Изҳорот кафедраи забони англисӣ оид ба амалҳои иғвогаронаи созмони ифротии “Гурӯҳи 24”

Баъди ба имзо расидани созишномаи сулҳ Тоҷикистони соҳибистиқлол ба маҷрои созандагиву бунёдкорӣ дохил шуд. Дар тӯли 21 соли ваҳдати миллӣ давлати мо ба дастовардҳои бузурги иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ ноил гашта, обрӯву эътибори худро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд намуд. Лек ин ҳама муваффақиятҳои миллати тоҷикро баъзе гуруҳҳои мухолиф нодида мегиранд. Аз ҷумлаи он созмони “Гуруҳи 24” ба ҳисоб меравад. Созмони мазкур аз хориҷи мамлакат истода ҳар гуна хабарҳои иғворонаро паҳн намуда, бо ин роҳ мехоҳанд дар Тоҷикистон низоъ барангезанд. Аз ҷумла дар навори тарғиботии худ, ки бахшида ба даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи мамлакат нашр кардаанд бо зери чунин ном “Муборизаи мо то ба охир давом мекунад” омадааст. Ин турфа хоинони миллат бо роҳбарии Нуриддин Ризоӣ худро инқилобгар унвон карда, хитоби худро ба ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон расонидани мешаванд. Онҳо ҷӯр мезананд, ки аз маркази Аврупо истода бар муқобили давлату миллат кор мекунанд ва назди аврупоиён давлати худро шарманда мегардонанд. Зеро дар Тоҷикистон ба дунё омада, нону намак ва обу ҳавои онро истофода бурдаанду лек имрӯз бар муқобили давлату Ватани худ санг мезананд ин кӯрнамакӣ аст. Амали онҳо хоинӣ ва ватанфурушӣ аст.

Мо аҳли зиёи ҷомеа, омӯзгорону устодон бо як нидо иброз медорем, ки роҳбарият ва аъзоёни бесаводи созмони “Гуруҳи 24” рӯзе дар назди қонуни давлат ба мисли Эшони Қиёмиддини Ғозӣ барои амалҳои ҷинояткоронаи худ ҷавоб мегӯянд.

Аҳли устодони кафедраи забони англисии ДДҲБСТ

You might also like