Қаллоб ва фиребгарии Ислоҳ.нет
Якчанд шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза дар бораи ҷинояти рухдода ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, ки ин ҳам бошад боз ҳам ба доми фирефтагон афтодани шаҳрвандони соддаву зудбовари кишвар аз домҳои наҳзатиҳост, аз лиҳози ҳаммаслакони Муҳитдин Кабирӣ.
Қаллоб ва фиребгар бо номи Садуридинов Муҳаммадиқбол Қаландарович, санаи таваллудаш 15 майи соли 1978, зодаи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон мебошад. Нақшаи кашидаи ин гуруҳи нохалаф барои амалӣ гардидани кирдорҳои оппозитсионии худ ва моил кардани ҷавонону шахсони гуногун бо фиреби ҳавасмандгардонии маблағҳои муфти бадастовардашуда мебошанд, ки маҳз ҷабрдидагони тоҷик бо роҳи макру фиреб, ва даромадан ба бовари онҳо мебошад, гувоҳӣ дода истодааст. Ана ин гуна амалҳои ҷинояткоронаи гуруҳҳои пасипардагии ифротиву наҳзатӣ баъди солҳо ошкор шуда истодаанд, мардумро бо ҳар гуна баҳонаҳо ҳавасманд гардонида, маблағҳои бо роҳи ҷиноят ба дастовардашудаи онҳо кушода ҳам шуда истодаанд. Ин амалҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки бо чӣ гуна роҳҳо онҳо маблағҳои муфтро ба даст меоранд ва барои ба даст овардани яроқу аслиҳа, шароити мусоид фароҳам овардани ташкили ҳар гуна гуруҳҳои ифротӣ, таъмин кардани ин гуруҳҳо бо маблағҳои пулӣ муайян шуда истодаанд.
Шаҳрвандоне, ки маблағҳои гарони худро ба ин қаллоб пешниҳод кардаанд, ки аз он фоида ба даст меоранд, гумони онем онҳо ягона ҷабрдидагон ба ҳисоб нарафта, шояд ба монанди онҳо кирдорҳои қаллобонаи оппозитсионерӣ «латентӣ» боқӣ монданашон мумкин аст. Барои маҳз ин ҷиноят саривақт кушода шуданаш Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашрияи «Садои мардум» аз 24 октябри соли 2020 №131 (4237) ва паҳн кардани ин маълумот дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки хусусияти саривақт ошкор ва бартараф намудани ҷиноятро доранд, инчунин ҳолатҳои пешгирикунандаро низ дар бар мегиранд, ба омма пешниҳод шудааст.
Қаллобе, ки дар ҷустуҷў қарор дода шудааст, бо воситаи ҳамкориҳои байналмилалии воҳидҳои оперативӣ – ҷустуҷўӣ ҷои буду бошаш муайян ва ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Ба ин мисол шуда метавонад ҷустуҷуӣ шахс тавассути ин воҳидҳо ба воситаи Сармаркази иттилоотӣ – таҳлилии ВКД ҶТ ва Муассисаи федералии давлатии буҷавии Сармаркази иттилоотӣ – таҳлилии ВКД ФР ба амал бароварда мешавад. Ин намуди ҷустуҷўи ҷинояткорон дар асоси «Дастурамали тартиби ягонаи ҷустуҷўи байнидавлатии шахсон», ки аз тарафи Шўрои Вазирони корҳои дохилии ИДМ 21 апрели соли 2006 қабул шудааст, гузаронида мешавад. Мақомоти байнидавлатӣ, ки ҷустуҷўӣ чунин ҷинояткоронро ба амал мебарорад ва дороӣ бонки мутамарказ оиди ҷиноятҳои муташаккил мебошад, ин Бюрои хамохангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ИДМ (БКБОП СНГ) ба ҳисоб меравад. Зеро шахсе, ки ҷиноятӣ қаллобиро содир кардааст мутобиқи моддаи 247 КҶ ҶТ он шахсе ба ҳисоб меравад, ки тасарруфи молу мулкии ғайр ё ҳуқуқ ба молу мулки ғайрро бо роҳи фиреб ё ба тариқи сўиистифодаи боварӣ ба даст овардааст, ба ҳисоб меравад, ки ҳатман бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад.
Кабирзода Г.Қ. – ассистенти кафедраи
ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурори ДДҲБСТ