Густариши ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ
Тайи солҳои охир ҳамкориҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишварҳои хориҷиии дуру наздик ва ташкилотҳои байналмилалӣ густариш меёбад. Миёни ДДХБСТ ва Идораи лоиҳаи «PEM Consulting» аз номи лоиҳаи «GIZ TRIGGER II» – «Start-up Promotion» («Пешбурди стартап ва соҳибкорӣ») ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ ба имзо расида буд. Ёддошти тафоҳум аз тарафи ректори ДДХБСТ профессор Муъмин Шарифзода ва менеҷери лоиҳаи GIZ “TRIGGER II” Юргенс Буркс имзо шудааст. Дар доири санади мазкур самтҳои асосӣ ва ҳадафҳои шарикӣ муайян гардида буданд. Ёддошти тафоҳум ба таъсис ва дастгирии хизматрасониҳои маҷмӯӣ ба стартапҳо, инчунин татбиқи барномаи «GIZ TRIGGER II» – «Start-up Promotion», ки фарҳанги стартапро дар кишвари мо рушд медиҳад, нигаронида шудааст.
Дирӯз роҳбарияти донишгоҳ бо роҳбарон ва намояндагони лоиҳаи мазкур мулоқоти онлайнӣ доир намуданд. Дар мулоқоти онлайнӣ беш аз 100 нафар ширкат варзиданд.
Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода иброз кард, ки мо умедворем, ки баргузории мулоқоти онлайнии имрўза ба ҳамкориҳои дуҷонибаи мо дар самти илмию техникӣ ва инноватсионӣ густариш мебахшад ва самараҳои дилхоҳ меорад. Имрўзҳо Донишгоҳ бо 68 муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишварҳои хориҷи дуру наздик созишномаҳои гуногун бастааст. Дар донишгоҳ 5 лоиҳаҳои дарозмуддати Иттиҳоди Аврупо – Эразмус Мундус, Темпус ва Эразмус+ амалӣ гардонида шудаанд.Ҳамзамон дар доираи амалӣ кардани лоиҳаҳо донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷоиҳои якумро сазовор гардиддаанд, иброз кард сарвари донишгоҳ.
Қайд шуд, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар амалигардии барномаҳои давлатӣ мисли солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” имконияти мусоид фароҳам меоварад. Ҳамчунин, лоиҳаҳо имкон медиҳад, ки донишҷӯён фаъолияти соҳибкориро омӯзанд ва донишҳои назариявиашонро дар амал тадбиқ намоянд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа
