаёти кишварҳои абарқудрати имрӯза дида метавонем, ки маҳз тӯли садсолаҳо бо гиромидошти фарҳанг ва тақвияти ҷабҳаҳои фарҳангӣ тавонистаанд, дар арсаҳои ҷаҳонӣ нуфузу эътибор пайдо кунанд. Имрӯз он кишвари абарқудратеро наметавон дарёфт, ки бидуни ҷилои фарҳанги аҷдодиву мулкии худ арзи ҳастӣ дошта бошад.  Боиси фараҳмандиву қаноатмандист, ки давлату ҳукумати кишварамон ин ҷиҳати ҳассосро ба хубӣ дарк кардааст. Алалхусус  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун як раҳнамои миллат бо қадрдонии фарҳанги миллату халқи худ дар роҳи эъмори як кишваре, ки метавонад бақои устувор дошта бошад, қадамҳои устувори худро гузоштааст. Пешвои миллатамон тавонист, ки мо – тоҷиконро чун соҳиби фарҳанги воло дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунад.  Дар аввалин рӯзҳои вазифаи пурмасъулияти роҳбарии давлатро ба дӯш гирифтан, ки Тоҷикистон дар ҳолати нобудӣ қарор дошт ва миллат парокандаву сарсон буд, ба ҳамватанони дар ғурбат қарордошта аз минбари баланди ВАО иброз дошта буд: «… Ба ватан биёед. Шуморо хонаву даратон интизор аст. Ба иғво дода нашавед. Ман ба шумо кӯҳи тилло ваъда намекунам. Танҳо инро мегӯям, ки агар як пора нон ҳам дошта бошем, онро бо ҳам мебинем». Мантиқи ин даъвати кӯтоҳ дар худ фарҳанги бузургеро нигоҳ медошт. Ин оҳанг аз фарҳанги инсондӯстонаи чандинсолаи машриқзамин бармеояд, ки саршори ҳикматҳои бузург аст.

Имрӯзҳо баъзе аз шахсиятҳое, ки фарсахҳо аз фарҳангу  маданияти одамгарӣ дур ҳастанд бо тамоми вуҷудашон  аз давлатҳои бегона истода мехоҳанд мардуми кишвари бофарҳангу бономусро иғво андозанд ва худ медонанд, ки ин кӯшишҳои беҳуда аст. Он шахсоне, ки иғвоангези мекунанд, ҳамон замоне, ки дар Тоҷикистон зиндаги мекарданд ва дар вазифаи масъул  фаъолият мебурданд кадом корҳои созандагӣ, ободкориро анҷом додаанд.

Муҳиддинов М. – н.и.б., дотсенти

кафедраи маркетинг-агробизнеси ДДҲБСТ

You might also like