Ахбор.ком сари худашро хӯрд

Санаи 15 ноябри соли равон Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи Прокурори генералии Тоҷикистонро оид ба ташкилоти террористӣ эътироф намудани “Паймони миллии Тоҷикистон” ва манъ намудани фаъолияти 40 сомонаҳои ифротгарое, ки ба ташкилоти мазкур ва Ҳизби ифротии наҳзату  “Гурӯҳи 24” шомил мебошанд, қонеъ гардонид.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ин гуна манъкунӣ асоси қонунӣ дошта, мақсади он ҳифзи амнияти иттилоотии шаҳрвандон мебошад ва ин амал дасисабозиҳои ТЭТ ҲНИ-ро пешгирӣ менамояд. Ташкилоти террористӣ ва экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ бо тамоми дору дастгоҳаш алайҳи ҷомеа, давлати миллӣ ва сохти конститутсионии кишвар камар бастааст. Аз таъсиси сомонаи тахрибкор ва фитнапарокани мисли “Ахбор.ком”, маротибае нашудааст, ки миллат ва давлати Тоҷикистон мавриди дасиса, иттиҳомоти подарҳаво ва иғвоангезӣ қарор нагиранд.

Акнун вақти он расидааст ҳамагон бидонанд, душмани воқеии миллат ва давлати мардумсолор ва миллии мо кист. Тӯдаи наҳзатиҳои дар Аврупо қарордошта ва сомонаҳояшон “Ислоҳ.нет”, “Паём.нет”, “Востокнюз”, “Ахбор.ком”, “Кимиёи Саодат”, “Зиндониён”, “Наҳзат.орг” мебошанд. Онҳо бо истифода аз ин расонаҳои экстремистиашон худро гоҳе демократхоҳ ва ҷонибдори давлати миллӣ метарошанду гоҳе мусулмону динсолор. Аммо ин хурофотпарастон ва динбезорон арзишҳои на миллӣ ва на диниро ҳеҷ эҳтиром қоил нестанд.

Мирзо Салимпур роҳбари сомонаи ифротии Ахбор.ком аст. «Фейк»-ҳои муосир воситаи муҳими гурӯҳҳои ифротӣ барои ғалаба кардан дар ҷанги иттилоотӣ мебошанд. Дар ҷанг ҳамаи воситаҳо қобили қабул ҳастанд, ҳамчунин агар ин ҷанг иттилоотӣ аст. Бе хароҷоти зиёди рӯҳӣ ва малакаҳои рӯзноманигорӣ, шумо метавонед ба ҳарифи худ лойи лафзӣ партоед. Бесабаб нест, ки фазои маҷозии интернетро ҷӯйбори ҷаҳонӣ меноманд. Барои дар инҷо пайдо кардани маълумоти  воқеӣ, объективӣ ва пурарзиш, спамҳои бефоида, кӯҳҳои партовҳои иттилоотӣ, “садои сафед” -ро бояд тоза кард. Барои он ки ба ҷараёни дурӯғҳо, овозаҳо, тахминҳо, ғайбатҳо, ки ТЭТ ҲНИ бо либоси лафзии “псевдо-ватандӯстӣ” пӯшидааст, ғарқ нашавем бояд иммунитети қавӣ ба ифлосӣ, пешниҳодпазирӣ ва ҳамаҷониба дошта бошем. “Аkhbor.com” дар қатори дигар афроди иттилоотии ТЭТ ҲНИ, ба манфиати молик хидмат мекунад. Мақолаҳо зери сарлавҳаҳои иғвоангези “дурахшон” нашр карда мешаванд, ки бо тахаллус ва номҳои дурӯғона сохта шудаанд ё умуман номнавис карда нашудаанд.

Феълан ба ҳамагон маълум аст, ки Мирзои Салимпур бо дигар чоплусон ва ҳаммаслаконаш мисли Муҳаммадиқболи Садриддин бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ҷавононро гумроҳ намоянд. Чӣ хеле ки рӯзи 20 ноябр мо шоҳиди боз як иғвои сомонаи “Ислоҳ.нет” гаштем, поягузорони ин сомонаҳо бо ҳамин тарз то дами маргашон шаҳрвандони Тоҷикистонро гумроҳ месозанд. Дар сомонаи мазкур ректори донишгоҳи мо Шарифзода М.М. ва мудири бахши фосилавӣ Ҳомитов Д.Ш. бадном карда шуда, барои ин гуфтаҳои пуч ягон далел оварда нашудаааст.

Чунин амали муассисони “Isloh.net” боварии мардумро ба шахсони мазкур коста гардонида, дар дили мардум ангезаи кинаю адоватро бедор месозад. Мутобиқи моддаи 189 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин амал бо таҳдиди татбиқи ҷазо манъ карда мешавад. Бинобар ин, қатъ намудани фаъолияти сомонаҳои ифротӣ ба монанди “Аkhbor.com” ва “Isloh.net” барои пешгирии ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ муҳим арзёбӣ карда мешавад.

Рауфов М.М. – ассистенти кафедраи

назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ

You might also like