Хизматҳои арзандаи Президенти кишвар
Солҳои сипаригардидаи давраи баъди соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ёд оварда пешравӣ ва бохтҳои ҷойдоштаро андеша мекунем. Албатта хуб мешуд, агар ин хел шавад ва ё дигар хел гардад гўён мақсадҳои боз ҳам баландтар ва бузургтарро ишора намудан мумкин аст. Вале на ҳама вақт имкониятҳо бо хоҳиши шахс рост меояд.
Муҳаммадиқболи Садриддин яке аз шогирдони Кабирӣ дар маколаи худ ба ном «Аз гумоштагӣ то ба пешвоӣ, ҳафт хиёнати бузург», ҳафт ҳолатро номбар намуда истодааст, ки гўё Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати худ хиёнат намуда бошад. Албатта аз хондани ин маводи нангин ва бўҳтонӣ ба назари хонанда маҳз ана ҳамон солҳое, ки мо баъди давраи пайдо намудани истиқлолият паси сар намудем ҷилвагар мешавад. Натиҷаҳои ноилгардидаи кишвар дар самтҳои гуногуни иқтисодиёт, сиёсат, илму фарҳанг, варзишу кишоварзӣ ва ғ. шоистаи қайд ва баҳодиҳии мусбӣ мебошад. Агар, ба гуфти ин шахси беимон Эмомалӣ Раҳмон хоини давлат бошад, чунин натиҷаҳо ба даст меомаданд.Дар арсаи ҷаҳонӣ моро ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд эътироф намуданд ва хизматҳои Сарвари кишварро қадрдонӣ намудаанд. Ҷумхурии сохибистиқлоли Точикистон дар зарфи қариб 30 соли Истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои беназири таърихӣ соҳиб гашт, ки ҳамаи ин комёбиҳо тавассути рохбарии хирадмандонаи Президенти мамлакат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.
Хизматҳои софдилона ва фидокоронаи Сарвари давлат чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар эътироф гардидаанд. Барои саҳми бебаҳо ва густариши чомеаи умумибашарӣ ӯ ба гирифтани “Ситораи тиллои”и Алберт Швейтсер ва унвони фахрии Профессори Академияи умумичаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ мушарраф гаштааст. Соли 2005 дар арафаи ҷашни Ваҳдат Сарвари давлат сазовори ҷоизаи Олӣ медали тиллоии «Барои сулҳ ва ризоияти байни халқҳо» – и Федератсияи байналмилалии сулҳ гардид.
Ҳамзамон, Чаноби Оли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои гуногун барои хизматҳояш бо ордени алмосдори «Ситораи сарпараст», ҷоизаи олии ҷамъиятии Бунёди байналмилалии хайрияи «Сарпарастони аср», ордени «Қаҳрамони миллии Афғонистон – Аҳмадшоҳи Масъуд», нишони фахрии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, медали тиллоии арҷгузорӣ ба Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ – и ЮНЕСКО, ордени тиллоии Эҳёи Роҳи Абрешим ва дигар ҷоизаву мукофотҳо сарфароз гардонида шудааст.
Дар охир бояд ҳаминро қайд кард, ки маҳз тавассути талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз фоҷиаи миллӣ – ҷанги шаҳрвандӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.
Он сару садоҳои беасосе, ки душманони миллат аз шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн менамоянд ягон асос надорад ва ин ҳама ранги сад меаккаду корвон меравад аст.
Солиев И.М. – н.и.ҳ., дотсент мудири кафедраи
ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурори ДДҲБСТ