Муборизаи босамар бо терроризм

Мафҳуми “терроризм” – аз калимаи лотини «terrorism» сарчашма гирифта маънои даҳшат, ваҳм, воҳима, хавф, офат, тарс ҳарос, бим, изтироб, таҳдид кардан ва дуғу пуписа карданро дорад.

Моҳияти терроризм – ин тарсонидан ва ба воҳима андохтани рақибони сиёсӣ ва дигар муқобилон мебошад. Хусусияти  асосии терроризм ин ба даҳшат овардан ва бесару сомон кардан, тарсонидан ва  ба роҳгуми бурдани тарафи муқобил мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бурдан бо терроризм ва ба ҷавобгарии ҷинои кашидани террористон ва ҷинояткорони хусусияти террористӣ дошта Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16.11.1999 сол қабул гардидааст. Дар қонуни мазкур дар моддаҳои 3 ва 4 мафҳумҳои асоси оварда шудаанд, ки дар он ба мафҳуми терроризм кушода дода шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол дар мубориза бо ифротгароӣ дар байни давлатҳои ҷаҳон мақоми махсусро касб намудааст. Моҳи майи соли ҷорӣ дар пойтахти Ватани азизамон шаҳри Душанбе Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузорӣ он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” доир гардид. Дар баромади худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз мавқеи Тоҷикистон дар мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатангез чунин иброз намуданд: “Пӯшида нест, ки дар шароити кунунӣ ягон давлати дунё наметавонад дар танҳои бо зуҳуроти хатарбори терроризм, ифротгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир мубориза бурда, муваффақ гардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризм ва маблағгузории он ҳамеша омадаи ҳамкорӣ бо ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор мебошад”.

Пас ҳар яки мо сокинону шаҳрвандони мамлакат бояд зери сиёсати давлату Ҳукумат сарҷамъ истода, баҳри пешгирӣ ва аз байн бурдани зуҳуротҳои номатлуби ҷомеа камари ҳиммат бубандем.

Ҷӯраев Ф. – н.и.и., дотсенти кафедраи

иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ

You might also like