Терроризм мазҳаб, дин, миллат, давлат ва сарҳад надорад

Терроризм зодаи сиёсати нодуруст ва ноодилонаи кишварҳои абарқудрат мебошад. Ноадолатӣ дар тақсимоти боигариҳои ҷаҳон байни мамолики пешрафта ва сустинкишоф, дар дохили ҳар як кишвар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа сабабҳое мебошанд, ки терроризмро ба майдон оварданд.

Беэҳтиромӣ нисбати арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ, динӣ ва анъанаву расму оинҳои хоси мамолики сусттараққӣ ва ақалиятҳои миллию динӣ сабаби дигари мағлубнапазирии терроризми байналхалқӣ боқӣ хохад монд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин гуфта буданд: “Имрўз ҳамагӣ аз панҷ як ҳиссаи инсоният 80 дар сади боигарии ҷаҳонро дар даст дорад. Агар дар охири асри ХIХ таносуб дар тақсимоти боигариҳои ҷаҳон байни мамолики тараққикарда ва сусттараққикарда ба сари аҳолӣ 9 бар як бошад, пас имрўз ин таносуб сад бар як аст”.

Аз ин нуқта хулоса баровардан мумкин аст, ки одамон новобаста аз хоҳиш ва иродаашон дар робита ва ҳамбастагӣ буда, ба сифати иштирокчии раванди сиёсӣ ва офаридгори сиёсат баромад менамоянд, ки ин дар натиҷа, бо содир намудани ягон амали номатлуб оварда мерасонад.

Мафҳуми терроризм дар маъниҳои гуногун истифода бурда мешавад. Ҷомеаи ҷаҳониро ҳамин падидаи манфӣ дар ҳавф мондааст. Терроризм – ин амали зўригарии ғайрилегалии муташаккил буда, бар зидди сохти сиёсӣ равона гардида, мақсади тарсонидан, ноумед кардани одамон ва ба худ муттаваҷҷеҳ гардонидани онҳо мебошад. Терроризм мазҳаб, дин, миллат, давлат ва сарҳад надорад. «Террор» аз калимаи лотинӣ – «нест ва нобуд кардани рақибони сиёсии худ мебошад».

Шахсе, ки дар омода сохтани кирдори терористӣ иштирок дорад, агар мақомоти давлатиро сари вақт огоҳ созад ё бо роҳи дигар содир гаштани кирдори террористиро пешгирӣ кунад ва агар дар ҳаракатҳои ин шахс дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

Терроризм зуҳуроти вазнин ва хатарноки замони хозира мебошад, ки оқибати бештари молию ҷонӣ оварда мерасонад ва дар байни одамон кинаву адоват, душманиро кишт менамояд.

Пешвои миллат дар баромадҳояшон аз минбари баланди созмонҳои ҷаҳонӣ таъкид мекунанд, ки террорист ва экстремисти миллату дин ва мазҳабу Ватан надорад.

Қаюмов Ф. – н.и.и., дотсент,

мудири кафедраи иқтисодиёти

корхонаҳо ва соҳибкории ДДҲБСТ

You might also like