Аз дастовардҳои донишгоҳ душманон чашми ҳасад доранд!
Маводи дар сомонаи итилоотии “Ислоҳ.нет” таҳти унвони «Донишҷўёни Хуҷандӣ: «аз мо нигареду ба Авангард надиҳед» ҷойгиршударо хонда шахс ба тааҷҷуб меафтад. Бояд қайд намуд, ки аз ибтидои фаъолияти худ ба ҳайси ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисод, профессор Шарифзода М.М. корҳои назаррасро ба сомон расониданд. Аз ҷумла, ғанӣ гардонидани базаи моддӣ – техникии донишгоҳ, ба истифода супоридани толори варзиш, сохтмони бинои нави факултет, баланд бардоштани музди меҳнати устодону кормандони донишгоҳ, тақвияти робитаҳои байналхалқӣ ва ғайраҳо. Дар натиҷаи ба таври оқилона ба роҳ мондани сиёсати молиявию иқтисодӣ донишгоҳ аз ҳолати ноустувори молиявӣ баромада, айни замон ба сатҳи сифатан нави фаъолияти худ гузаштааст.
Таҳсилоти фосилавӣ ин талаби замон аст. Ин нуқтаро худи сарвари мамлакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ҳангоми Ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуда, иброз доштанд, ки имрўзҳо вақти он расидааст, ки ба усули анъанавии таҳсили ғоибона хотима бахшида, таҳсилоти фосилавӣ ба роҳ монда шавад.
Таҳсил дар низоми фосилавӣ хусусиятҳои худро дошта, аз донишҷў пайваста омўхтани маводҳои таълимӣ ва такмил додани дониши худро талаб менамояд.
Гапҳое, ки дар маводи сомонаи ифротии “Ислоҳ.нет” ва шабакаи иҷтимоӣ оварда шудааст, ягон асосе надорад. Ҳамаи музаффарияту дастовардҳои донишгоҳ самараи фаъолияти роҳбарияти олии давлату ҳукумат, донишгоҳ ва омӯзгорону устодон аст.
Саидҷонов С.Ш. – сармуаллими кафедраи
баҳисобгирии бухгалтери ДДҲБСТ