Фаъолияти хоинонаи Кабирӣ
Бояд қайд кард, ки Муҳиддин Кабирӣ – раиси Паймони миллии Тоҷикистон то имрӯз нисбати давлати мо ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисси бадбинӣ дорад.
Ӯ мехоҳад бо гапҳои бардурӯғ халқи тоҷикро зидди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати пешгирифтаи он кас равона кунад. Кабирӣ мақсад ва ниятҳои нопок дорад, ӯ мехоҳад худаш ба сари ҳокимият омада, онро сарварӣ намояд. Мо, халқи тоҷик бо хоҳиш ва иродаи худ сарвари давлат Э.Раҳмонро интихоб кардем ва сиёсати пешгирифтаи он касро дастгирӣ менамоем. Мо ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон боварии комил дорем, зеро маҳз бо ташаббуси он кас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳ пойдор аст.
Аз таърихи навини тоҷикон ҳар як фарди тоҷик хуб огаҳӣ дорад, ки солҳои 90 – ум баъди пош хӯрдани Иттиҳодияи Шӯравӣ Тоҷикистон дар кадом ҳолат қарор дошт. Дар ҳамон давраҳо Муҳиддин Кабирӣ дар куҷо буд? Агар нисбати мардуми тоҷик бетараф намебуд, дар ҳамон лаҳзаҳои душворӣ ёрии худро мерасонид. Аз ин ҷо савол ба миён меояд, ки барои чӣ имрӯз Муҳиддин Кабирӣ нисбати мардуми тоҷик бо суханҳои дурӯғаш ғамхории худро изҳор карда истодааст. Агар ғамхор мебуд, маълумотҳои бардурӯғи фитнаангезро аз давлати хориҷа истода паҳн намекард ва барои пешравии Тоҷикистон саҳмгузор мешуд. Ӯ бо дигар давлатҳои хориҷа якҷоя амал карда ба давлати худ хиёнат карда истодааст.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз Кабирӣ ва кабирибаринҳо оҷиз нест, он кас сарвари хирадманд, сулҳпарвар, адолатхоҳ ва ғамхори мардуми тоҷиканд. Мо, халқи тоҷик шукр аз он мекунем, ки чунин сарвар дорем.
Барои чӣ давлати хориҷа ба Муҳиддин Кабирӣ паноҳгоҳи сиёсӣ додааст, зеро ӯ хоини кишвар аст ва ӯ бояд аз давлати хориҷа ба Тоҷикистон баргардонида шавад ва дар асоси қонуни ҷиноятии амалкунандаи кишвар таҳти ҷавобгарии ҷиноятӣ қарор дода шавад. Бояд пеши роҳи хиёнаткори давлат Муҳиддин Кабирӣ гирифта шавад, зеро ӯ бо гапҳои бардурӯғаш обрӯю нуфузи миллати тоҷикро дар арсаи байналмиллалӣ паст карда истодааст.
Бобоҷонова М.М. – сармуалимаи
кафедраи забони англисии ДДҲБСТ